×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 № 194 "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 01.07.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1269 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 377, аз 22.07.2013 № 1000)

Қонуни мазкур тартиби гузаронидани санҷишҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор ва шахсони мансабдори мақомоти санҷишро муқаррар намуда, барои ҳифз намудани фаъолияти онҳо аз дахолати ғайриқонунӣ равона гардидааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Доираи татбиқи Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба ташкил ва гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мақомоти санҷиш танзим менамояд.

2. Қонуни мазкур нисбати санҷишҳое, ки аз тарафи мақомоти зерин гузаронида мешаванд, татбиқ намегардад:

"Бонки миллии Тоҷикистон оид ба фаъолияти бонкҳо ва муассисаҳои ғайрибонкии молиявӣ:

-мақомоти иҷрокунандаи фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ;

-мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ва судҳо;

-мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои доимӣ ва сайёр бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;

-мақомоти андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 377);

- Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1000)

-мақомоте, ки дар нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд;

-мақомоте, ки муоинаи нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдории молҳоро барои мутобиқати онҳо ба стандартҳо ва талаботи қонунгузорӣ ба амал мебароранд.

3. Санҷишҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинигардида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

4. Ҷараёни гузаронидани санҷишҳо фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро бознамедорад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- санҷиш- шакли фаъолияти назоратӣ, ки таҳти мафҳуми он амалҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷиш оид ба таъмини риоя ва иҷро гардидани талаботу шартҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, ошкор ва рафъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирӣ кардани онҳо ва истифодаи муҷозот фаҳмида мешаванд. Боздиди расмии шахси мансабдори мақомоти санҷиш бо мақсади гузаронидани назорати давлатӣ ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор санҷиш ҳисобида мешавад;

- субъектҳои хоҷагидор- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебароранд;

- мақомоти санҷиш- мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми 1 моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд ва барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд;

- дафтари бақайдгирии санҷишҳо- дафтари бақайдгирии санҷишҳои субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 8 ҳамин Қонун оид ба ҳар як санҷиши гузаронидашудаи фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ворид карда мешавад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти санҷиш оид ба гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Мақоми санҷиш дар асоси ҳамин Қонун қоидаҳои гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд, ки бояд меъёрҳои зеринро дар бар гирад:

- асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷишҳо аз тарафи мақомоти санҷиш;

- ваколатҳои шахсони мансабдори мақоми санҷиш;

- тартиби банақшагирӣ ва гузаронидани санҷишҳо;

- тақсими ваколатҳо оид ба қабули қарор аз натиҷаи санҷишҳо;

- услуби тартибдиҳии санади санҷиш ва қабули қарор ҳангоми бастани ҷаримаи маъмурӣ;

- тартиби ҳисоб ва ситонидани ҷарима;

- расмиёти баррасии дохилӣ идоравии шикояти субъектҳои хоҷагидор;

- расмиёти мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии амалҳо бо дигар мақомоти санҷиш.

2. Ба гузаронидани ҳар гуна санҷиш дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои хусусияти умумиҳатмии мақомоти санҷиш, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор нагардидаанд, роҳ дода намешавад.

Моддаи 5. Мақсади санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсади санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъмини риояи шартҳо ва талаботи қонунҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мебошад.

Моддаи 6. Принсипҳои асосии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Принсипҳои асосии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

-қонунӣ будан, беғаразӣ ва ошкорбаёнӣ дар фаъолияти мақомоти санҷиш;

-пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо;

-поквиҷдонии шахсони мансабдори мақомоти санҷиш ва субъекти хоҷагидор;

-ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидор;

-шартҳо ва талаботҳои ҳатмии санҷиш танҳо тибқи муқаррароти қонунҳо;

-роҳ надодани дахолат ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки ба мавзӯи санҷиш вобастагӣ надоранд;

-даврияти гузаронидани санҷиш;

-роҳ надодан ба гузаронидани санҷиши такрории як мавзӯъ аз ҷониби ду ва бештар мақомоти санҷиш;

-огоҳкунии ҳатмии субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мақомоти санҷиш дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шартҳо ва талаботи ҳатмиро пешбинӣ менамояд, ки риоя ва иҷрои онҳо бояд санҷида шавад;

-ошкоро ва дастрас будани иттилоот оид ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

-гузаронидани санҷишҳо тибқи Қонуни мазкур танҳо дар ҳудуди фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

-санҷишҳо аз ҳисоби маблағҳое, ки дар сметаи хароҷоти мақомоти санҷиш пешбинӣ шудаанд, гузаронида мешавад.

