Қоидаҳои ҳисоби музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд аз 4 июли соли 2006, № 308

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.06.2007с. № 313 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июли соли 2006 № 308

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои ҳисоби музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд

1. Қоидаҳои мазкур тартиби ҳисоби музди миёнаи меҳнати кормандонеро, ки дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолият машғули кор ҳастанд (дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд), дар ҳама ҳолатҳо, ба истиснои муайянкунии музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани тамоми намудҳои нафақа, кӯмакпулии товони зарари ба кормандон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ расонидашуда ва дигар ҳолатҳои муқаррнанамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян менамояд.

2. Ҳисоби музди миёнаи меҳнати кормандон дар ҳама холатҳо (пардохти кӯмакпулиҳои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ: кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, кӯмакпулӣ барои хомиладорӣ ва таваллуд, ҳангоми пардохти рухсатиҳои асосӣ, дарозкардашуда, иловагӣ, таълимӣ ва эҷодӣ, ҳангоми иҷро нагардидани меъёрҳои коркард, бекористӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор на бо айби корманд, давраи гузаштан ба кори дигар ва ноилоҷ ба кор ҳозир нашудан, дар сафари хизматӣ қарор доштан, ҳангоми ҳисоби кӯмаклулӣ дар вақти аз кор рафтан, иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, додани кафолатҳои иловагӣ барои занону ҷавонон ва дар дигар ҳолатҳо), ки ҳисоби андозаи музди миёнаи меҳнатро талаб менамоянд, аз рӯзи охирини :баландшавии маошҳои вазифавии амалкуланда (меъёрҳои тарифӣ) анҷом дода мешавад. Барои ҳисоби музди миёнаи меҳнат шумораи моҳҳои тақвимии (3 ё 12 моҳ) баъди зиёдшавии навбатии маошҳои вазифавии амалкунанда (ченакҳои тарифӣ) ва ҳолати мушаххаси қаблӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

3. Маблағи мукофотпулиҳо ва дигар пардохтҳо, ки мувофиқи низоми пардохти музди меҳнат пешбннӣ шудаанд, (ба ғайр аз маошҳои вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ) ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат аз рӯи ҳисоби воқеиашом дар давраи ҳисоботӣ, ба назар гирифта шуда, баъд аз он би коэффитсиенти охирини баландшавии музди меҳнат зарб карда шуда ба ҳисоби миёнаи якмоҳаи музди меҳнат ҳамроҳ карда мешаванд. Мукофотҳою подошҳои солона бошад, ба андозаи 1/32 барои ҳар як моҳи давраи хисоботӣ, дохил карда мешаванд.

4. Барои муайян намудани музди миёнаи моҳонаи меҳнат, музди миёнаи якрӯзаи меҳнат истифода мешавад.

5. Музди миёнаи якрӯзаи меҳнат дар ҳолати пардохти кафолатнок, ҳангоми пардохти кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бекористӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ноқис на бо айби корманд, давраи гузаштан ба кори дигар, ҳангоми ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ва дар дигар ҳолатҳо (ғайр аз пардохти рухсатиҳо ва ҳисоб кардани нафақа, кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, ҳангоми ноилоҷ хозир шудан ба кор, ки аз давраи ҳисоботӣ (3 моҳ) ду маротиба зиёд аст) бо роҳи тақсим кардани маблағҳои воқеии ҳисобшудаи давраи ҳисоботӣ (вале на зиёда аз 3 моҳ) ба шумораи пурраи моҳҳои вақти гузаштаи пардохти ба корманд тааллуқдошта дар ҳама ҳолатҳо ва ба коэффитсиенти шумораи миёнаи якмоҳаи рӯзҳои корӣ бо дарназардошти давомнокии мӯътадил ё кӯтоҳи вақти корие, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, муайян карда мешавад:

