Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июли соли 2006 № 283
тасдиқ шудааст
Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 15.05.2014 № 320)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика" (минбаъд - Марказ) сохтори мустақил ва махсусгардонидашуда мебошад, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, ҳамоҳангсозию роҳбарии лоиҳаҳои аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва қарзию грантии аз ҷониби созмонҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузоришаванда ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалбшавандаро амалӣ месозад.
2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, созишномаҳои байналмилалии баимзорасида, ҳамчунин Оинномаи мазкур амалӣ месозад.
3. Марказ шахси ҳуқуқӣ, ташкилоти ғайритиҷоратӣ, мутобиқи қонунгузорӣ дорои моликият, баланси мустақил, ҳисобҳо бо асъори миллӣ ва дигар ҳисобҳо дар ташкилотҳои бонкӣ буда, мӯҳр, штамп ва варақаҳои бо сабти номи худро дорад.
4. Марказ фаъолияти худро дар давраи омодасозӣ ва иҷрои лоиҳаҳо дар бахши электроэнергетика амалӣ месозад.
5. Агентии иҷроияи лоиҳаи зикршуда Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" (минбаъд - Агентии иҷроия) мебошад.
II. Ном ва маҳали ҷойгиршавии Марказ
6. Номи Марказ:
Бо забони тоҷикӣ пурра: Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика"
Кӯтоҳ шуда: МД "МИЛБЭ"
Бо забони русӣ пурра: Государственное учреждение "Центр управления проектами электроэнергетического сектора"
Кӯтоҳ: ГУ "ЦУПЭС"
Бо забони англисӣ: State establishment "Projects menegement unit for electro-enerjy sector".
Кӯтоҳ: SE "PMU for electro-enerjy sector".
7. Маҳали ҷойгиршавии Марказ: 734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров - 39А .
III. Мақсад ва мазмуни фаъолият
8. Мақсадҳои асосии фаъолияти Марказ инҳо мебошанд:
- таҳия намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо асосноксозии иқтисодиву техникӣ ва ташкили шароит барои татбиқи лоиҳаҳо;
- таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки гранту қарзҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳо ҷалб карда шудаанд.
9. Мазмуни асосии фаъолияти Марказро инҳо ташкил медиҳанд:
- ҳамоҳангсозӣ ва таъмини шароити кории коршиносон-мушовирони байналмиллалӣ ва миллӣ оид ба тайёрӣ ва татбиқи лоиҳаҳо;
- ташкили фаъолият оид ба татбиқи лоиҳаҳо бо Агентии иҷроия, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо;
- амалисозии мониторинг ва назорати сифати корҳои иҷрошуда оид ба татбиқи қисматҳои лоиҳаҳо аз тарафи пудратчиён ва пудратчиёни фаръӣ;
- амалисозии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, ки ба иҷрои вазифаҳои гуногун оид ба татбиқи лоиҳаҳо равона шудааст;
- дигар фаъолияти аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънашуда, ки барои ҳалли вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда зарур аст.
IV. Ҳукуқ ва ӯҳдадориҳои Марказ
10. Марказ ҳуқуқ дорад:
- шартномаҳо, қарордодҳо оид ба хариди таҷҳизот дар мувофиқа бо Агентии иҷроия, созмонҳои байлналмилалии молиявиро ба имзо расонида, дигар амалиёти ҳуқуқиро иҷро намояд;
- ҳисобҳо бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар ташкилотҳои бонкии ҷумҳурӣ кушояд;
- мониторинг ва баҳодиҳии арзиши рафти иҷрои корҳоро таъмин созад;
- дигар фаъолияте, ки ба мақсадҳои Марказ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд иҷро намояд.
11. Марказ ӯҳдадор аст:
- ба кормандони худ шароити бехатарии меҳнат ташкил намояд ва бо тартиби муқарраршуда барои зарари расонидашуда ба саломатӣ ва қобилияти меҳнатии онҳо масъул бошад;
- баҳисобгирии фаврӣ ва муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагиро анҷом дода, хуҷҷатҳои оморӣ ва муҳосибавӣ таҳия намояд.