Моддаи 7. Мавзӯи санҷишҳо ва номгӯи мақомоти ваколатдори давлатие, ки санҷиш мегузаронанд

1. Мавзӯи гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва мақомоти ваколатдори давлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни мазкур санҷиш мегузаронад, инҳо мебошанд:

-оид ба ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал- мақомоти ваколатдор дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал;

-оид ба соҳаи сохтмон ва меъморӣ, истеҳсоли масолеҳ, маснуот ва таркиби сохтмонӣ- мақомоти ваколатдор дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ;

-оид ба бехатарии пешбурди корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣмақомоти ваколатдори соҳаи назорати кӯҳкорӣ ва бехатарии корҳо дар саноат:

-дар соҳаи телевизион ва радио- мақомоти ваколатдори соҳаи телевизион ва радио;

-дар соҳаи рақобат ва маҳдудсозии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол, инҳисориҳои табиӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва фаъолияти рекламавӣ- мақомоти ваколатдор дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;

-оид ба иҷрои чорабиниҳои пешгирӣ аз сӯхтор ва бехатарӣ аз сӯхтор- мақомоти ваколатдори назорати сӯхтор;

-оид ба истеҳсол, ҳосил намудан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин дигар амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо- мақомоти ваколатдори назорати давлатии иёр;

-оид ба истифодаи оқилона ва самараноки қувваи барқу гармӣ, сифати қувваи барқи таҳвилшаванда, ҳолати баҳисобгирии истеҳсол ва истеъмоли қувваи барқу гармӣ, тартиби тасдиқ ва тақсими меъёрҳои истеъмоли қувваи барқу гармӣ, ҳолати техникии нерӯгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқию гармӣ, низоми истеъмоли қувваи барқу гармӣ, доир намудани чорабиниҳои таъминкунандаи хизматрасонии бехатари дастгоҳҳои барқӣ ва истифодабарандаи гармӣ- мақомоти ваколатдори назорати энергетикӣ;

-оид ба сифати расонидани ёрии тиббӣ аз тарафи шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул мебошанд- мақомоти ваколатдор дар соҳаи тандурустӣ;

-оид ба риояи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ- мақомоти ваколатдори назорати санитарию эпидемиологӣ;

-оид ба стандартизатсия, сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ, метрология ва таъмини ягонагии ченакҳо- мақомоти ваколатдор дар соҳаи стандартизатсиякунонӣ, метрология, сертификаткунонӣ;

-дар соҳаи байторӣ- мақомоти ваколатдори гузаронандаи назорати байторӣ;

-оид ба тухмипарварӣ- мақомоти ваколатдор дар соҳаи тухмипарварӣ;

-оид ба карантини растаниҳо- мақомоти ваколатдор дар соҳаи карантини растаниҳо;

-оид ба ҳифзи меҳнат дар ҷараёни истеҳсолот- мақомоти ваколатдор дар соҳаи ҳифзи меҳнат;

-оид ба зотпарварӣ дар чорводорӣ ва паррандапарварӣ- мақомоти ваколатдор дар соҳаи зотпарварӣ;

-дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳ- мақомоти ваколатдор дар соҳаи нақлиёт;

-оид ба истифодаи каналҳо ва хатҳои басомад, тавсифи техникӣ ва истифодабарии радиосигналҳои паҳншаванда- мақомоти ваколатдор дар соҳаи алоқа;

-оид ба гирифтан, гузаронидан ё истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ, қарзҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ваколати ӯ ҷалбшаванда аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии ғайридавлатӣ - мақомоти ваколатдори гузаронандаи назорати давлатии молиявӣ;

-оид ба истифодаи техникаи соҳаи кишоварзӣ- мақомоти ваколатдор дар соҳаи истифодаи техникаи соҳаи кишоварзӣ;

-оид ба иҷозатномадиҳӣ- мақомоти иҷозатномадиҳанда;

-оид ба моликият ва идоракунии моликияти давлатӣ- мақомоти ваколатдори идораи амволи давлатӣ.

2. Санҷиши фаъолияти намояндагиҳо ва бахшҳои шахсони ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун дар доираи анҷом додани санҷиши фаъолияти худи шахси ҳуқуқӣ гузаронида мешавад.

3. Мавзӯи санҷиши як мақомоти санҷишӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, наметавонад аз тарафи мақомоти дигари санҷишӣ такрор карда шавад.

4. Тағйир додани мавзӯи санҷишҳо ва номгӯи мақомоти давлатие, ки барои анҷомдиҳии санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор гардидаанд, танҳо бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин Қонун имконпазир мебошад.

Моддаи 8. Дафтари бақайдгирии санҷишҳо

1. Субъектҳои хоҷагидор вазифадоранд, ки ҳар як санҷишро дар Дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайди хаттӣ намоянд.

