Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006, № 309 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарои Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 594 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шумораи кормандоии ҳайати хизматрасони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 14 воҳид ихтисор карда шавад.

2. Низомномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

3. Шумораи кормандони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба миқдори 13 воҳид ва Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 7 воҳид ихтисор карда шавад.

Воҳидҳои ихтисоршуда бо хароҷоти нигоҳдориашон ба дастгоҳи марказии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд.

4. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 84 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

Ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал, роҳбари дастгоҳи марказӣ ва ҳайати мушовараи Вазорат иборат аз 9 нафар дошта бошад.

Барои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 5 воҳид муқаррар карда шавад.

5. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида то 1 августи соли 2006:

- оинномаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатиеро, ки ба номгӯйҳо дохил карда шудаанд, бо Низомномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намуда, бо онҳо созишномаҳои дуҷониба ва сеҷониба ба имзо расонад;

- оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ки аз ин қарор бармеоянд, пешниҳод манзур намояд.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2001 № 322 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э. Раҳмонов

аз 4 июли соли 2006 № 309

ш. Душанбе