Барномаи системаи давлатии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2001 №272

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.2012 № 678 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июни соли 2001,

№272 тасдиқ шудааст

Барномаи системаи давлатии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МУҚАДДИМА

Барномаи Системаи давлатии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Барнома) бо мақсади иҷро кардани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1999 №2 "Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ", тибқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналҳақии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, бо назардошти принсипҳо, ҳадафҳо ва вазифаҳои Асноди асосии байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқи башар (Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ) ва Даҳсолагии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон (солҳои 1995-2004), ки бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 49/184 эълон шудааст, таҳия гардидааст.

Барнома ба кори давра ба давра инкишоф ва такмил додани системаи иттилоотдиҳӣ, маълумотноккунонӣ ва омӯзиши аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, гузаштан ба дараҷаи сифатан нави ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ будани тайёрии кадрҳо равона карда шудааст.

Амалиёти Барномаи мазкур ба ҳамаи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тамоми шаклҳои моликият паҳн карда мешавад.

1. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНИИ ОМӯЗИШИ СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соҳибистиқлолият гардидани Тоҷикистон дар ҳаёти мамлакат арзишҳои навро ба вуҷуд оварданд, ки дар байни онҳо - таъмини риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ ҷои муҳимро ишғол менамоянд.

Дар шароити вазнини муқовимати байни шаҳрвандӣ дар системаи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон тағйирот ба амал бароварда шуданд, ки баҳри барпо сохтани институтҳои асосии демократияи парламентӣ имконият доданд. Баҳри нафъи гузаронидани ислоҳоти системаи ҳуқуқии ҷумҳурӣ Конститутсияи (Сарқонуни) нав ва маҷмӯи қонунҳо, ки ба талаботи шароити нав ҷавобгӯ мебошанд, қабул карда шуданд, ҷумҳурӣ иштирокчии бисёр санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ гардид. Дар шароити кунунӣ Тоҷикистон ба санадҳои асосии байналхалқии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла дар соҳаи ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандон ҳамроҳ гардидааст ва кӯшиши худро дар роҳи ҳаракат намудан ба самти дар мамлакат сохтани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ, ки тақвияти ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро кафолат медиҳад, тасдиқ месозад.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии миллӣ ва байналхалқӣ, ки ҳадафи онҳо кӯмак расонидан ба риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мебошад, ҳавасманд карда мешавад.

Дар доираи Даҳсолагии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки аз тарафи СММ эълон гардидааст ва чорабиниҳо оид ба иттилооти ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ корҳои муайяне анҷом дода мешаванд, ки ба баландбардории сатҳи дониш ва огоҳсозии аҳолӣ дар ин соҳа равона карда шудааст.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зерини байналхалқии ҳуқуқиро оид ба соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонид:

1. Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966;

2. Протоколи иловагӣ ба Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966;

3. Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз 16 декабри соли 1966;

4. Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак аз 20 ноябри соли 1989;

5. Конвенсия дар бораи статуси гурезаҳо аз 28 июли соли 1951 ва Протокол ба он аз 16 декабри соли 1966;

6. Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон аз 18 декабри соли 1979;

7. Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф аз 10 декабри соли 1984;

8. Конвенсия дар бораи ҳуқуқи сиёсии занон аз 20 декабри соли 1952;

9. Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми намудҳои табъизи нажодӣ аз 21 декабри соли 1965;

10. Конвенсия оид ба мубориза бо фурӯши одамон ва истифодаи фоҳишагарӣ аз тарафи шахсони сеюм аз 2 декабри соли 1949.

Инчунин шумораи бисёри конвенсияҳо оид ба ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандон ба тасвиб расонида шудааст.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 №691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки он, аз он ҷумла, омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсонро пешбинӣ менамояд. Ин барнома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 1997 №383 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ" тасдиқ, шудааст. Дар як қатор вазорату идораҳо барномаҳои таълимӣ ва нақшаи корҳо омода ва ҷорӣ карда шудаанд. Ба таври мунтазам конфронсҳои миллӣ ва байналхалқӣ, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо оид ба проблемаи ҳуқуқи инсон гузаронида мешаванд.