2. Баъди ба субъектҳои хоҷагидор супурдани қарор оид ба гузаронидани санҷиш ҳар як шахси мансабдори мақомоти санҷиш ӯҳдадор аст дар Дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумотҳои зеринро бо имзои худ қайд намояд:

- фамилия, ном, номи падар, рақами шаҳодатнома (аз ҷумла шаҳодатномаи махсус), номи мақомоте, ки шаҳодатномаро додааст, мӯҳлати эътибори шаҳодатнома;

- дар вақти иштироки мутахассиси даъватшуда дар гузаронидани санҷиш- фамилия, ном, номи падари вай, инчунин рақами шаҳодатномаи хидматӣ, номи ташкилоте, ки намояндаи он мебошад ва дар сурати мустақил будани мутахассис, рақами шаҳодатномаи шахсӣ ва агар тибқи Қонун фаъолияти мутахассиси даъватшуда бояд иҷозатнома дошта бошад, рақами иҷозатнома, номи мақомоте, ки иҷозатномаро додааст ва мӯҳлати эътибори иҷозатнома;

- асос барои санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, сана ва вақти оғози санҷиш;

- мавзӯъ ва мақсади санҷиш.

3. Роҳбари субъекти хоҷагидор ӯҳдадор аст, ки дар Дафтари бақайдгирии санҷишҳо инҳоро зикр намояд:

- сана ва вақти анҷоми санҷишҳо;

- ҳангоми ошкор гардидани вайронкунии шартҳо ва талаботи қонунҳо, тадбирҳое, ки аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти санҷиш нисбати субъекти хоҷагидор андешида шудаанд;

- мулоҳизоти худ дар шакли "Розиам", "Розӣ нестам", "Бо эродҳо розиам".

4. Шахси мансабдори мақомоти санҷиш барои саркашӣ аз ворид намудани маълумот оид ба санҷиши гузаронидаистода дар Дафтари бақайдгирии санҷишҳо масъулияти муқаррарнамудаи қонунро ба дӯш дорад.

5. Дар сурати Дафтари бақайдгирии санҷишҳоро надоштани субъектҳои хоҷагидор шахси мансабдори мақомоти санҷиш дар санади санҷиш сабтҳои дахлдор ворид менамояд.

6. Дафтари бақайдгирии санҷишҳо аз тарафи субъекти хоҷагидор тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

7. Мақомот оид ба дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҳлили сабтҳои ба Дафтари бақайдгирии санҷишҳо воридгардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод менамояд.

БОБИ 2. РАСМИЁТИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР

Моддаи 9. Асос барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Асос барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор қарори мутобиқи қонун қабулнамудаи мақомоти санҷиш оид ба гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор мебошад.

2. Қарор оид ба гузаронидани санҷиш бояд маълумоти зеринро дошта бошад:

-сана ва рақами бақайдгирии қарор дар мақомоти санҷиш;

-номи мақомоте, ки оид ба гузаронидани санҷиш қарор қабул намудааст;

-номи пурраи шахси ҳуқуқии санҷидашаванда ё фамилия, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ;

-мавзӯъ ва мақсади санҷиш;

-мансаб, фамилия, ном, номи падари шахсони санҷишкунанда;

-сана ва давомнокии гузаронидани санҷиш;

-давраи санҷидашаванда;

-имзои роҳбари мақомоти санҷиш;

-мӯҳри мақомоти санҷиш.

3. Дар қарор оид ба гузаронидани санҷиши мутақобила инчунин бояд маълумотҳои зерин низ нишон дода шаванд:

-номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ё фамилия ва номи шахси воқеие, ки нисбати ӯ санҷиши асосӣ гузаронида мешавад;

-амалиёти мушаххас, ки бо санҷиши асосӣ вобаста аст ва дурустии онҳо бояд дар ҳуҷҷатҳо муайян карда шавад.

Моддаи 10. Даврияти санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

1. Ҳар як мақомоти санҷиш, санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидорро на зиёдтар аз як маротиба дар ду сол анҷом медиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда ва қисмҳои 1,2 ва 3 моддаи 15 ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд.

2. Барои объектҳои сатҳи хавфнокиашон баланд дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад давраи дигари гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор муқаррар гардад, ки тибқи он санҷиш метавонад зиёдтар аз як маротиба дар ду сол, аммо на бештар аз як маротиба дар шаш моҳ гузаронида шавад. Қонуне, ки чунин даврияти гузаронидани санҷишро пешбинӣ менамояд, бояд дараҷаи мушаххаси объектҳои санҷидашавандаро вобаста аз сатҳи хавфнокии онҳо барои ҳаёт ва саломатии аҳолӣ муайян намояд.

Дар асоси дараҷаҳои мушаххас ҳар як мақомоти санҷиш Номгӯи объектҳои хавфнокиашон баландро, ки на бояд аз 10 фоизи шумораи умумии объектҳои аз тарафи ҳамин мақомот санҷидашаванда зиёд бошад, таҳия менамояд. Номгӯи объектҳои хавфнокиашон баландро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва интишор менамояд.

