Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августа соли 1996, № 354 "Дар бораи таъмини минбаъдаи омӯзиши сатҳи зиндагии аҳолӣ"

Санаи амалкуни: 01.10.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъмини минбаъдаи омӯзиши сатҳи зиндагии аҳолӣ

(Карор аз 01.04.2002с. № 144, аз 01.10.2008с. № 497)

Бо мақсади таъмини пешниҳоди мушоҳидаҳои омории пешрафти даромад ва хароҷоти шаҳрвандон, муайян намудани таносуби байни нархҳо, тарифҳо ва сатҳи зидагии аҳоли, омӯхтани талаботи масрафкунандагон, хисобу китоби аниқтари маҳсулоти доҳилӣ, тартиб додани баланси истеҳсолот ва истифодаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳисоби индексҳои арзиши зиндагӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- аз 1 январи соли 2009 миқдори хоҷагиҳои хонаводаҳои тадқиқшавандаро, ки ҳар моҳ гузаронида мешавад, аз 925 хоҷагӣ бо пурсиши ҳар семоҳа ба 3000 хоҷагӣ расонад;

- то 1 декабри соли 2008 барои гузаронидани тадқиқоти доимӣ хоҷагиҳои хонаводаҳоро интихоб намояд (Карор аз 01.10.2008с. № 497).

2. Аз 1 январи соли 2009 пардохти маблағи ҳар семоҳа ба хоҷагии хонаводаҳои тадқиқшаванда, ки буҷети хонаводаи худро сабт мекунанд, ба андозаи 25 фоизи музди ҳадди ақал муқаррар карда шавад (Карор аз 01.10.2008с. № 497).

3. Бо сабаби васеъ шудани шабакаи ҳисоботи мушоҳидаҳои оморӣ ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки барои кор дар мақомоти маҳаллии омор дар асоси қарордод ба миқдори 35 воҳид корманд, аз ҷумла 27 воҳид мутахассисро барои тадқиқоти хоҷагиҳои хонаводаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (бо ҳисоби 20 оилаи тадқиқшаванда ба як мутахассис дар як моҳ) ва 8 воҳид мутахассисро барои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти тадқиқоти хоҷагиҳои хонаводаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷалб намояд. Барои мутахассисоне, ки дар тадқиқоти хоҷагиҳои хонаводаҳо машғуланд, ҳар моҳ ба андозаи 10 фоизи маоши вазифавӣ иловапулӣ пардохта шавад (Карор аз 01.10.2008с. № 497).

4. Ҷиҳати таъмили ҳисоботи оморӣ дар бахши ғайридавлатӣ ба Агенти давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шумораи штатиш вазифаи муовини директор дохил карда шавад.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Агенти давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба маблағтаъминкунии тадбирҳои дар қарори мазкур нишондодашуда маблағ ҷудо намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 22 августа соли 1996 № 354

 ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъмини минбаъдаи омӯзиши сатҳи зиндагии аҳолӣ

(Карор аз 01.04.2002с.№144)

Бо мақсади таъмини пешниҳоди мушоҳидаҳои омории пешрафти даромад ва хароҷоти шаҳрвандон, муайян намудани таносуби байни нархҳо, тарифҳо ва сатҳи зидагии аҳоли, омӯхтани талаботи масрафкунандагон, хисобу китоби аниқтари маҳсулоти доҳилӣ, тартиб додани баланси истеҳсолот ва истифодаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳисоби индексҳои арзиши зиндагӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

аз 1 сентябри соли 1996 шабакаи оилаҳои таҳқиқшавандаро аз 600 то 1000 хоҷагӣ зиёд намояд;

то 1 декабри соли 1996 оилаҳоро барои таҳқиқи доимии буҷети онҳо интихоб намояд.

2. Аз 1 январи соли 2002 пардохти ҳармоҳа ба хонаводаи тадқиқшаванда, ки буҷети худро сабт мекунад, ба андозаи 25 фоизи музди меҳнати ҳалли ақал, дар доираи маблағҳои барои Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002 пешбинигардида, муқаррар карда шавад (Карор аз 01.04.2002с. №144).

3. Бо сабаби васеъ ҳудани шабакаи объектҳои мушоҳидаи оморӣ, ба мақомоти маҳаллии агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ба шароити аҳдномавӣ 20 нафар мутахассисон, аз ҷумла 16 иқсоддонро барои таҳқиқи буҷети оилаҳо дар ноҳяҳо /аз ҳисоби 25 оилаи таҳқиқшаванда ба як иқтисоддон /ва 4 иқтисоддонро барои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти таҳқиқи оилаҳо дар вилоятҳо ҷалб намояд.