Қатъи назар аз ин, таҳлили таҷрибаи вуҷуддошта аз зарурияти баланд бардоштани сифати омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон шаҳодат медиҳад, аммо инро дар шароити ба таври пароканда вуҷуд доштани системаи омӯзиши ҳуқуқӣ ба даст овардан ғайри имкон аст. Аз ин рӯ зарурати таъсиси системаи нави омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон пеш омад, ки бо ҳавасмандсозӣ ва дастгирӣ намудани тадбирҳо ва ташаббусҳо дар сатҳи давлат ва мақомоти маҳаллӣ ва ба ғояи ҳамкории давлату иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, одамони алоҳида ва табақаҳои васеи аҳолӣ такя намояд.

Татбиқи Барнома имкониятҳои сохтмони ҷомеаи озод, одил ва сулҳдӯстро дар Тоҷикистон васеъ менамояд.

2. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА

Барномаи мазкур бо мақсади тақвият бахшидани раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, минбаъд баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба қонунҳо, дарк кардани ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо таҳия гардидааст.

Барнома бояд ба ҳалли вазифаҳои зерин кӯмак расонад:

баланд бардоштани сатҳи эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ҳуқуқ дар соҳаи инкишофёбӣ ба воситаи фаъолияти омӯзишӣ барои тамоми аҳли ҷомеа;

муайян кардани талабот ва таҳияи дурнамои омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

таъсис ва таҳкими муассисаю ташкилотҳои марказӣ ва маҳаллӣ, ки бо масъалаи омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон машғул мебошанд;

пешгирӣ ва кам кардани миқдори ҳодисаҳои поймолсозии ҳуқуқи инсон;

такмил додани барномаҳо ва воситаҳои таълимию методии мавҷуда ва таҳия намудани навтарини онҳо доир ба омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла, доир ба бозомӯзии ҳайати омӯзгорон ва дар ин кор истифодабарӣ аз таҷрибаҳои давлатҳои хориҷӣ;

ноилшавӣ ба гуногуншаклии сарчашмаҳо, муносибатҳо, роҳу усулҳо ва ташкилотҳои вобаста ба омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

татбиқи ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

ҷорисозии меъёрҳои асосии байналхалқии соҳаи ҳуқуқи инсон дар заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон то анҷомёбии Даҳсолагии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон (соли 2004);

васеъ истифода бурдани имкониятҳо дар бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳо ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо оид ба омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар байни муассисаҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

пурзӯрсозии нақши воситаҳои ахбори омма дар вусъат бахшидани доираи паҳн намудани Асноди асосии байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқи башар, дигар ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ дар ин соҳа, дар иттилоъдиҳии аҳолии кишвар оид ба муқаррароти асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории мавҷудаи миллӣ.

Тибқи нишондодҳои як қатор ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва бо дарназардошти ҳадафҳои Даҳсолагии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон мафҳуми омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон метавонад ҳамчун фаъолият доир ба омӯзиш, паҳн кардан ва иттилоотдиҳӣ муайян карда шавад, ки баҳри баланд бардоштани фарҳанги умумии ҳуқуқии инсон бо роҳи ғанигардонии донишу малака, инчунин ташаккул додани мавқеъ анҷом дода мешавад ва ба ҳалли вазифаҳои зерин равона гардидааст:

баланд бардоштани эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ;

инкишофи ҳаматарафаи шахсияти фард ва ҳисси шаъну шарафи инсон;

кӯмак кардан ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммул, баробарии ҷинсҳо ва дӯстии байни ҳамаи миллатҳо, халқҳои муқимӣ ва гурӯҳҳои нажодӣ, миллӣ, этникӣ, динӣ ва забонӣ;

фароҳамсозии имконият барои ҳамаи одамон баҳри самаранок ширкат варзидан дар ҳаёти ҷомеаи озод;

кӯмак кардан ба фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар нигоҳ доштани сулҳ.

