Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 маи соли 1995, № 312 "Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии бемории спид"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии бемории спид"

Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи пешгирии бемории СПИД" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ҳуҷҷатҳои зерине, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудааст, тасдиқ карда шаванд:

Барномаи давлатии мубориза бо бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1995-2000 мутобиқи замимаи № 1.

Қоидаҳои муоинаи тиббӣ барои ошкор кардани сирояти вируси иммунодефицити инсон (бемории СПИД) мутобиқи замимаи № 2.

Муқаррар карда шавад, ки ташхиси мазкур барои ашхоси ба ҷумҳурӣ ворид ва аз ҷумҳурӣ хориҷ гарданда пулакӣ буда, тартиб ва ҳачми онро Вазорати тандурустии Чумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

2. Вазорату идораҳо, концернҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо), ташкилоту корхонаҳо баҳри иҷрои Барномаи давлатии мубориза бо бемории СПИД ва Қоидаҳои муоинаи тиббӣ барои ошкор кардани сирояти вируси иммунодефицити инсон (бемории СПИД) тамоми тадбирҳоро андешанд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии мубориза бо бемории СПИД-ро дар доираи маблағҳое, ки дар буҷет барои соҳаи "Тандурустӣ" пешбинӣ гардидаанд, бо маблағ таъмин кунад.

4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни гурӯҳҳои дар шароити хавфноки кори пешгирӣ ва мубориза бо бемории СПИД ва муоинаи сирояти вируси иммунодефицити инсон коркунанда мунтазам кор барад ва ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муоинаи тиббӣ барои ошкор намудани сирояти вируси иммунодефицити инсон (бемории СПИД) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки доимӣ расонад.

5. Вазорату идораҳо, ташкилоту концернҳо ва корхонаҳои тамоми шаклҳои моликият вазифадор карда шаванд, ки ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар бораи шаҳрвандони хориҷии ба қаламрави ҷумҳурӣ барои таҳсил, кор ва дигар мақсадҳо воридшуда барои тафтиши сари вақти сертификати муоинаи тиббӣ дар хусуси гирифтор будан ё набудан ба сирояти вируси иммунодефицити инсон ё гузарондани муоинаи тиббӣ барои муайян намудани гирифтор будан ё набудан ба сирояти вируси иммунодефицити инсон маълумот диҳанд.

6. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ тартиби аз қаламрави ҷумҳурӣ хориҷ намудани шаҳрвандони дигар давлатҳо ва ашхоси бе табаиятро, ки гирифтори сирояти вируси иммунодефицити инсон ва бемории СПИД мебошанд, таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

7. Ба рӯйхати бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 1994 № 120 тасдиқгардидаи касалиҳои касбие, ки дар натиҷаи онҳо бемор маъюб мегардад, банди 8 мазмуни зайл илова карда шавад:

8. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои таълимии мактабҳои маълумоти умумӣ, касбӣ, мнёнаи махсус ва олӣ масъалаҳои пешгирии касалии СПИД-ро дохил намояд.

...

Утратило силу в редакции постановление Правительства РТ от 1 апреля 2008 года №171

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по выполнению Закона Республики Таджикистан "О профилактике заболевания СПИД"

В целях реализации Закона Республики Таджикистан от 27 декабря 1993 года "О профилактике заболевания СПИД" правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить разработанные Министерством здравоохранения Республики Таджикистан:

Государственную программу по борьбе с заболеванием СПИД в Республике Таджикистан на 1995-2000 годы согласно приложению №1;

Правила медицинского освидетельствования на выявления заражения вирусом иммунодефицита человека (заболевание СПИД) согласно приложению №2.

Установить, что освидетельствование иностранных лиц, прибывших в республику, и выезжающих за границу граждан Таджикистана с частным визитом производится за оплату в порядке и размерах, устанавливаемых Министерством здравоохранения Республики Таджикистан.

2. Министерствам, ведомствам, концернам, органам исполнительной власти на местах (хукуматам), предприятиям и организациям принять исчерпывающие меры по выполнению Государственной программы по борьбе с заболеванием СПИД и Правил медицинского освидетельствования на выявления заражения вирусом иммунодефицита человека (заболевание СПИД).

3. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить финансирование Государственной программы по борьбе с заболеванием СПИД в пределах средств, предусмотренных в бюджете по отрасли "Здравоохранение".

4. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан вести постоянную работу среди групп повышенного риска по профилактике и борьбе со СПИД и заражения ВИЧ-инфекцией, оказывать постоянную помощь Министерству здравоохранения Республики Таджикистан в медицинском освидетельствовании на выявления заражения вирусом иммунодефицита человека (заболевания СПИД) в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

5. Обязать министерства, ведомства, концерны, организации и предприятия всех форм собственности информировать Министерство здравоохранения Республики Таджикистан и его органы об иностранных гражданах, прибывших в республику на работу, учебу или в других целях, для своевременной проверки сертификата об обследовании на наличие ВИЧ-инфекции, или проведения медицинского освидетельствования на наличие ВИЧ-инфекции.

6. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан, Министерству юстиции Республики Таджикистан, Министерству внутренних дел Республики Таджикистан и Министерству здравоохранения Республики Таджикистан в месячный срок разработать и представить в Правительство Республики Таджикистан на утверждении порядок выдворения граждан других государств и лиц без гражданства, инфицированных ВИЧ и больных СПИД.

7. Дополнить список профессиональных заболеваний, вследствие которых наступает инвалидность, утвержденный постановлением Совета Министров Республики Таджикистан от 19 марта 1994 года №120, пунктом 8 следующего содержания:

...