Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006, № 317 "Оид ба ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 46 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Аз эътибор соқит дониста шуд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006 № 588

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 46 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 46 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, иловаи зерин ворид карда шавад:

ба зербанди 5.4 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"-ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандон барои муваффақиятҳои меҳнатӣ дар соҳаи рушди молия Нишони фахрии "Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис медиҳад ва сарфароз мегардонад.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 4 июли соли 2006 № 317

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ 28.12.2006г. №588

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 февраля 2003 года №46 "О Министерстве финансов Республики Таджикистан"

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Положение Министерства финансов Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 февраля 2003 года №46 "О Министерстве финансов Республики Таджикистан", следующее дополнение:

подпункт 5.4. дополнить новым абзацем следующего содержания:

"- для поощрения работников за трудовые успехи в развитии сферы финансов учреждает и вручает Почетный знак "Аълочии молияи Чумҳурии Тоҷикистон."

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                       Э. Рахмонов

от 4 июля 2006 года №317

 г. Душанбе