Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006, № 320 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998 № 129 "Дар бораи тартиби супоридани корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, биноҳо ва иншоотҳои давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998 № 129 "Дар бораи тартиби супоридани корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, биноҳо ва иншоотҳои давлатӣ"

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998 № 129 "Дар бораи тартиби супоридани корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, биноҳо ва иншоотҳои давлатӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

Дар ном ва банди 1 қарор пас аз калимаи "супоридани" калимаи "амволи" илова карда шавад:

Дар охири сархати панҷуми банди 1 калимаҳои ", ки бо Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, амалӣ карда мешавад" илова карда шаванд;

Банди 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Супоридани воситаҳои асосии дигари давлатӣ (воситаҳои нақлиётӣ, таҷҳизоту механизмҳо, воситаҳои компютерӣ, мебел ва инвентар) аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ, аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ, аз ихтиёри яке аз вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба зиммаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд".

Банди 2 банди 3 ҳисобида шуда, баъд аз калимаҳои "шакли моликияташон ғайридавлатӣ мебошад" калимаҳои "инчунин шахсони воқеӣ" илова карда шуда, калимаҳои "биноҳо ва иншооти" ба калимаҳои "моликияти" иваз карда шавад;

Банди 3 банди 4 ҳисобида шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 4 июли соли 2006 № 320

ш. Душанбе