Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006, № 311 "Оид ба таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ"

Мутобиқи моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолоти сохтмонӣ ва беҳтар намудани сифати сохтмон ва меъморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ" бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ иҷозат дода шавад.

2. Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷойгиронии Корхонаи воҳиди давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ"-ро ҳал намояд.

3. Нақшаи идораи кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003 № 74 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, банди 9 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"9. Корхонаи воҳиди давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 4 июли соли 2006 № 311

ш. Душанбе