Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи аниқ кардани мӯҳлатҳои истифодаи мошинҳои назаротию кассавӣ ҳангоми ҳисобу китоби пул бо аҳолӣ
Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо дар татбиқи Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1994 № 232 "Дар бораи истифодаи мошинҳои назоратию кассавӣ ҳангоми ҳисобу китоби пул бо аҳолӣ" ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 № 143 "Дар хусуси қисман тағьир додани Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1994 "Дар бораи истифодаи мошинҳои назоратию кассавӣ ҳангоми ҳисобу китоби пул бо аҳолӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҳамаи корхонаҳо (аз ҷумла ашхоси воқеие, ки бе таъсиси шахси юридикӣ бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд), ташкилотҳо, муассисаҳо, шӯъбаҳои онҳо ва дигар воҳидҳои мустақил (минбаъд корхонаҳо) ҳангоми гузаронидани амалиёти савдо ё расонидани хизмат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобу китоби пулро бо аҳолӣ бо истифодаи ҳатмии мошинҳои назоратию кассавӣ ба роҳ монанд.
2. Ба комиссияи экспертии байниидоравии мошинҳои назоратию кассавӣ супурда шавад, ки:
дар муҳлати як ҳафта навъҳои мошинҳои назоратию кассавиеро, ки бо истифодаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, муайян намояд ва дар ин хусус субъектҳои хоҷагидориро тавассути воситаҳои ахбори умум хабардор созад;
ба маълумоти тамоми субъектҳои дар банди 1 қарори мазкур зикргардида масъалаи зарурати аз ҳисоби маблағҳои худашон харидани мошинҳои назоратию кассавиро расонанд;
дар масъалаи ҷалб кардани субъектҳои хоҷагидорӣ барои таъмини воридоти мошинҳои назоратию кассавӣ ба миқдори зарурӣ чораҳо андешад.
3. Барои риоя кардани муҳлат ва тартиби истифодаи мошинҳои назоратию кассавӣ чораҳои ҷазои бо фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1994 № 232 "Дар бораи истифодаи мошинҳои назоратию кассавӣ ҳангоми ҳисобу китоби пул бо аҳолӣ" пешбинигардида андешида мешаванд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо вазоратҳо ба идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар бораи имтиёзҳои молиявӣ ба корхонаҳо ва ташкилотҳои ба ҷумҳурӣ мошинҳои назоратию кассавиро таҳвилдиҳандае, ки ин гунна мошинҳоро ба мҷқдори 500 адад ва зиёдтар овардаанд, ки дар сурати мавҷуд будани хулосаи мусбии комиссияи экспертии байниидоравии мошинҳои назоратию кассавӣ ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо пешниҳод намоянд.
5. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси қисман тағъир додани Тоҷикистон "Дар хусуси қисман тағъир додани Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1994 № 232 "Дар бораи истифодаи мошинҳои назоративу кассавӣ ҳангоми ҳисобу китоби пул бо аҳолӣ" (дар таҳрири Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 № 143)" маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 20 маи соли 1996, № 204
ш.Душанбе