3. Даврияти санҷиши ҳар як объекти мушаххас бо назардошти дараҷаи хавфнокии он аз ҷониби мақомоти санҷиш дар нақшаи гузаронидани санҷишҳо, ки тибқи Қоидаҳои гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъекти хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад. Ҳамзамон даврияти санҷишҳо метавонад камтар шавад, вале на зиёда аз даврияте, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудааст.

4. Санҷиши аввалини фаъолияти субъектҳои хоҷагидори навтаъсис метавонад танҳо баъди сипарӣ гардидани се соли пурраи тақвимӣ пас аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он гузаронида шавад. Зимнан, соҳибкори инфиродӣ, ки дар асоси патент фаъолият менамояд, аз санаи гирифтани патенти аввалин субъекти хоҷагидори навтаъсис ҳисобида мешавад.

Дар ҳолате, ки агар то гузаштани мӯҳлати муқарраргардида фаъолияти субъекти хоҷагидор қатъ гардад ( аз нав ташкил карда ё барҳам дода шавад), фаъолияти молиявии он бо назардошти ҳолатҳои қисмҳои 2 ва 3 моддаи 1 ва қисми 1 моддаи 7 ҳамин Қонун дар ин асосҳо санҷида мешавад:

-аризаи худи субъекти хоҷагидор;

-ахбори мақомоте, ки оид ба азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии субъекти хоҷагидор қарор қабул кардааст;

-иттилооти мақомоте, ки азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқиро ба қайд гирифтааст.

Чунин санҷиш танҳо нисбати даврае, ки мутобиқи ҳамин Қонун пештар мавриди санҷиши молиявӣ қарор нагирифтааст, гузаронида мешавад.

5. Дар давраи озод будан аз санҷиш, субъектҳои хоҷагидори навтаъсис аз иҷрои ӯҳдадориҳое, ки қонунҳо муқаррар намуданд ва риояю татбиқи онҳо мутобиқи ҳамин Қонун бояд санҷида шавад, озод карда намешавад.

6. Ба санҷиши корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба истиснои санҷишҳои мутақобила, дар мавсими истеҳсол ва коркарди маҳсулот, роҳ дода намешавад.

Моддаи 11. Огоҳкунӣ

1. Бо мақсади гузаронидани санҷиш, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 15 ҳамин Қонун, мақомоти санҷиш субъекти хоҷагидорро аз санҷиши оянда се рӯзи корӣ қабл аз оғози санҷиш хаттӣ огоҳ менамояд. Дар огоҳиномаи гузаронидани санҷиш ҳатман асоси гузаронидани санҷиш, мавзӯъ ва мақсади санҷиш, сана, вақти оғози он ва мӯҳлате, ки дар давоми он гузаронидани санҷиш пешбинӣ шудааст, зикр карда мешаванд. Дар огоҳиномаи гузаронидани санҷиши мутақобила бояд амалиёти мушаххас, ки бо санҷиши асосӣ вобаста аст ва дурустии онҳо дар ҳуҷҷатҳо муайян карда мешавад, нишон дода шаванд.

2. Дар ҳолате, ки агар субъекти хоҷагидор бо сабабҳои узрнок оғози санҷишро дар рӯз ва вақти дар огоҳинома пешбинишуда таъмин карда натавонад, вай ӯҳдадор аст ба мақоми санҷиш дар ин хусус на дертар аз ду рӯз то оғози санҷиш ба таври хаттӣ хабар диҳад, сана ва вақти барои тарафҳо мувофиқро барои оғози санҷиш пешниҳод намояд, вале на дертар аз панҷ рӯзи корӣ, аз рӯзе, ки мақомоти санҷиш чунин хабарро мегирад.

3. Бо назардошти ҳолатҳои қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, субъекти хоҷагидоре, ки дар бораи санҷиши оянда огоҳинома гирифтааст, ӯҳдадор аст ба оғози санҷиш дар рӯзу вақти муқарраршуда монеъ нашавад.

Моддаи 12. Оғози санҷиш

1. То оғози санҷиш ба роҳбари субъекти хоҷагидор қарор оид ба гузаронидани санҷиш супорида мешавад. Дар нусхаи қарор қайд ва имзои роҳбари субъекти хоҷагидор оид ба шиносоӣ ва гирифтани қарор гузошта мешавад.

Аз ҷониби роҳбари субъекти хоҷагидор гирифтани қарор рад гардад ҳам, он барои оғози санҷиш монеъ шуда наметавонад.

2. Шахсони мансабдори мақомоти санҷиш, ки бояд санҷиш гузаронанд, ӯҳдадоранд пеш аз гузаронидани санҷиш ба роҳбари субъекти хоҷагидор шаҳодатномаи хизматиашонро пешниҳод намоянд ва ба Дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти дахлдор ворид кунанд.

