Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2001 № 321 "Дар бораи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 2 вохид ихтисор карда шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2001 № 321 "Дар бораи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
ба банди 1 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад)".
аз банди 1 калимаҳои "сохтори дастгоҳи марказии он" хориҷ карда шуда, Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамин карор тасдиқ карда шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад;
сархати якуми банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шумораи ниҳоии кормандони дастгохи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба микдори 52 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шаванд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2006 № 260
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 260
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Раёсати ислоҳот ва робитаҳои байналмилалӣ
3. Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва ёрии фаврии тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулодда
4. Раёсати муносибатҳои иқтисодӣ ва молиявӣ
5. Раёсати захираҳои кадрӣ ва илм
6. Шӯъбаи ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва кӯдакон
7. Шӯъбаи санитарию эпидемиологӣ
8. Шӯъбаи форматсия ва техникаи тиббӣ
9. Шӯъбаи идоракунии корҳо
10. Бахши ҳуқуқ