Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2008 № 613)
Бинобар гузаштан ба муносибатҳои бозаргонӣ ва муқаррар кардани нархи озод, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 январи соли 1996 андозаи якмоҳаи пардохти тафриқавии маблағ аз волидайн барои тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ, сарфи назар ба тобеияти маъмурӣ ва ҷои кори /таҳсили/ волидайн ва ашхосе, ки онҳоро иваз мекунанд, ба андозаи зайл муқаррар карда шавад:
---------------------------+------------------------------------------
Даромади умумӣ ба сари ҳар| Фоизи пардохт аз нишондиханда барои
ъзои оила аз рӯи музди | хисобхо
ҳадди ақали маош |
---------------------------+---------------------+--------------------
|барои нигоҳубини |барои нигоҳубини
|кӯдакон дар |кӯдакон зиёда аз
|муассисахои томактабӣ|12 соат дар як
|то 12 соат дар як |шабонарӯз
|шабонарӯз |
---------------------------+-------Р-------------+--------------------
аэ 2 то 2 12, 5 15
аз 2 то 4 25 30
4 ва аз он зиёд 50 60
2. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият, ташкилот ва корхонаҳое, ки дар тобеияти худ муассисаҳои томактабӣ доранд, иҷозат дода шавад, ки андозаи сарфи маблағро барои тарбияи кӯдакон дар ин муассисаҳо, вобаста ба намуд ва сифати хизматрасонӣ, зиёд ё кам кунанд.
3. Муқаррар карда шавад, ин пардохти маблағ барои тарбияи кӯдакон дар ин муассисаҳо ҳар моҳ аз рӯи банди якуми Қарори мазкур пардохта мешавад.
4. Муқаррар карда шавад, ки барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз волидайне, ки дар оилаи онҳо даромади миёнаи муштараки моҳона ба сари ҳар аъзои оила аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набуда, кӯдаконашон дар муассисаҳои /гурӯҳҳои/ томактабии касалиҳои сил, муассисаҳои /гурӯҳҳои/ махсуси томактабӣ барои кӯдакон аз ҷиҳати ақлӣ ва ҷисмонӣ носолим /карҳо, камшунавоён, нобиноён, нутқи халалёфта, ноқисулақл, дастгоҳи муҳаррик ба қайд гирифта шудаанд, маблағ ситонида намешавад .
5. Қарори девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 1992 № 141 "Дар бораи ҳаҷми пардохти волидайн барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои кӯдаконаи томактабӣ" беъэтибор дониста шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 23 феврали соли 1996, № 94
ш.Душанбе