Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 1996, № 448 "Дар бораи додани қарзи бефоиз ба судяҳо ва хизматчиёни полицияи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 04.03.2002

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи додани қарзи бефоиз ба судяҳо ва хизматчиёни полицияи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарор аз 04.03.2002 с. № 104)

Бо мақсади Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пурзӯр намудани назорат ва истифодаи босамари маблағҳои буҷетӣ ҳангоми ҷудо намудани қарзи имтиёзнок барои беҳтар кардани шароити зисти судяҳо ва кормандони воҳидҳои андоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мукунад (Қарор аз 04.03.2002 с. № 104):

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 сар карда дар буҷети ҷумҳурӣ барои додани қарзи бефоиз ба судяҳо ва кормандони воҳидҳои полицияи андоз маблағҳои бо ҷудо кардани минбаъдаи онҳо ба Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли захираҳои кредитӣ пешбинӣ намояд.

2. Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судяҳо ва кормандони воҳидҳои полиция андз аз рӯи пешниҳоди ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ҳар қарзгиранда 500 ҳазор рубл қарз диҳад.

3. Муқаррар карда шавад, ки:

бо шарти кор дар вазифаи судя ба муддати 10 сол ва аз ин зиёдтар пардохти қарз аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ҳар моҳ бо ҳиссаи баробар дар давоми 5 сол, аз соли 3 пас аз худ кардани қарз сар карда ё бо розигии Ҳукумат дар як вақт ба амал бароварда мешавад;

пардохти қарзӣ ба кормандони воҳидҳои полицияи андоз дода шуда ҳар моҳ, аз ҳисоби қарзгир бо ҳиссаҳои баробар дар давоми 20 сол, пас аз соли 3 аз худ кардани қарз сар карда, сурат мегирад;

ба сифати гарави баргардонидани қарз манзили харидашуда ё сохташаванда тавассути идораи нотариалӣ ба расмият дароварда мешавад;

маблағи қарзи баргардаронидашуда пурра ва даромади буҷети Ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ҷудо кардани қарзи бефоизро ба судьяҳо ва кормандони воҳидҳои полицияи андоз таҳия ва тасдиқ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 11 октябри соли 1996 № 448

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи додани қарзи бефоиз ба судяҳо ва хизматчиёни полицияи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 "Дар бораи мақоми судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти давлатии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади пурзӯр намудани назорат ва истифодаи босамари маблағҳои буҷетӣ ҳангоми ҷудо намудани қарзи имтиёзнок барои беҳтар кардани шароити зисти судяҳо ва кормандони воҳидҳои андоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон карор мукунад:

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 сар карда дар буҷети ҷумҳурӣ барои додани қарзи бефоиз ба судӣяҳо ва кормандони воҳидҳои полицияи андоз маблағҳои бо ҷудо кардани минбаъдаи онҳо ба Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли захираҳои кредитӣ пешбинӣ намояд.

2. Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судӣяҳо ва кормандони воҳидҳои полиция андз аз рӯи пешниҳоди ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ҳар қарзгиранда 500 ҳазор рубл қарз диҳад.

3. Муқаррар карда шавад, ки:

бо шарти кор дар вазифаи судя ба муддати 10 сол ва аз ин зиёдтар пардохти қарз аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ҳар моҳ бо ҳиссаи баробар дар давоми 5 сол, аз соли 3 пас аз худ кардани қарз сар карда ё бо розигии Ҳукумат дар як вақт ба амал бароварда мешавад;

пардохти қарзи ба кормандони воҳидҳои полицияи андоз дода шуда ҳар моҳ, аз ҳисоби қарзгир бо ҳиссаҳои баробар дар давоми 20 сол, пас аз соли 3 аз худ кардани қарз сар карда, сурат мегирад;

ба сифати гарави баргардонидани қарз манзили харидашуда ё сохташаванда тавассути идораи нотариалӣ ба расмият дароварда мешавад;

маблағи қарзи баргардаронидашуда пурра ва даромади буҷети Ҷумҳурии гузаронида мешавад.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ҷудо кардани қарзи бефоизро ба судьяҳо ва кормандони воҳидҳои полиция андоз таҳия ва тасдиқ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

аз 11 октябри соли 1996№0 448

ш. Душанбе