а) барои муайян намудани музди миёнаи якрӯзаи меҳнат, дар ҳолати давомнокии вақти кории мӯътадил (40 соат дар як ҳафта) ҳангоми ҳафтаи кории шашрӯза коэффитсиенти 25,0 - ҳисоби миёнаи рӯзҳои кории якмоҳа, ва ҳангоми ҳафтаи кории панҷрӯза коэффитсиенти 20,6 - шумораи миёнаи рӯзҳои корӣ дар як моҳ истифода карда мешавад. Ҳисоби музди миёнаи меҳнат дар ин давра бо роҳи зарб задани музди миёнаи меҳнати якрӯза ба шумораи рӯзҳои корӣ, ки ҳисоб карда мешавад, амалӣ мегардад;

б) ҳангоми баҳисобгирии ҷамъбастии вақти корӣ музди миёнаи меҳнат, дар асоси музди меҳнати соатбайъ ҳисоб карда мешавад. Барои он ки маблағи пардохт муаяйн карда шавад, бояд музди меҳнати ҳисобкардашудаи давраи ҳисоботӣ (меъёрҳои тарифии моҳона, маош) ба фонди вақти кории миёнаи якмоҳа, ки ба 165,0 соат дар як моҳ баробар аст, тақсим карда шавад ва маблағи музди меҳнати миёнаи соати ҳосилшуда ба миқдори соатҳои воқеии дар ин давра коркардашуда, зарб карда шавад;

в) азнавҳисобкунии меъёрҳои тарифии (маошҳо) соатбайъ ҳангоми ҳафтаи кории 35 - соата, бо роҳи тақсим намудани фонди вақти кории миёиаи якмоҳа ба коэффитсиенти дахлдори 1,14 (40 :35) ва хамчунин барои дигар низом (ҳафтаҳои кории 16, 18 па 24 соата), ки мувофиқи қонунгузорин Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, анҷом дода мешавад;

г) маблағи умумии музди миёнаи меҳнат, бо роҳи зарб задани музди миёнаи меҳнати якрӯза ё яксоата ба шумораи рӯзҳо ё соатҳои кории корманди мазкур, ки тибқи ҷадвали (графики) кор дар фосилаи вақте, ки бояд пардохта шавад, муайян мегардад.

6. Ҳисобкунни музди миёнаи якмоҳаи меҳнат барои пардохт дар вақти рухсатиҳои меҳнатии харсолаи пардохтшавандаи асосӣ ва иловагӣ (аз он ҷумла дарозмуддат), инчунин барои пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор, ки аз давраи ҳисобкунӣ ду маротиба зиёд аст (3 моҳ), аз ҳисоби музди миёиаи меҳнат дар 12 моҳи тақвимӣ ё бо хоҳиши корманд аз рӯзи охирини баландшавии маоши вазифавии амалкунанда (меъёри тарифӣ) мутобиқи банди 2 Қоидаҳои мазкур, пеш аз моҳи ба рухсатӣ рафтани корманд ё пардохти ҷубронлулӣ барои рухсатии тстифоданашуда (аз рӯзе, ки пардохти музди миёнаи меҳнат ҳисоб шудааст) анҷом дода мешавад:

а) музди ммёнаи меҳнати якрӯза барои пардохти маблағи рухсатӣ бо роҳи тақсими хамаи маблағхои воқеии ҳисобкардашуда барои давраи 12 моҳ ва ё аз лаҳзаи баландшавии охирини маошҳои вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) ба миқдори пурраи моҳҳои то пешниҳоди рухсатӣ ва ба коэффитспенти 29,3 - миқдори миёнаи рӯзҳои тақвимӣ муайян карда мешавад. Ҳисоби пардохти рухсатӣ бо роҳи зарб задани музди миёнаи меҳнати якрӯза ба шумораи рӯзҳои тақвимии рухсатӣ, амалӣ мешавад.