3. Дар асоси як қарор танҳо як санҷиш гузаронида мешавад.

4. Оғози санҷиш лаҳзаи аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти санҷиш ба Дафтари бақайдгирии санҷишҳо сабт намудани маълумоти дар қисми 2 моддаи 8 ҳамин Қонун пешбинишуда ҳисобида мешавад.

Моддаи 13. Номгӯи масъалаҳои назоратие, ки тибқи онҳо санҷиш гузаронида мешавад

1. Санҷиш тибқи Номгӯи масъалаҳои назоратие, ки намунаи онҳоро ҳар як мақомоти санҷиш мутобиқи шартҳо ва талаботи муқаррарнамудаи қонун тасдиқ намудааст, гузаронида мешавад.

2. Субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад нусхаи Номгӯи масъалаҳои назоратиеро, ки тибқи онҳо санҷиш гузаронида мешавад, пешакӣ аз мақомоти санҷиш талаб намуда гирад. Мақомоти санҷиш ӯҳдадор аст тибқи дархости субъекти хоҷагидор пешакӣ дар лаҳзаи ба субъекти хоҷагидор супоридани қарор оид ба гузаронидани санҷиш нусхаи Номгӯи масъалаҳои назоратиеро, ки тибқи онҳо санҷиш гузаронида мешавад, супорад.

Моддаи 14. Давомнокӣ ва мӯҳлати гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

1. Мӯҳлати гузаронидани санҷиши молиявии фаъолияти шахси ҳуқуқӣ набояд аз бист рӯзи тақвимӣ зиёд бошад.

Санҷиши фаъолияти шахси ҳуқуқӣ аз тарафи дигар мақомоти санҷиш бояд дар мӯҳлати на бештар аз панҷ рӯзи корӣ гузаронида шавад.

2. Мӯҳлати гузаронидани санҷиши молиявии фаъолияти соҳибкори инфиродӣ набояд аз даҳ рӯзи тақвимӣ зиёд бошад.

Санҷиши фаъолияти соҳибкори инфиродӣ аз тарафи дигар мақомоти санҷиш бояд дар мӯҳлати на бештар аз панҷ рӯзи корӣ гузаронида шавад.

3. Дар ҳолатҳои истисноӣ, яъне фоҷиавӣ, беморӣ, фавти шахси масъул ва офати табиӣ бо қарори роҳбари мақомоти санҷиш мӯҳлатҳои дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинишуда метавонанд як маротиба ба мӯҳлати на зиёдтар аз сеяки мӯҳлати асосии гузаронидани санҷиш дароз карда шаванд.

4. Санҷиш танҳо дар вақти корӣ ва дар рӯзҳои корӣ гузаронида мешавад.

Моддаи 15. Санҷишҳои ғайринақшавӣ, такрорӣ ва мутақобила

1. Санҷиши ғайринақшавӣ дар ҳолатҳои зерини истисноӣ анҷом дода мешавад:

- бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо мақсади пешгирии ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда;

- бинобар мураккаб гардидани ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва ё байторию санитарӣ (бо қарори хаттии Сарнозири дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

2. Санҷиши такрорӣ танҳо тибқи аризаи хаттии худи субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.

3. Санҷиши мутақобила танҳо оид ба масъалаҳои дуруст дарҷ намудани амалиёти мушаххас дар ҳуҷҷатҳои молиявӣ дар давраи санҷиш, ки дар қарори гузаронидани санҷиши мутақобила зикр гардидаанд, гузаронида мешаванд.

4. Дигар санҷишҳо наметавонанд нисбат ба мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаи 10 Қонуни мазкур пештар гузаронида шаванд.

5. Шикояти субъекти хоҷагидор аз қарорҳо ё амалҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷиш наметавонад боиси санҷишҳои ғайринақшавӣ, такрорӣ ва ё мутақобилаи фаъолияти он гардад.

Моддаи 16. Имконнопазирии санҷиши такрорӣ аз тарафи мақомоти санҷишии сатҳи гуногун

Дар сурате, ки агар санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор аз ҷониби як сохтори мақомоти санҷиш (ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ё ҷумҳуриявӣ) гузаронида шавад, ба дигар сохторҳои он мақомоти санҷиш гузаронидани санҷиши фаъолияти ҳамон субъекти хоҷагидор дар давраҳои пешбининамудаи қисмҳои 1,2 ва 3 моддаи 10 ҳамин Қонун аз рӯи ҳамон масъалае, ки доир ба он аллакай санҷиш гузаронида шуда буд, манъ аст.