Барномаи мазкур ҳамаи гурӯҳҳои аҳолии ҷумҳуриро дар бар мегирад ва ғайр аз масъалаҳои омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон, инчунин тарбия, маърифатноккунонӣ ва огоҳонии аҳолиро фаро мегирад.

Бо мақсади дар байни аҳолии ҷумҳурӣ паҳн намудани донишҳои соҳаи ҳуқуқи инсон ва ба ҳисоб гирифтани омилҳои касбӣ, синнусолӣ ва дигарҳо шартан аҳолӣ ба табақаҳои (гурӯҳҳои) гуногун ҷудо карда шудааст, ки баҳри ҳар кадоми онҳо барномаҳои махсуси мақсадноки омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон таҳия карда шудаанд. Кӯдакони синни томактабӣ, ки бо муассисаҳои бачагона фаро гирифта шудаанд, талабагони мактабҳои миёна, донишҷӯёни мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ, аспирантҳо ва докторантҳо омӯзишро дар соҳаи ҳуқуқи инсон бояд ба воситаи системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар тобеияти худ муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ доранд, гиранд. Хизматчиёни давлатӣ ва шахсоне, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои тамоми шаклҳои моликият кор мекунанд, дар ҷои кор ва ё ҷои хизмати худ бо системаи омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон фаро гирифта мешаванд. Дар байни аҳолие, ки ба таҳсил, хизмат ва ё ҷои кор фаро гирифта нашудаанд, дар навбати аввал ба маърифатноккунонӣ ва огоҳонӣ табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ камбизоат ниёз доранд. Ба онҳо кӯдакон, занон, нафақахӯрон, муҳоҷирони меҳнаткаш ва аъзоёни оилаҳои онҳо, гурезаҳо, шахсоне, ки дар ин ва ё он шакл дастгир ва ё ба ҳабс гирифта шудаанд, дохил мешаванд. Маълумотноккунонӣ ва огоҳонии ин гуна табақаҳои аҳолӣ бояд аз тарафи ташкилотҳои дахлдори давлатӣ бо ҷалб кардани имкониятҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии миллӣ ва байналхалқӣ, ки дар соҳаи ҳуқуқи инсон махсус гардонида шудаанд, ба амал бароварда шавад.

3. ОМУЗИШ ВА ТАРБИЯИ СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР СИСТЕМАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДИГАР ВАЗОРАТУ ИДОРАҲОЕ, КИ ДАР ТОБЕИЯТИ ХУД МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ВА ТАЪЛИМӢ ДОРАНД

Таҳлили вазъи кунунӣ

Омӯзиш ва тарбияи соҳаи ҳуқуқи инсон дар системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар тобеияти худ муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ доранд, тибқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 № 383 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ" ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тартиб дароварда шудааст.

Дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии номбаршуда дар системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар тобеияти худ муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ доранд, корҳо оид ба тарбия ва таълими ҳуқуқӣ дар мактабҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ амалӣ гардонида мешаванд.

Дар мактабҳои миёна, дар синфҳои 8-9 фанни "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ" омӯхта мешавад.

Дар мактабҳои миёнаи махсус фанни "Ҳуқуқ" таълим дода мешавад. Дар хотима хонандагон аз ин фан имтиҳон месупоранд.

Аз соли 1998 сар карда, дар ҳамаи мактабҳои олӣ имтиҳони ҳатмии дохилшавӣ аз фанни "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ" ҷорӣ карда шудааст. Дар нақшаи таълимии тамоми мактабҳои олӣ омӯзиши фанни "Ҳуқуқшиносӣ" бо супоридани имтиҳон аз ин фан ҷорӣ карда шудааст.