б) агар рухсатӣ аз ҳисоби музди миёнаи меҳнати аз давраи рӯзи охирини баландшавии маоши вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) дода шавад, ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат ҳамаи пардохтҳои баъди баландшавӣ суратгирифта, инчунин мукофотҳо ва дигар пардохтҳои (ба ғайр аз маоши вазифавӣ) то балалдшаавӣ анҷомдодашуда ва ба давраи ҳисоботӣ (12 моҳ) дохилшаванда, ба ҳисоб гирмфта мешаванд. Мукофотҳо ва пардохтҳои мазкури давраи то зиёдшавӣ ва ба давраи ҳисоботӣ дохилшаванда ба андозаи зиёдшавӣ тасҳеҳ мегарданд;

в) дар сурате, ки агар давраи ҳисобӣ пурра кор карда нашуда бошад, рухсатӣ аз рӯи музди миёнаи меҳнати якрӯза, ки бо тарзи тақсим намудани музди меҳнати вақти воқеии коркардашуда ба миқдори моҳҳои пурраи корӣ ва ба рӯзҳои тақвимии рухсатӣ, ки мувофиқи моддат 90 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст зарб зада, пардохт карда мешавад.

7. Ҳангоми ҳисоб намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои ҳарсолаи меҳнатӣ аз давраи ҳисоботӣ вақте, ки дар давоми он корманд дар рухсатиҳои бемузд ё қисман пардохтшаванда қарор дошт ва барои нигоҳубкни кӯдак, то синни муайяннамудаи қонун расидани ӯкӯмакпулӣ гирифтааст, хориҷ карда мешавад. Дар ҳолати қисман нигоҳ доштани музди меҳнат ҳангоми озодшавӣ аз кор ин қисм аз ҳисоби музди миёнаи меҳнат хориҷ карда мешавад. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ, ки ба давраи рухсатӣ рост меоянд, дар вақти муайян намудани давомнокии рухсатиҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд ва пардохт карда намешаванд.

8. Ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти кӯмакпулиҳои аз суғуртаи иҷтимоии давлатӣ пардохтшаванда, бо қоидаҳои умумӣ, аз ҷумла барои пардохти кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ мутобиқи талаботи бандҳои 2-5, 10-13 ва кӯмакпулиҳо барои хомиладорӣ ва таваллуд мутобиқи талаботи бандхои 2-4, 6-7,10-13 Қоидаҳои мазкур амалӣ мегардад:

а) барои ҳисобкунии кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ музди меҳнати вокеии ҳисобкардашуда, аммо ба маблағи на зиёда аз маоши вазифавии дукарата ё меъёри тарифии дукарата, истифода карда мешавад. Ин маҳдудият дар ҳолати маъюбии меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, ки дар ин ҳолатҳо кӯмакпулӣ ба андозаи музди миёнаи меҳнати воқеӣ бидуни маҳдудияти маблағи маоши дукарата (меъёри тарифӣ) дода мешаванд, ба назар гирифта намешавад;

б) ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат барои ҳисобкунии кӯмакпулиҳо ҳамаи намудхои пардохтҳои музди меҳнат, ки дар банди 14 Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудаанд, нисбати ҷойи кори асосӣ ва дар ду ҷой кор кардан, ҳамзамон маблағҳои мукофотпулии ҳаққи муаллиф (гонорарҳо) ва маблағҳои мукофотпулӣ аз рӯи шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ба мӯҳлати муайян ё коре, ки агар аз онҳо хаққи суғурта ситонида шуда бошад, ба назар гирифта мешаванд. Давраҳои корношоямии муваққатӣ ё рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат ба инобат гирифта намешаванд.

9. Ҳангоми бо корманд катъ намудани шартномаи (қарордоди) мехнатӣ, ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатти истифоданашуда, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи бо кор таъминкунӣ мутобиқи талаботи бандҳои 2-4, 6-7, 10-13 Қоидаҳои мазкур амалӣ мегардад.

10. Ҳангоми иҷрои корҳои гуногунпардохт (корҳои тармимӣ якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ, иҷрои вазифаи кормандони муваққатан дар кор ҳозир набуда ва ғайраҳо) муздт миёнаи меҳнат аз маблағи умумии подош, ки бо ҳамаи намудҳои корҳои иҷрошуда пардохт карда шудааст, ҳисоб карда мешавад.

