Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001 № 337 "Дар бораи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Воҳидҳои штатии ҳайати хизматрасони дастгоҳи марказии Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 10 воҳид ихтисор карда шаванд.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001 № 337 "Дар бораи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
дар банди 1 калимаҳои "сохтори дастгоҳи марказии он ва номгӯйҳои корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳое (замима мегарданд), ки дар асоси шартҳои созишномаҳои дуҷониба бо он басташаванда фаъолият мекунанд, тасдиқ карда шаванд." ба калимаҳои "Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идораи вазорат ва Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотхое, ки бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартҳои созишномаҳои дуҷониба фаъолият мекунанд, дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд)." иваз карда шаванд.
дар сархати якуми банди 2 калимаҳои "45 воҳид" ба калимаҳои "42 воҳид" иваз карда шаванд; сархати дуюми банди 3 ва банди 6 хориҷ карда шаванд.
3. Ба Низомномаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001 № 337 "Дар бораи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
бандҳои 1 ва 2 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"1. Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар идоракунӣ ва танзими соҳаи алоқаи барқӣ ва почта (минбаъд - алоқа), технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар вазорату идораҳоро дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, инчунин сиёсати техникиро дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ татбиқ менамояд.
2. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоотонӣ", "Дар бораи алоқаи барқӣ", "Дар бораи алоқаи почта" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд".
дар банди 3:
- дар сархати сеюм баъд аз калимаҳои "алоқа ва информатизатсия" калимахои ", рушди воситаҳои техникии телевизион ва радиошунавонӣ, илова карда шаванд;
- дар сархати панҷум пеш аз калимаи "ҳамоҳангсозӣ" калимаи "идоракунӣ," илова карда шавад;
- сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"идоракунӣ ва таъминоти фаъолияти ташкилию техникии Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи тақсимот ва истифодабарии спектри радиобасомадхо";
дар банди 4:
- сархати якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"танзими фаъолият дар сохаи алоқа, иттилоотонӣ ва спектри радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- дар сархати дуюм баъд аз калимаи "информатизатсия" калимаҳои ",Накшаи миллии тақсими радиобасомадҳо" илова карда шаванд;
- дар сархати даҳум калимаҳои "манфиатдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалхо" ба калимаҳои "радиобасомади Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва калимаҳои "мавҷии", "мавҷи радиогӣ" мутаносибан ба калимаҳои "басомади" ва "радиобасомад" иваз карда шаванд;
- дар сархати бисту шашум баъд аз калимаҳои "оид ба масъалаҳои алоқа ва информатизатсия" калимаҳои "спектри радиобасомад" илова карда шаванд;
- дар сархати сию якум баъд аз калимаи "сертификати" калимаи "мутобиқати" илова карда шавад;
- баъд аз сархати сию якум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"гузаронидани озмоишҳои сертификатсионӣ ва додани сертификати мутобиқат ба таҷҳизот ва хизматрасонии алоқаи барқӣ, инчунин дигар воситаҳои техникӣ, ки манбаи афканишоти радиобасомадҳо мебошанд";
- баъд аз сархати сию сеюм сархатҳои нави зерин илова карда шаванд:
"муайян намудани консепсияи дарозмуддати инкишоф ва истифодабарии спектри радиобасомадҳо;
ташкили қабули шаҳрвандон, саривақт баррасӣ намудани муроҷиатҳо ва додани ҷавобҳо мувофиқи тартиби муқарраргардида;
ташкили омодагии касбии кормандони вазорат, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва коромӯзӣ;
такмили нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи маводи бойгонӣ";
дар банди 5:
- сархати ҳафтум бо мазмуни зайл ифода карда шавад:
"муқаррар намудани стандартҳо, меъёрҳо, қоидаҳо, шартҳои иҷозатномавӣ ва тартиби истифодабарии спектри радиобасомадҳо, анҷом додани санҷиши иҷрои онҳо";
- сархати сездаҳум хориҷ карда шавад;
- баъд аз сархати понздаҳум сархатҳои нави зайл илова карда шаванд:
"ташкил кардани системаи сертификатсияи таҷҳизоти алоқа ва иттилоотонӣ;
манъ кардани истифодаи радиобасомадҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳангоми вайрон кардани тартиби муқарраршудаи истифодаи онҳо;
манъ кардани таҳияву истеҳсоли дастгоҳҳо ва воситаҳои радиоэлектроние, ки ба талаботи муқарраргардидаи техникӣ ҷавобгӯ нестанд;
таҷдид ва рушди системаи давлатии радионазоратӣ;
таъсиси мақомоти иттилоотӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ инъикос мекунанд;
мутобиқи ваколатҳои ба зиммаи вазорат гузошташуда бурдани гуфтушунидҳо оид ба масъалаҳои алоқа, иттилоотонӣ, танзими спектри радиобасомадҳо бо дигар давлатҳо;
ба амал баровардани фаъолият дар доираи ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҳамчун мақоми ягонаи алоқа";
дар сархати дуюми банди 6 калимаи "функцияҳои" ба калимаи "ваколатҳои" иваз карда шавад;
дар сархати сеюми банди 7 баъд аз калимаи "роҳбари" калимаҳои "Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шуда, калимаҳои "роҳбари" ва "онро" ба калимаҳои "роҳбарони" ва "онҳоро" иваз карда шаванд;
дар тамоми матн калимаи "информатизатсия" ба калимаи "иттилоотонӣ" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2006 № 255
ш. Душанбе
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон а
з 3 июни соли 2006 № 255
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва телевизиону радиошунавонӣ
3. Шӯъбаи алоқаи почта
4. Шӯъбаи иқтисод ва дурнамо
5. Шӯъбаи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва назорати молиявӣ
6. Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ
7. Шӯъбаи идоракунии корҳо
8. Бахши ҳуқуқ
9. Бахши кадрҳо
10. Бахши махсус
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 255
Нақшаи идораи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дастгоҳи марказӣ
2. Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Бозрасии давлатии алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 255
Номгӯи корхонаҳо, ташкилоту ва дигар ташкилотҳое, ки бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартҳои созишномаи дуҷониба фаъолият мекунанд
1. Департаменти давлатии "Почтаи Тоҷикистон"
2. Хадамоти давлатии фелдегерӣ
3. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком"
4. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком"
5. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷикалоқасохтмон"
6. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Импекстелеком"
7. Корхонаи манзилию коммуналӣ
8. Муҳофизаи ғайриидоравӣ