Дар шароити кунунӣ дар як қатор мактабҳои олӣ (Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия, Донишкадаи Андоз ва Ҳуқуқ) факултаҳо ё шӯъбаҳои ҳуқуқшиносӣ оид ба ихтисосҳои ҳуқуқшинос, ҳуқуқшиноси байналхалқӣ, ҳукуқшинос-психолог, ҳуқуқшинос-омӯзгор вуҷуд доранд.

Дар айни ҳол, системаи мавҷудаи таълим ва тарбияи соҳаи ҳуқуқи инсон ба таври кифоя самаранок набуда ва ба такмил ниёз дорад. Хонандагон ва донишҷӯен бояд на танҳо дар бораи ҳуқуқи инсон тасаввурот дошта бошанд, балки проблемаҳои ба он алоқамандро донанд, онҳоро рафъ карда тавонанд, фишангҳои ҳифзи ҳӯқуқи инсонро дар кишвари худ донанд.

Мактабҳои миёна нарасидани омӯзгорони боихтисосро аз фанни "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ" эҳсос менамоянд. Оид ба ин фан адабиёти таълимӣ-методии ҳозиразамон вуҷуд надорад. Барномаи таълимии дар шароити кунунӣ вуҷуддошта оид ба фанни "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ", ки соли 1994 тартиб дода шудааст, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ намебошад.

Дар як қатор мактабҳои олӣ вазъият боз аз он ҷиҳат вазнин аст, ки омӯзгорони ин фан маълумоти махсуси ҳуқуқшиносӣ надоранд, ин ба дараҷаи дониш ва тайёрии Донишҷӯён таъсири манфӣ мерасонад. Заминаи дахлдори моддию техникӣ ба вуҷуд оварда нашудааст.

Ҳадафи асосии омӯзиши соҳаи хуқуқи инсон дар системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар тобеияти худ муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ доранд - ин дар кӯдакони синни томактабӣ, хонандагон ва донишҷӯён - инкишоф додани меъёрҳои ахлоқию этикӣ, бо усули ба таври шуурнок, чуқур ва пайдарпай азхуд кардани донишҳои соҳаи ҳукуқи инсон, ташаккул додани принсипҳо ва ғояҳои ахлоқӣ мебошад.

Барои ба даст овардани ин ҳадарфҳо ба амал баровардани тадбирҳои зерин зарур аст:

дар тамоми муассисаҳои маълумоти умумӣ ҷорӣ намудани фанни ягонаи "Ҳуқуқи инсон";

таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо адабиёти таълимию методӣ, китобчаҳо, асбобҳои айёнӣ ва дигар маводи соҳаи ҳукуқи инсон;

ҳар сол таҷлил намудани Рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар ҳамаи муассисаҳои таълимии мамлакат ба роҳи гузаронидани дарси кушод дар мавзӯи "Рӯзи ҳуқуқи инсон" (10 декабр) ва дигар чорабиниҳо;

фаъолгардонии кори истифода аз воситаҳои ахбори омма дар раванди кори иттилоотию маърифатӣ даф соҳаи ҳуқуқи инсон;

ташкил намудани маҳфилҳо оид ба омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар назди марказҳои кӯдакону наврасон, мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ;

ташкил намудани марказҳои маслиҳатдиҳӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар мактабҳо;

дастгирӣ намудани кори нашри оммавӣ ва такроран нашр намудани китобҳо, брошюраҳо бахшида ба ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла, доир ба ҳуқуқи кӯдак;

ташкил намудани нашри даврии бюллетени махсус, ки ҳаҷми пурраи иттилооти соҳаи ҳуқуқи инсонро дар бар гирад;

гузаронидани тадқиқот бо мақсади муайянсозии вазъи омӯзиши соҳаи ҳукуқи инсон дар ҷумҳурӣ;

ворид намудаяи илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", ки тарбияи ҳуқуқии кӯдакони томактабиро дар бар гирад;

ҷорӣ намудани воситаҳои техникии ҳозиразамон дар раванди омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон;