Моддаи 17. Анҷоми санҷиш

1. Баъди анҷоми санҷиш, сарфи назар аз натиҷаҳои он, шахси мансабдори мақомоти санҷиш ҳатман санад тартиб дода, дар он маълумоти зеринро зикр менамояд:

- ҷойи гузаронидани санҷиш, санаи таҳияи санад;

- мавзӯи санҷиш;

- вазифа, фамилия, ном, номи падари шахсони мансабдори мақомоти санҷиш, ки санҷишро анҷом додаанд;

- фамилия, ном, номи падари соҳибкори инфиродии санҷидашуда ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ;

- маълумот оид ба санҷиши пештара, натиҷаҳои он, инчунин тадбирҳое, ки барои рафъи камбудиҳои пештар ошкоргардида андешида шудаанд;

- давраи санҷидашаванда ва маълумоти умумӣ оид ба ҳуҷҷатҳое (объектҳое), ки субъекти хоҷагидор барои гузаронидани санҷиш пешниҳод намудааст;

- натиҷаҳои санҷиш;

- дар ҳолати ошкор гардидани камбудиҳо- шарҳи муфассали онҳо бо истинод ба меъёри дахлдори санади меъёрии ҳуқуқӣ.

2. Анҷоми санҷиш рӯзи ба субъекти хоҷагидор супурдани санади санҷиш ё санаи ба он фиристодани санади санҷиш бо мактуби супоришӣ ва огоҳинома, вале на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз мӯҳлати дар қарор зикргардида ҳисобида мешавад.

3. Агар роҳбари субъекти хоҷагидор гирифтани санади санҷишро рад намуда бошад, дар ин бора дар нусхаи санади санҷиши барои мақомоти санҷиш таъингардида қайд ворид намуда бо имзои шахси мансабдори санҷиши дахлдорро анҷомдода тасдиқ карда мешавад.

Дар чунин ҳолат санади санҷиш бо мактуби супоришӣ ва огоҳинома ба субъекти хоҷагидор фиристода мешавад.

4. Ба санади санҷиш нусхаҳои зарурии ҳуҷҷатҳо, ҳисобҳои анҷомдодаи шахси мансабдори мақомоти санҷиш ва дигар маводи дар ҷараёни санҷиши гузаронидашуда бадастомада замима карда мешаванд.

5. Санади санҷиш ба миқдори на кам аз ду нусха таҳия гардида, аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти санҷиш, ки санҷиши дахлдорро гузаронидааст, имзо карда мешавад.

6. Як нусхаи санади санҷиш ба субъекти хоҷагидор дар давоми панҷ рӯзи корӣ супурда мешавад. Ҳангоми гирифтани санади санҷиш роҳбари субъекти хоҷагидор ӯҳдадор аст дар нусхаи дигари санад дар хусуси гирифтани он қайд ворид намуда, имзо гузорад.

Моддаи 18. Қарор оид ба натиҷаҳои санҷиш

1. Баъди анҷоми ҳар як санҷиш дар асоси натиҷаҳое, ки дар санади санҷиш дарҷ гардидаанд, мақомоти санҷиш бо имзои роҳбар ё шахси ивазкунандаи ӯ оид ба натиҷаҳои санҷиш қарор қабул менамояд, ки он дар мӯҳлати панҷ рӯзи корӣ баъди рӯзи анҷоми санҷиш ба субъекти хоҷагидор дода мешавад.

2. Қарор бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- сана ва рақами бақайдгирии қарор ва санади санҷиш;

- фамилия, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ;

- мавзӯи санҷиши гузаронидашуда;

- чораи андешидашаванда, агар камбудиҳо ошкор гардида бошанд;

- талабот оид ба рафъи камбудиҳои ошкоргардида;

- мӯҳлат, ҷой ва тартиби шикоят аз болои қарор.

3. Дар ҳолати ошкор нагардидани камбудиҳо баъди анҷоми санҷиш ба қарор қайдҳои дахлдор ворид карда мешаванд.

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ САНҶИШ

Моддаи 19. Ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор

1. Субъектҳои хоҷагидор ҳуқуқ доранд:

- дар бораи санҷиши дар пешистода маълумот дошта бошанд;

- аз шахсони мансабдори санҷишкунанда асосҳои гузаронидани санҷишҳоро талаб намоянд, бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти санҷишкунандагон шинос шаванд;

- шахсонеро, ки қарорро дар бораи гузаронидани санҷиши дар моддаи 9 ҳамин Қонун зикршуда надоранд ва ё ба Дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти дахлдор ворид накардаанд, даврияти пешбининамудаи моддаи 10 ҳамин Қонунро риоя накардаанд ва ё мӯҳлатҳои дар қарор нишон додашуда фаро нарасидаанд ва ё гузаштаанд, ба санҷиш роҳ надиҳанд;

- талаботи шахсони мансабдори мақомоти санҷишро оид ба масъалаҳое, ки дар доираи салоҳияти онҳо қарор надоранд, иҷро накунанд ва онҳоро бо маводе, ки ба мавзӯи санҷиш дахл надоранд, шинос накунанд;

