Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1996, № 95 "Дар бораи тартиб, тасдиқ ва корбасти стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тартиб, тасдиқ ва корбасти стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Тартиби замимагардидаи таҳия, тасдиқ ва корбасти стандарти давлатии таълими маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 23 феврали соли 1996, № 95

ш.Душанбе

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 феврали соли 1996,

№ 95 тасдиқ шудааст

Тартиби таҳия, тасдиқ ва корбасти стандарти давлатии таълими маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

1. Таҳияи стандарти давлатии таълими маълумоти касбиро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазоратҳо ва идораҳои дорандаи мактаби олӣ анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

2. Стандарти давлатии таълими маълумоти олии касбӣ ба сурати зайл тасдиқ мешавад:

- дар қисмати талаботи умумӣ ва сохтори маълумоти олии касбӣ ва барномаҳои таълими маълумоти олии касбӣ, шароитҳои татбиқи онҳо, меъёрҳои кори таълимии муҳассилин ба ҳадди аксари онҳо - аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар қисмати талаботи давлатӣ бар ҳадди ақали мундариҷа, бар дараҷаи омодагии хатмкунандагон аз рӯи самтҳои (тахассусҳои) мушахаси маълумоти олии касбӣ, бар намуанҳои ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олии касбӣ, феҳрасти самтҳо (тахассусҳо), қоидаҳои назорати давлатӣ - аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати вазоратҳо ва идораҳои дорандаи мактаби олӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

3. Стандарҳои давлатии маълумот аз рӯи барномаҳои нави таълими маълумоти олии касбӣ на пештар аз панҷ соли баъди оғози корҳо аз рӯи барномаҳои мазкур ба мавқеъи иҷро гузошта мешаванд.

Стандарҳои давлатии маълумот аз рӯи барномаҳои таълимии беш аз панҷ сол амалкунандаи маълумоти олии касбӣ аз лаҳзаи тасдиқ шуданашон корбаст мегарданд.

Дар давраи байни кушоиши самти (тахассуси) нави тайёрӣ то корбаст шудани стандарҳои давлатии маълумот аз рӯи ин самт (тахассус) муваққатии аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда амал менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).