то анҷомёбии Даҳсолагии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқии инсон (соли 2004) ба роҳ мондани кори тарбия ва бозомӯзии мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ (I-IV) ва болоӣ (5-11) бо мақсади дар таълими фанни "Ҳуқуқи инсон" ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами таълим;

ба роҳ мондани омӯзиши таърихи илми ҳуқуқшиносии тоҷик, инчунин таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои дорои анъанаҳои пешқадами демократӣ дар бахши омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон;

таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод қардани лоиҳаи Қонун оид ба ҳуқуқи кӯдак;

ба роҳ мондани тарбия ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи хуқуқи инсон;

истифодаи таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, ки ба масъалаҳои омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон машғул мебошанд.

Адабиёти таҳияшавандаи таълимию методӣ бояд консепсия ва усулҳои навро, ки хусусиятҳои синнусолӣ, миллӣ, рӯҳии ҳар кадом гурӯҳҳои хонандагонро дарбар мегирад, инъикос кунад.

Барномаи фанни "Ҳуқуқи инсон" бояд омӯзиши қисматҳои зеринро дар бар гирад:

Омӯзиши таърихи ҳуқуқшиносии гузашта ва имрӯзаи тоҷик дар марҳалаи ташаккул ва рушди ҳуқуқи инсон дар давлат;

Эъломияи умумии ҳукуқи башар;

Конститутсия (Сарқонун) ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳифзи ҳуқуқи инсонро пешбинӣ менамоянд;

Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;

Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ;

Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак;

Механизми байналхалқии ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи инсон;

Дигар санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон.

Тарбия дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои томактабӣ

Муносибатҳои иҷтимоии кӯдакони томактабӣ зери таъсири ҳалкунандаи муҳити иҷтимоии атроф, таълиму тарбия, инчунин таҳти таъсири ташкили ҳаёту фаъолияти кӯдак ташаккул меёбад.

Намуди асосии фаъолият дар синни томактабӣ бозӣ мебошад. Дар бозӣ ҳисси дастҷамъӣ тарбия карда шуда, итоат карда тавонистан ба қоидаҳои муайян, нигоҳ дошта тавонистани хоҳишҳои худ, пешгирӣ намудани аксуламали майлу шавқ ташаккул меёбад, ҳисси шаъну шарафи шахсӣ тарбия карда мешавад, қобилияти худбаҳодиҳӣ, муносибати танқидӣ ба амалиёти худ ва натиҷаҳои он инкишоф дода мешавад.

Ҳадафи барномаи тарбия ва омӯзиши соҳаи хуқуқи инсон барои бачагони синни томактабӣ ташаккул додани шахсияти фаъолу бошуури кӯдак, дар онҳо ҳосил кунондани малакаю маҳорати ҳимояю ҳифз карда тавонистани ҳуқуқи худ мебошад.

Вазифаи барномаи омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз тарбия ва таълими кӯдакони синни томактабӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон бо дарназардошти талаботи замони ҳозира, хусусиятҳои миллӣ, психиологӣ ва дигарҳо иборат мебошад.

Омӯзондан ва омӯхтани ҳуқуқи инсон бояд равияи мусбӣ дошта бошад. Зеро мисолҳои поймол ва маҳдуд гардидани ҳуқуқи инсон метавонанд дар хонандагон ҳисси оҷизӣ ва рӯҳафтодагӣ ба вуҷуд оранд, овардани мисолҳои муваффақият ва пешрафт инчунин зарур мебошад.

Барои ҳалли ин вазифа ба амал баровардани тадбирҳои зерин зарур аст:

дар барномаҳои таълимии маълумоти томактабӣ ҷорӣ намудани фанни "Ҳуқуқи инсон";

таҳия намудани дастурҳои методӣ ва тавсияномаҳо, маводи таълимӣ-дидактикӣ, луғатҳо, ки мундариҷа, шакл ва усулҳои кор бо кӯдаконро аз рӯи проблемаҳои зерин дар алоқамандӣ бо тамоми раванди тарбияю таълим дар боғчаи бачагон шарҳ дода тавонанд;

ташкил намудани машғулиятҳо оид ба омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар шакли "бозиҳои амалӣ" оид ба ҳуқуқи инсон, ба монанди "Тарбиятгиранда - Мураббӣ", "Тарбиятгиранда - Адвокат", "Тарбиятгиранда - Ҳуқуқшинос", "Тарбиятгиранда - Миллиса" ва ғайра;

ҷамъбаст ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам ва усулҳои санҷидашудаи муосири мамлакатҳои хориҷӣ оид ба тарбия ва таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои томактабӣ.

Омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4)

Синну соли хурди мактабӣ - ин аз ҷиҳати психиологӣ ба мактаб омода намудани кӯдакон, ба таври воқеӣ тайёр кардани онҳо ба таҳсил мебошад, яъне кӯдак дар ин синну сол бояд дорои сатҳи инкишофи психологии барои оғози таълим зарурбуда бошад. Дар охири синну соли хурди мактабӣ бачагон муносибати худро ба омӯзиш инкишоф медиҳанд ва барои онҳо донишҳо аҳамияти ҷамъиятиро соҳиб мегардонанд. Онҳо ба суботкории муайян соҳиб гардида, метавонанд дар худ чунин сифат, ба монанди дар назди худ гузоштани мақсади муайянро инкишоф диҳанд, дар баҳо додан ба рафтору амал аз мавқеи моҳияти ҷамъиятии онҳо қадамҳои аввалинро мегузоранд.

Ҳадаф - инкишоф додан ва мустаҳкам намудани малакаҳои ҳосилшуда, қобилияти мустақилона фикр рондану ҳал карда тавонистани масъалаҳо ва проблемаҳои шахсӣ, ҳифз карда тавонистани ҳуқуқи худ.

Вазифаҳои Барнома барои ин гурӯҳи аҳолӣ аз инҳо иборат мебошанд:

инкишоф додани мушоҳидакорӣ, хайрхоҳӣ, дорои ҳиссиёти баланд ва бодиққат будан нисбат ба ҳамсӯҳбатон, инкишоф додани муносибати бошуурона, маданияти нутқ ва тафаккур, ғанӣ гардонидани фонди луғавии мактаббачагон дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

инкишоф додани малакаи амалӣ оид ба риоя кардан ва ҳифз намудани ҳуқуқи инсон;

ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синнусолӣ ва миллӣ ҳангоми таълиму тарбияи кӯдакони синфи 1-уми синнусоли шашсола ва ҳафтсола дар соҳаи ҳуқуқи инсон.

Баҳри ба даст овардани ин ҳадафҳо ба амал баровардани тадбирҳои зерин зарур аст:

ҷорӣ сохтани таълиму тарбияи пайдарпай дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои кӯдакони синну соли хурди мактабӣ;

гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар синфҳо, саёҳатҳо ба ҷойҳои таърихию осорхонаҳо, гузаронидани машғулиятҳои маҳфили ҳуқуқшиносони ҷавон, баровардани албомҳои суратдор, тавсияҳо ва адабиёт дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

барпо кардани робита оид ба омӯзиши вазъияту ҳамдигарфаҳмӣ дар шакли "бозиҳои амалӣ", ба монанди "Омӯзгор-Шогирд", "Ҳифзи ҳуқуқи инсон", "Талаба-Адвокат", "Талаба-Миллиса" ва дигарҳо.