- аз мақомоти санҷиш нусхаи санади санҷишро дар давоми панҷ рӯзи корӣ баъди анҷоми санҷиш талаб намоянд ва гиранд;

- аз мақомоти санҷиш ҷуброни зиёни дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори он ҳангоми гузаронидани санҷиш расонидашударо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд;

- ба шахси мансабдори мақомоти санҷиш шарҳу эзоҳотро оид ба масъалаҳои вобаста ба санҷиш ва натиҷаҳои он пешниҳод кунанд;

- аз натиҷаҳои санҷиш бо тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят намоянд;

- бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ дар ҷараёни гузаронидани санҷишҳо ва тибқи натиҷаҳои онҳо ҳуқуқ доранд мутахассисон ва намояндагони ассотсиатсияҳоеро, ки аъзои онҳо мебошанд, инчунин дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷалб намоянд.

2. Субъектҳои хоҷагидор ӯҳдадоранд:

- шахсони мансабдори мақомоти санҷишро дар сурати доштани қарор дар бораи гузаронидани санҷиш, ки тибқи моддаи 9 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст ва аз ҷониби онҳо пешниҳод гардидани шаҳодатномаи хизматӣ ва ворид намудани сабтҳои дахлдор ба Дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба объектҳои дахлдори санҷиш роҳ диҳанд;

- мавод ва ҳуҷҷатҳои барои гузаронидани санҷиш зарурбударо дар асоси талаботи қонунӣ ва асосноки шахсони мансабдори мақомоти санҷиш пешниҳод намоянд;

- қарорҳои мақомоти санҷишро дар бораи бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар мӯҳлатҳои муқарраршуда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 24 ҳамин Қонун, иҷро намоянд;

- ба шахсони мансабдори мақомоти санҷиш дар иҷрои ӯҳдадориҳои қонунии онҳо монеъ нашаванд;

- ба оғози санҷиш дар сана ва дар вақти муайяншуда монеъ нашаванд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 8 ҳамин Қонун ба Дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти дахлдор ворид намоянд.

Моддаи 20. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷиш

1. Шахсони мансабдори мақомоти санҷиш дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд:

- ба ҳудуди объектҳои субъекти хоҷагидор бо ҳамроҳии намояндаи субъекти хоҷагидор ворид шаванд;

- аз субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуҷҷатҳои зарурии бевосита ба гузаронидани санҷиш вобастабударо талаб намоянд, аз онҳо иқтибос ва нусха гиранд;

- аз роҳбари субъекти хоҷагидор оид ба масъалаҳои вобаста ба санҷиши фаъолияти он баёноти хаттӣ талаб намоянд;

- намунаҳоро (иёрҳоро) дар асоси санади (акти) хаттӣ ба миқдори барои гузаронидани санҷиш зарурбуда интихоб намуда гиранд ва новобаста аз намуди намуна онҳоро баъди анҷоми санҷиш якҷоя бо як нусхаи санади санҷиш ба соҳибаш баргардонанд.

2. Шахсони мансабдори мақомоти санҷиш ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар доираи салоҳияти худ ӯҳдадоранд:

- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқҳои субъекти хоҷагидорро риоя намоянд;

- санҷишҳоро дар мутобиқати қатъӣ бо қарорҳои мақомоти санҷиш оид ба гузаронидани санҷиш тибқи тартибе, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, гузаронанд;

- ба субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда қарор дар бораи гузаронидани санҷиш ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд;

- маълумотҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 8 ҳамин Қонун ба Дафтари бақайдгирии санҷишҳо ворид намоянд;

- то оғози санҷиш ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро вобаста ба гузаронидани санҷишҳо фаҳмонида диҳанд;

- ба иштирок намудани намояндагони субъекти хоҷагидор ҳангоми гузаронидани санҷиш монеъ нашаванд ва масъалаҳои вобаста ба мавзӯи санҷишро ба онҳо шарҳ диҳанд;

- нигоҳдошти миқдор ва сифати ҳуҷҷатҳо, намунаҳои таҳқиқӣ ва дигар маводеро, ки муваққатан гирифта шудаанд, инчунин сари вақт баргардонидани онҳоро таъмин намоянд;

- мавзӯъ ва моҳияти камбудиҳои ошкоргардидаро ба субъектҳои хоҷагидор шарҳ дода, тадбирҳоро оиди бартараф намудани онҳо ба амал бароварда, ба пинҳон кардани онҳо роҳ надиҳанд;

- барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор монеаҳо эҷод накунанд;

- аз ҳудуди субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуҷҷатҳои санҷидашавандаро берун набароранд;

- ба субъектҳои хоҷагидори санҷидашуда доир ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дастурҳои қонунӣ ва асосноки иҷрояшон ҳатмиро диҳанд;

- риояи сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва дигар асрореро, ки қонун ҳифз намудааст, таъмин намоянд.

