Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015
(қарори Ҳукумати Ҷт аз 03.08.2007 № 419)
Мутобиқи модоаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурни Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандсозии содирот бо роҳи зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва молҳои рақобатпазир, ки барои баланд бардоштани самаранокии истифодабарии иктидори содиротии ҷумҳурӣ нигароннда шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикнстон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият оид ба амалӣ намудани Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Товикистон дар давраи то соли 2015 тадбирҳои мушаххас андешанд.
3. Корҳои ҳамоҳангсозӣ ва молиявии амалӣ гардидани Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад ().
4. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, субьектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият, ки молҳои ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда истеҳсол мекунанд, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 ноябр маълумоти ко зеринро пешниҳод намоянд ():
- ҳаҷми муайяни ҳарсола, намудҳои гуногуни молҳои истеҳсолшавандаи содиротӣ ва воридотӣ ва нархҳои ба онҳо пешниҳодшаванда;
- намудҳои молҳои тайёри барои содирот пешниҳодшуда бо мақсади ташкили савдои онҳо аз рӯи тартиби муайяншуда, дар савдои Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон ва дарёфти харидорон (ҳамкорон) бо ёрии намояндагони тиҷоратии Тоҷикистон дар хориҷа;
- лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бизнес - нақшаҳо барои объектҳое, ки ба зиёд кардани ҳаҷм ва таҷдиди сифатнокииқтидори содиротӣ бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамоянд.
5. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар тезонидани барасмиятдории ҳуҷҷатҳо ҳангоми боркунӣ, содирот ва вориди ашё ва маҳсулот (мол, кор ва хизматрасонӣ) барои эҳтиёҷоти модернизатсияи истеҳсоли онҳо мусоидат намоянд ().
6. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи амалӣ намудани чораҳо оид оа дастгирии давлатӣ ва хавасмандсозӣ ба рушди самтҳои афзалиятноки содирот мусоидат намоянд ().
7. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсис ва истифодабарии Фонди инноватсионии рушди содирот таклифҳо омода намуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд ().
8. Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки якҷоя бо бонкҳои тиҷоратӣ масъалаи ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуддатро барои содиркунандагони ватанӣ бо пардохти фоизҳо дар ҳаҷми нисфи ставкаи баҳисобгирии Бонки миллии Тоҷикистон (ставкаи рефинансирования) пешбинӣ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 июли соли 2006 № 299
ш. Душанбе