11. Дар холати дар давраи ҳисоботӣ мавҷуд набудани музди меҳнат, аз ҷумла хангоми пардохти давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор, ҳангоми ҳафтаи кории нопурра, рӯзи кории нопурра ва ё музди меҳнати давраҳое. ки аз ҳисобкунӣ хориҷ карда шудаанд, музди меҳнати миёнаи якрӯза аз рӯи маблағҳои воқеии ҳисобкардашуда дар давраи семоҳаи тақвимии охирт иҷрои кор, бевостта пеш аз давраи ҳисоботӣ бо тасҳуҳи минбаьдаи онҳо ба андозаи зиёдшавии маошҳои вазифавӣ (ченакҳои тарифӣ) муайян карда мешавад.

Агар корманд ҳам дар давраи хисоботӣ, ҳам то давраи ҳисоботи ва дар моҳе, ки ҳолати баамаломада ба нигоҳдории музди миёнаи мёҳнат алоқаманд аст, музди меҳнати воқеии ҳисобкардашуда ё рӯзи корӣ надошта бошад, дар ин маврид музди миёнаи меҳнат аз рӯи ченакҳои тарифии дараҷам муқарраргардида ва маоши вазифавӣ муайяи карда машавад.

12. Музди меҳнати миёна дар рӯзи пардохти он ба корманд, ки дар давраи ҳисоботи меъёри муайяни вақти корӣ ва ҳаҷми корро пурра иҷро кардааст, наметавонад аз андозаи музди меҳмати ҳадди ақали муқарраркардашуда паст бошад.

13. Ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат дар ноҳияҳое, ки коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон ва ҷойҳо беоб, коэффитсиентҳои баландкӯҳӣ, истифода карда мешаванд, бо дарназардошти коэффитсиентҳо барои ноҳияи мушаххас ва андозаи музди мҳнате, ки дар вақти хисобкунии музди миёна илова карда мешавад, амалӣ мегардад.

14. Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат пардохтҳое, ки аз онҳо андози даромад ситонида мешаванд ва андозҳои, ки ба буҷети Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба ҳисоб гирифта мешаванд, яъне:

а) музди меҳнати асосӣ, ки бо шартномаи (қарордоди) коллективӣ, инфиродӣ, меъёрҳои тарифӣ, маоши вазифавӣ ё музди корбайъ, муайян карда шудааст;

б) пардохтҳои кафолатноки музди меҳнат хангоми ба кори дигар гузаронидан, тағйири макон бо сабаби қабул ё гузаштан ба кори дар маҳалли дигар воқеъбуда, дар вақти дар сафари хизматӣ, рухсатиҳои меҳнати будан, иҷро намудани вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ:

- пардохти музди меҳнат ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ноқис ва бекористӣ на бо айби корманд, вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор;

- музди меҳнати дар вақти таҳсил нигоҳдошташаванда дар муассисаҳои таълимӣ (курсҳо) ва ба занҳо дар давраи танаффус барои маконидани тифл;

в) изофзпулӣ ва пловапулиҲо:

- барои тахассус, дараҷа, рутбаҳои тахассусӣ, унвони илмӣ, донистани забони хориҷӣ, барои собиқаи хизмат, фарқияти байнидараҷавӣ, иҷрои корҳои махсусан муҳим, шахсӣ ва дар дигар ҳолатҳо;

- барои баланд бардоштанн самаранокии меҳнат, (барои иҷрои вазифаҳои корманди ҳозирнабуда дар муддати давомнокии рӯзи кории муқаррарӣ, барои хизматрасонии якчанд дастгоҳ, барои иҷрои ду вазифа, касб, барои васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани хаҷми корҳои иҷрошаванда), барои роҳбари ба ҳайат, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, барои омӯзонидани шогирдон дар истехсолот;

- барои кор ҳангоми риоя накардани низоми мӯътадили вақти корӣ (барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ ва кори шабона, барои кор дар рӯзҳои ид ва истироҳат);

