Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 1996, № 36 "Дар бораи аз ҳодисаҳои фалокатовар ҳатман суғуртаи давлатӣ кардани заҳматкашоне, ки дар корҳои барои ҳаёт ва саломатӣ хеле хавфнок кор мекунанд"

Санаи амалкуни: 03.12.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи аз ҳодисаҳои фалокатовар ҳатман суғуртаи давлатӣ кардани заҳматкашоне, ки дар корҳои барои ҳаёт ва саломатӣ хеле хавфнок кор мекунанд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2008 № 613, аз 3.12.2010 № 650)

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта" ва бо мақсади пурзур намудани ҳимояи иҷтимоии заҳматкашоне, ки дар корҳои барои ҳаёту саломатӣ хеле хавфнок кор мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 январи соли 1996 сар карда, аз ҳодисаҳои фалокатовар ҳатман суғурта кардани заҳматкашоне, ки дар корҳои барои ҳаёту саломатӣ хеле хавфнок кор мекунанд, дар системаи соҳаҳои зайл ҷорӣ карда шавад: Энергетика (Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи Тоҷик"), геология (Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), сохтмони иншоотҳои энергетикӣ (Ширкати давлатии сохтмони иншооти энергетикии "Тоҷикгидроэнергострой"), авиацияи (Ширкати давлатии ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷикистон"), Кумитаи назорати давлатии бехатарии иҷрои корҳо дар саноат ва назорати соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақлиёти автомобилӣ (Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳ), Концерни "Тоҷиккоммунсервис", Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи нафту гази назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истихроҷи тилло (Кумитаи металл ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), Идораи махсуси "Взрывпром"-и Тоҷикистон, геодезия (Саридораи геодезия ва картографияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон). Чунин гурӯҳи заҳматкашон дар тамоми мӯҳлати иҷрои кори корхона дар шароити барои ҳаёт ва саломатӣ хеле хавфнок, аз ҷумла ҳангоми иҷрои ин кор дар давраи сафари хизматӣ аз ҳодисаҳои фалокатовар суғурташуда дониста мешаванд.

2. Ташкили суғуртаи ҳатмии давлатии заҳматкашоне, ки дар корҳои барои ҳаёт ва саломатӣ хеле хавфнок кор мекунанд, ба ӯҳдаи Ширкати суғуртаи давлатии Тоҷикистон /Тоҷикгосстрах/ ширкату шӯъбаҳои дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон будаи он гузошта шавад.

3. Суғурта аз ҳисоби маблағҳои корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон /суғурташавандаҳо/, ки дар он ҷо заҳматкашон бо корҳои барои ҳаёт ва саломатӣ хеле хавфнок кор мекунанд ва дар муносибатҳои тарафайни меҳнатӣ мебошанд, гузаронда мешавад.

Хароҷоти пардохтҳои суғуртавиро /ҳақпулиро/ корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо тибқи тартиботи муқарраршуда анҷом медиҳанд.

4. Маблағи суғурта барои ҳар як заҳматкаши суғурташуда мувофиқи розигии тарафайни суғурташаванда ва ташкилотҳои Тоҷикгосстрах, ширкату шӯъбаҳои он муқаррар карда мешавад, вале андозаи он аз миқдори 100-каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, кам шуда наметавонад. Ҳаққи солонаи суғурта 1,5 фоиз маблағи суғуртавиро ташкил медиҳад, ки суғурташаванда ҳар сол то 1 декабрь месупорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2008 № 613).

5. Ба заҳматкаши суғурташуда ҳангоми маъюбшавӣ дар вақти ичрои кори барои ҳаёту саломатӣ хеле хавфнок як қисми ҳаққи суғурта дода мешавад, ки он ба дараҷаи маъюбшавӣ дар асоси "Ҷадвали андозаи маблағи суғурта, ки ба муносибати ҳодисаҳои суғуртавӣ пардохта мешавад" ва он дар муассисаҳои Ширкати суғуртаи давлатии Тоҷикистон, ширкату шӯъбаҳои он амал мекунад, бо 25 фоиз зиёд намудан мувофиқат менамояд. Вале андозаи зиёдтарини маблағи суғурта, ки барои маъюбшавӣ дода мешавад, аз 80 фоизи маблағи суғуртавӣ зиёд буда наметавонад.

Дар мавриди ҳалокати заҳматкаш ҳангоми иҷрои кори барои ҳаёт ва саломатӣ хеле хавфнок ва ё дар мӯҳлати гузаштани як соли баъди ин фалокат, Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон ва фирмаю филиалҳои он вазифадоранд, ки тибқи аризаи аъзои оилаи шахси фавтида ва "шаҳодатномаи фавт" барои ташкили маросими дафн 50 фоизи маблағи суғуртаро диҳанд. Қисми боқимондаи маблағи суғурта мутобиқи қонун ва ворисони шахси фавтида дода мешавад.

6. Ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои суғуртавӣ андозаи пули суғурта, ки бояд пардохта шавад, аз рӯи маблағҳои пардохташудаи суғурта (ҳақпулӣ) дода мешавад.

7. Ихтисосу вазифаҳои заҳматкашоне, ки дар корҳои барои ҳаёт ва саломатӣ хеле хавфнок кор мекунанд, бо маслиҳати суғурташавандаю ташкилотҳои Ширкати суғуртаи давлатии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

8. Ҳафтод фоизи маблағи фонди захиравии суғуртаи давлатии ҳатмии меҳнаткашони ба корҳои дорои хатари зиёд ба ҳаёт ва саломатӣ машғулбуда аз ҳодисаҳои нохуш, ки дар тамоми давраи фаъолияти Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" то 1 ноябри соли 2010 ташаккул ёфтааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта шавад.

Тибқи натиҷаҳои соли 2010, аз 1 январи соли 2011 оғоз намуда, минбаъд даромадҳо аз ҳаққи суғуртавии ин намуди суғуртаи ҳатмӣ бо тарҳи:

- ҳаққи хизматрасонии агентҳои суғуртавӣ ба андозаи 5 фоиз,

- маблағҳо барои Фонди тадбирҳои пешгирикунӣ ба андозаи 2 фоиз,

- пардохтҳои суғуртавӣ барои ҳолатҳои, ҳодисаҳои суғуртавии воқеан рухдода, даромади Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" дониста шаванд.

70 фоизи ин маблағҳо баъди ситонидани андозҳо, ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, 30 фоизи он барои пешбурди кор дар Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" нигоҳ дошта шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2010 № 650).

9. Ширкати суғуртаи давлатии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраршуда Дастуруламали тартиби гузарондаи суғуртаи ҳатмии давлатии заҳматкашонро, ки дар корҳои барои ҳаёту саломатӣ хеле хавфнок кор мекунанд, таҳия намуда, ба маълумоти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон расонад.

Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2010 № 650).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 12 январи соли 1996, № 36

ш.Душанбе