Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъмини минбаъдаи омӯзиши сатҳи зиндагии аҳолӣ
(Карор аз 01.04.2002с. № 144, аз 01.10.2008с. № 497)
Бо мақсади таъмини пешниҳоди мушоҳидаҳои омории пешрафти даромад ва хароҷоти шаҳрвандон, муайян намудани таносуби байни нархҳо, тарифҳо ва сатҳи зидагии аҳоли, омӯхтани талаботи масрафкунандагон, хисобу китоби аниқтари маҳсулоти доҳилӣ, тартиб додани баланси истеҳсолот ва истифодаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳисоби индексҳои арзиши зиндагӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- аз 1 январи соли 2009 миқдори хоҷагиҳои хонаводаҳои тадқиқшавандаро, ки ҳар моҳ гузаронида мешавад, аз 925 хоҷагӣ бо пурсиши ҳар семоҳа ба 3000 хоҷагӣ расонад;
- то 1 декабри соли 2008 барои гузаронидани тадқиқоти доимӣ хоҷагиҳои хонаводаҳоро интихоб намояд
2. Аз 1 январи соли 2009 пардохти маблағи ҳар семоҳа ба хоҷагии хонаводаҳои тадқиқшаванда, ки буҷети хонаводаи худро сабт мекунанд, ба андозаи 25 фоизи музди ҳадди ақал муқаррар карда шавад ).
3. Бо сабаби васеъ шудани шабакаи ҳисоботи мушоҳидаҳои оморӣ ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки барои кор дар мақомоти маҳаллии омор дар асоси қарордод ба миқдори 35 воҳид корманд, аз ҷумла 27 воҳид мутахассисро барои тадқиқоти хоҷагиҳои хонаводаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (бо ҳисоби 20 оилаи тадқиқшаванда ба як мутахассис дар як моҳ) ва 8 воҳид мутахассисро барои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти тадқиқоти хоҷагиҳои хонаводаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷалб намояд. Барои мутахассисоне, ки дар тадқиқоти хоҷагиҳои хонаводаҳо машғуланд, ҳар моҳ ба андозаи 10 фоизи маоши вазифавӣ иловапулӣ пардохта шавад
4. Ҷиҳати таъмили ҳисоботи оморӣ дар бахши ғайридавлатӣ ба Агенти давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шумораи штатиш вазифаи муовини директор дохил карда шавад.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Агенти давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба маблағтаъминкунии тадбирҳои дар қарори мазкур нишондодашуда маблағ ҷудо намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 22 августа соли 1996 № 354
ш. Душанбе