- иловапулиҳо ба кормандони меъёри кориашон корбайъ, ҳангми шароити мӯътадили меҳнат (дар мавридҳое, ки агар иҷро нагардидани меъёри коркарди маҳсулот дар ҳолати тағйирёбии шароити истеҳсолот нисбати он шароитҳо, ки бо дарназардошти он меъёр муқаррар карда шуда буд, ба амал омада бошад);

- барои кор ҳангоми риоя иакардани шароити мӯътадили мениат (барои корҳои вазнин ва зарарнок; шароитн меҳнати махсусан вазнин ва махсусан зарарнок, дар ноҳияҳо ва маҳалҳои дорои шароти номусоиди табиию иқлимӣ ва маишии меҳнат);

г) тамоми намуди мукофотҳои тибқи низомномаи музди меҳнат ва низомнома дар бораи мукофотонӣ пешбинигардида ва дар ҳамин корхона, муассиса, ташкилот тасдиқшуда ё мувофиқи шартномаи (созишномаи) коллективӣ тасдиқ гардида.

15. Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат инҳо ба ҳисоб гприфта намешаванд:

а) пардохтҳое, ки берун аз манбаъҳои Фонди музди меҳнат (барои мусоидат дар ҷори намудани ихтироот ва пешниҳодҳои навоварӣ), пардохти стипендияҳое, ки корхона барои донишҷӯён ва аспирантҳои ҷудо аз истеҳсолот ба таҳсил фиристодашуда медиҳад, кӯмакпулиҳо барои хӯроки нисфирӯзӣ, арзиши роҳхатҳо барои табобат дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо аз ҳисоби Фонди рушди иҷтимоӣ (фонди истеъмолот);

б) ҳамаи намудҳои подошҳои иловагии хусусияти яквақтаинадошта (иҷрои супоришҳои алоҳидае, ки ба доираи визифаҳои муқаррарии корманд дохил намешаванд; мукофотпулиҳо ва подошҳои яквақтаинаи хусусияти ҳавасмандгардонӣ дошта ба муносибати ҷашнҳои шахсӣ, кумакпулӣ ҳангоми озодшавӣ аз вазифа, кӯмакпулиҳои ҳавасмандгпрдонии моддӣ, мукофотҳои пулӣ барои ишғоли мақоми аввал дар озмунҳо ва ғайра);

в) ҷубронпулиҳо:

- хангоми дар сафари хизматӣ будан ва гузаштан ба кори дигар ки ба ҷои хароҷоти шабонарӯзӣ, кирояи марзии ва роҳкиро пардохти мешаванд (маблағҳои хароҷот барои интиқол, пардохти кирояи меҳмонхона, роҳкиро, пардохт барои кашонидани амвол ва кирояи бино ҳангоми ба кори дигар гузаронидан ё гузаштан ба кори дар маҳалли дигар воқеъбуда;

- арзиши манзилҳои ба таври ройгон додашуда, хизматрасонии комуналлӣ ва сӯзишворӣ;

- барои рухсатии истифоданашуда, барои фарсудашавии асбоб, либоси махсус ва ғайра;

г) кӯмакпулиҳои аз суғуртаи иҷтимоии давлатӣ пардохтшаванда;

д) музди меҳнати дар рӯзҳои кории беподоши меҳнат, ки ба буҷети дахлдор ё фондҳои хайрияи гузаронида мешавад.

16. Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнати хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимияти давлатӣ пардохтҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида пешбинигардида, аз маблағҳои воқеии ҳисобшудаи давраи ҳисоботӣ, ки аз онҳо андози иҷтимоӣ ситонида мешаванд, ба ҳисоб гирифта мешаванд.

17. Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат аз маблағҳои буҷетӣ ва махсус (аз даромади фаъолияти хоҷагидории музди миёнаи меҳнат) дар ҳама ҳолатҳое, ки Қоидаҳои мазкур пешбинӣ намудааст, аз ҳар ду сарчашмаҳои маблағгузорӣ анҷом дода мешавад, агар аз ин маблағҳо андози иҷтимоӣ ситонида шуда бошад.