Омӯзши дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар синну соли наврасӣ (синфҳои 5-9)

Синну соли наврасиро синну соли гузаранда меноманд, чунки дар давоми ин давра гузариши махсуси аз кӯдакӣ ба ҳолати калонсолӣ ба амал меояд. Дар давраи ин синну сол шароити ҳаёт ва фаъолияти Мактаббача ба таври ҷиддӣ тағйир меёбад, ки ин ба тағйирёбии асаб, шикастани шаклҳои мавҷудаи муносибат бо одамон оварда мерасонад. Мактаббачагон ба кори пайдарҳам омӯхтани асосҳои илм мегузаранд. Ин бошад, аз фаъолияти рӯҳии онҳо дараҷаи баландтари фикркунӣ: ҷамъбасткунии чуқуртар ва оварда тавонистани далелҳо, фаҳмида тавонистани муносибатҳои нисбатан умумию мураккабтари байни объектҳо, ташаккул додани мафҳумҳои муҷарраду аз ҳаёт дурбурдаро талаб мекунад. Ба таври ҷиддӣ мавқеи ҷамъиятӣ, мақоми мактаббача дар коллектив тағйир меёбад.

Ҳадафи таълим - васеъ гардонидани дониши дар синфҳои ибтидоӣ гирифтаи хонандагон, инчунин инкишоф додани маҳорат ва малакаи ҳифз карда тавонистани ҳуқуқҳои худ ва эҳтиром намудани ҳуқуқҳои дигарон аст.

Вазифаҳо дар ин самт аз инҳо иборат мебошанд:

ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синнусолӣ, миллӣ, анъанаю урфу одатҳо ҳангоми таълими фанни ҳуқуқи инсон;

дар раванди тарбия дар хонандагон ҳисси ягонагӣ ва муттаҳидсозии халқҳоро инкишоф додан, истифодаи мисолҳои ҳаётӣ, ки ба синну соли наврасӣ дахл доранд ва ба таълиму тарбияи ҳуқуқии хонандагон кӯмак мерасонанд;

дар хонандагон инкишоф додани маҳорати ҳифз карда тавонистани ҳуқуқи худ ва эҳтиром намудани ҳуқуқи дигарон, иҷро намудани ӯҳдадориҳои худ;

тарбия намудани ҳисси эҳтироми байниҳамдигарӣ, дӯстӣ, боварӣ, рафоқат, коллективизм, масъулият;

дар наврасон тарбия намудан ва инкишоф додани ахлоқи ҳамида, ёрӣ расонидан дар кори ба таври дуруст дарк намудани рафтору кирдори худ.

Барои ин гузаронидани чорабиниҳои зерин зарур аст:

ташкил намудани вохӯриҳо бо одамони машҳур, аз ҷумлаи варзишгарон ва ходимони номдори санъат, собиқадорони ҷангу меҳнат, дигар шахсоне, ки барои наврасон намунаи ибрат буда, дар ташаккулёбӣ ва инкишофи шахсияти онҳо таъсири мусбӣ мерасонанд;

дар раванди таълим оид ба ҳуқуқи инсон ташкил кардани озмунҳо, олимпиадаҳои байнимактабӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ зарур аст. Дар ин кор истифода бурдани имкониятҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии миллӣ ва байналхалқӣ, ки дар соҳаи ҳуқуқи инсон фаъолият мекунанд.

Омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар синфҳои болоӣ (10-11)

Синну соли калони мактабӣ - давраи обутобёбии шаҳрвандӣ, худшиносии иҷтимоӣ, ба таври фаъолона воридшавӣ ба ҳаёти ҷамъиятӣ, давраи ташаккулёбии сифатҳои маънавии шаҳрванд ва инсон мебошад.

Ҳадафи омӯзиш - васеъ гардонидани донишҳои соҳаи ҳуқуқи инсон, ташаккулёбии шахсияти бошуур ва фаъол, инкишоф додани малака ва маҳорати ҳифз намудани ҳуқуқ ва озодиҳои худ.

Вазифаҳои таълим аз инҳо иборат мебошанд:

таҳкими эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии он;

инкишофи ҳаматарафаи шахсият ва ҳисси шаъну шарафи инсонӣ;

кӯмак намудан ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулнокӣ, таъмин намудани баробарии марду зан, дӯстии байни тамоми миллату ҳалқиятҳо;

бо такя ба донишҳои пештар андӯхташуда баланд бардоштани сатҳи фаъолиятнокии иҷтимоию ҳуқуқии хонандагон. Ба онҳо омӯзонидани қоидаҳои тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои расмӣ (ариза, забонхат, боварихат ва дигарҳо);

обутобёбии шахсият ва худшиносии он.