V. Сарчашмаҳои ташаккули маблағҳо ва амвол
12. Марказ дар ихтиёри худ бино, иншоот, таҷҳизот, асбобу олот ва дигар амвол, ки барои таъмини фаолияти дар ҳамин Оиннома пешбинишуда заруранд, дорад;
13. Амволи Марказ аз ҳисоби инҳо ташаккул меёбад:
- маблағгузориҳои молиявӣ ва моддии аз тарафи Агентии иҷроия ҷудошуда;
- дигар маблағҳое, ки аз тарафи ташкилотҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои амалӣ гардонидани лоиҳаҳо ҷудо шудаанд ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.
Воситаҳои молиявии Марказ бояд мувофиқи шартҳои дар созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ пешбинигардида, истифода шаванд.
VI. Идоракунии фаъолияти Марказ
14. Директори иҷроия шахси олии мансабдори Марказ мебошад. Директории иҷроия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
15. Ба салоҳияти Директори иҷроияи Марказ инҳо тааллук доранд:
- ташкили роҳбарии умумии фаъолияти Марказ;
- намояндагии манфиатҳои Марказ дар ташкилотҳои давлатӣ, ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ;
- роҳбарии умумии татбиқи лоиҳа, кумаки техникӣ ва хидмати консалтингии хам мушовирони маҳаллӣ ва ҳам байналмилалӣ;
- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани сохтор, ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти Марказ;
- ба имзо расонидани шартномаҳо, қарордодҳо ва дигар амалиёт аз номи Марказ бидуни қарордоди пешакӣ;
- ихтиёрдории амвол ва маблағҳои Марказ мувофиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани ваколатномаҳо, имзои ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷагӣ;
- дар доираи салоҳияти худ баровардани қарор ва дастурҳо, ки иҷрояшон барои ҳамаи коргарони Марказ ҳатмианд;
- кушодани ҳисобҳои пардохт ва дигар ҳисобҳои Марказ дар ташкилотҳои бонкӣ;
- интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисони Марказ, ба имзо расонидани шартнома ва қарордодҳои меҳнатӣ;
- таъин ва озод намудани коргарони Марказ бо тартиби муқарраршуда;
- иҷрои дигар амалиёт мувофиқи Оинномаи мазкур;
16. Директори иҷроияи Марказ фаъолияти худро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад. Аз фаъолияти худ ӯ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
17. Барои иҷрои вазифаҳои дар назди Марказ гузошташуда Директори иҷроия ҷавобгарии шахсиро ба ӯҳда дошта, сатҳи масъулияти коргарони Марказро муқаррар мекунад.
18. Тайёр намудани дархостномаҳо барои гирифтани маблағ аз ҳисобҳои созмонҳои молиявӣ.
VII. Ҳисобот ва ҷавобгарӣ
19. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботии Марказ мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ҳуқуқӣ, инчунин мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ бурда мешавад.
20. Ҷамъбасти фаъолияти Марказ дар ҳисоботҳои ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солона инъикос меёбад, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии иҷроия, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои дахлдори байналмилалии молиявӣ пешниҳод карда мешавад.
21. Аудити молиявӣ ва техникии лоиҳа ҳарсола аз ҷониби аудиторони мустақил мутобиқи шартҳои созишномаҳои амалкунанда гузаронида мешавад.
22. Соли молиявӣ 1 январ оғоз мегардад ва 31 декабр анҷом меёбад.
VIII. Шартҳои дигар
23. Тағйирот ва иловаҳо ба Оинномаи Марказ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.
24. Азнавташкилдиҳӣ (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) ва барҳамдиҳии Марказ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

6. Маҳали ҷойгиршавии Марказ: 734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонй 64.