Моддаи 21. Маҳдудиятҳо ҳангоми гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

Ба мақомоти санҷиш ва шахсони мансабдори онҳо манъ мебошад:

- дахолат намудан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар масъалаҳои ба мавзӯи санҷиш вобастанабуда;

- ситонидани пардохтҳои пешбининамудаи қонун, инчунин ҷаримаҳо, фоизҳо аз субъектҳои хоҷагидор дар шакли нақдӣ;

- истифода бурдани далелҳои вуҷуд доштани камбудиҳо ҳамчун асос барои дахолат ё маҳдуд намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

- талаб намудани пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумотҳои ба мавзӯи санҷиш вобастанабуда;

- гузаронидани амалҳое, ки ба фаъолияти истеҳсолию тиҷоратии муттасили субъектҳои хоҷагидор монеъ мешавад.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ

Моддаи 22. Дастрасии иттилоот оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ҳар як субъекти хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилоот оид ба санҷиши фаъолияти худ ҳуқуқ дорад.

2. Мақомоти санҷиш ӯҳдадор аст ба субъектҳои хоҷагидор дастрасии иттилоотро оид ба масъалаҳои санҷиши фаъолияти онҳо тибқи тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот" таъмин намоянд.

3. Мақомоти санҷиш ҷойгиронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар ҷойҳои дастрас ва намоён (дар лавҳаи эълонҳо) таъмин менамоянд.

Моддаи 23. Баҳисобгирӣ, ҳисобот ва омор

1. Мақомоти санҷиш ӯҳдадоранд ҳамаи санҷишҳои аз ҷониби онҳо гузаронидашудаи фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва натиҷаҳои онҳоро ба ҳисоб гирифта, ба мақомоти омор ҳисобот пешниҳод кунанд. Шаклҳо ва мӯҳлатҳои пешниҳоди ҳисобот ба мақомоти оморро мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

2. Қарорҳо оид ба гузаронидани санҷишҳо, санадҳои санҷиш ва қарорҳои қабулшуда оид ба натиҷаҳои санҷишҳо бояд дар Дафтари махсуси бақайдгирии қарорҳо ва санадҳои санҷишҳо, ки дар ҳар як мақомоти санҷиш мавҷуд мебошад, ба қайд гирифта шаванд. Шакл ва тартиби пешбурди чунин Дафтари махсус, инчунин тартиби нигоҳдории санадҳои санҷиширо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

3. Мақомоти санҷиш ӯҳдадоранд на камтар аз як маротиба дар як соли тақвимӣ дар бораи кори худ оид ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар нашрияҳои дастраси омма иттилоот интишор намоянд. Иттилоот бояд инҳоро дар бар гирад:

- иттилооти умумӣ оид ба сохтори мақомоти санҷиш;

- маълумоти оморӣ оид ба миқдори санҷишҳои анҷомдода, камбудиҳое, ки дар ҷараёни санҷишҳо ошкор гардидаанд ва чораҳои нисбати гунаҳгорон андешидашуда;

- маблағи умумии ҷаримаҳое, ки тибқи натиҷаҳои санҷишҳои дар давраи ҳисоботӣ анҷомдода ситонида шудааст;

- гузориши мухтасар дар бораи маблағгузории фаъолияти мақомоти санҷиш оид ба масъалаҳои санҷишҳо, оид ба тақсимот ва истифодаи ин маблағҳо;

- гузориши мухтасар оид ба натиҷаҳои банақшагирифта, ноилгардида ва арзёбии онҳо;

- афзалиятҳо ва нақшаҳо барои соли оянда.

Моддаи 24. Ҳалли баҳсҳо ва ҳуқуқи шикоят

1. Амалҳо ва қарорҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷиш метавонанд бо тартиб ва дар мӯҳлатҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мавриди шикоят қарор гиранд.

2. Шикоят аз рӯи қарори мақомоти санҷиш, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пешниҳод гардидааст, иҷрои қарорро бозмедорад, ба истиснои қарор дар бораи татбиқи чораи ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди огоҳӣ. Иҷрои қарори мақомоти санҷиш то лаҳзаи қабул гардидани қарори дахлдор доир ба моҳияти шикоят боздошта мешавад.

Моддаи 25. Ҷуброн намудани зараре, ки ба субъектҳои хоҷагидор дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти санҷиш расонида шудааст

Зараре, ки ба субъектҳои хоҷагидор дар натиҷаи қарорҳои ғайриқонунӣ ё дигар амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти санҷиш расонида шудааст, аз ҷумла фоидаи аздастдода, тибқи қонун ҷуброн карда мешавад.

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсоне, ки барои вайрон кардани Қонуни мазкур роҳ медиҳанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 28 июли соли 2006 № 194