Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 1996, № 58 "Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи муваққатии боҷҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2002с. № 399 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи муваққатии боҷҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи асосҳои системаи андоз", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи муваққатии боҷҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад /замима мегардад/.

2. Муқаррар карда шавад, ки ҳаҷми боҷҳои давлатии автомобилӣ бо доллари америкоӣ муайян гардида, аз рӯи қурбе, ки Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзи пардохт муқаррар менамояд, бо рубли тоҷикӣ пардохта мешавад.

Боҷҳои мазкур, ки ашхоси алоҳида, ашхоси юридикӣ ва соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва мотоциклҳо месупоранд, ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи хизматрасониҳои пулакии Бозрасии давлатии автомобил ва ҳаҷми тарифҳои чунин хизматрасониҳоро муайян намояд.

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 21 феврали соли 1996, № 58

ш.Душанбе

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 феврали соли 1996,

№ 58 тасдиқ шудааст

Номгӯи муваққатии боҷҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боҷҳои вобаста ба истифодабарии воситаҳои нақлиёти автомобилию мотоциклҳо, ба ҳаҷми зайл пардохта мешаванд:

1. Барои назорати техникии ҳарсола:

- автомобилҳо, тягачҳои автомобилӣ - I доллари ИМА;

- мотоцикл, мотороллер, прицепи автомобилҳо /полуприцеп/ - 0,5 доллари ИМА;

2. Барои номнавис кардан ва додани шаҳодатномаи бақайдгирии нақлиёте, ки ба шаҳрвандон мансубанд - 4,5 доллари ИМА.

3. Номнавис кардан бе додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ - 0,5 доллари ИМА.

4. Барои қабули имтиҳоноти ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт:

- назариявӣ - 0,5 доллари

- амалӣ - 0,5 доллари

5. Барои додани шаҳодатномаи ронандагии миллӣ - 4,0 доллари ИМА.

6. Тафтиши воситаҳои нақлиёт ҳини бақайдгирӣ /тағьирот дар қайдгирӣ/ ва аз қайд баровардани воситаҳои нақлиёт:

- автомобиль - 0,5 доллари ИМА;

- мотоцикл, мотороллер, прицеп - 0,2 доллари ИМА;

7. Мувофиқат кардани лоиҳаҳо ва ҳуҷҷатҳои намунаи нави техникаи автомобилӣ, қисму агрегатҳои воситаи нақлиёт - 14,3 доллари ИМА.

8. Иштирок варзидан дар санҷиши намунаҳои техникаи автомобилӣ, қисму агрегатҳои воситаҳои нақлиёт - 0,5 доллари ИМА.

9. Мувофиқат кардани ордерҳо барои иҷрои корҳои заминканӣ дар қисми нақлиётгарди кӯчаю роҳҳо ва тартиб дадани нақшаи ташкили ҳаракати роҳ, дар чунин ҷойҳо - 3,0 доллари ИМА.

10. Иштирок варзидан дар кори Комиссия оиди қабули баистифодадиҳии роҳҳои автомобилгард, воситаҳои танзими ҳаракат дар роҳ ва иншооти дигар - I доллари ИМА дар I соат.

ЭЗОҲ: 1. Ҳангоми додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ё шаҳодатномаи ронандагӣ ба ивази кӯҳнаашон боҷ, ба ҳаҷме, ки бори аввал буд, рӯёнда мешавад.

2. Ҳангоми додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва шаҳодатномаи ронандагӣ ба ивази гумшудаашон боҷ ба ҳаҷми ду баробар зиёд рӯёнда мешавад.

3. Нархи шаҳодатномаи ронандагии намунаи кӯҳна 1 доллари ИМА ва гувоҳномаи техникӣ 2 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.