Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006, № 289 "Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015"

Санаи амалкуни: 03.08.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007с. № 419)

Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини вазъи устувори иқтисодиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ояндаи дарозмӯҳлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои ояндаи кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлат, лоиҳаҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ нишондиҳандаҳои дар Барномаи мазкур пешбинишударо ба инобат гиранд.

3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои татбиқи Барнома, тибқи тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории заруриро таҳия ва ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

4. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷараёни иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар давраи то соли 2015 таҳти назорати қатъӣ гирифта, ҳар сол то 1 март оид ба рафти иҷрои ин қарор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 4 июли соли 2006 № 289

ш. Душанбе