Баҳри амалӣ намудани ин ҳадафу вазифаҳо зарур аст:

дар нақшаи таълимии синфҳои 11 дохил кардани фанни "Ҳуқуқи инсон";

боздиди саёҳатии хонандагон аз Парламент;

боздиди саёҳатии хонандагон аз маҷлисҳои судҳо;

дар синфҳои болоӣ ҷорӣ кардани машғулиятҳои факултативӣ оид ба омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон;

ташкил намудани маҳфилҳои "Ҳукуқшиноси ҷавон", "Адвокати ҷавон" ва дигарҳо.

Омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо

Таълими касбии хонандагон дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ аз рӯи самтҳои худ ба оянда нигаронида шудааст, ки онро мустақилона интихоб намудаанд. Таълим барои гирифтани касби муайян равона карда шудааст. Дар хонандагон нисбат ба касби интихобкардаашон ҷаҳонбинии муайян ташаккул дода мешавад.

Ҳадафи омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои хонандагон - ин васеъ гардонидан ва ғанисозии дониши онҳо мебошад, ки бояд ба инкишофи тафаккури мафҳумфаҳмӣ ва ҷамъбастсозандагии онҳо кӯмак расонад.

Вазифаҳои омӯзиш аз инҳо иборат мебошанд:

васеъ гардонидани донишҳои пештар андӯхташуда дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

ба вуҷуд овардани шароитҳо баҳри таҷрибаивазсозӣ дар соҳаи тарбия ва омӯзиш бо дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудудҳои он воқебуда.

Баҳри амали намудани ин ҳадафу вазифаҳо гузаронидани чорабиниҳои зерин зарур аст:

таҳия намудани барномаҳо ва воситаҳои таълимӣ оид ба масъалаҳои омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳифзи он, ки ба табақаҳои мушаххаси хонандагон бо ба ҳисоб гирифта шудани ихтисоси ояндаи онҳо нигаронида шудааст;

дар барномаҳои такмили ихтисос, бозомӯзии кадрҳои омӯзгории техникумҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, коллеҷҳо пешбинӣ намудани омӯзиши меъёрҳои Конститутсия (Сарқонун) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд.

Омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар мактабҳои олӣ

Омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон баҳри ҷавонон яке аз захираҳои тавонои шахсӣ ба ҳисоб меравад, ки ба онҳо ҳисси эҳтироми шахсӣ, шараф ва озодии эҷодиётро хоҳад дод. Омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба онҳо имконият медиҳад, ки аз ҷиҳати шаҳрвандӣ ва иқтисодӣ мустақилият ба даст оваранд.

Ҳадафи омӯзиши донишҷӯёни мактабҳои олӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонин баландбардории сатҳ ва мустаҳкамсозии донишҳои пештар андӯхташуда ва истифодабарии онҳо дар фаъолияти минбаъдаи касбии онҳо мебошад.

Вазифа аз равнақ додани малака ва маҳорати гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба проблемаҳои ҳуқуқи инсон ва умуман тарбияи ҳуқуқӣ иборат аст.

Барои ин чорабиниҳои зерин заруранд:

гузаронидани конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар дар якҷоягӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии миллӣ ва байналхалқӣ, ки дар соҳаи омӯзиш ва ҳифзи ҳуқуқи инсон махсус гардонида шудаанд;

фиристондани донишҷӯёни нисбатан фаъолу пешқадам барои таҳсил ва коромӯзӣ ба марказҳо ва созмонҳои хориҷӣ, муассисаҳои пешбари СММ оид ба омӯзиши таҷрибаи соҳаи ҳуқуқи инсон;

гузаронидани конфронсҳои илмии донишҷӯён, олимпиадаҳо, озмунҳо, бозиҳои саволу ҷавоб оид ба масъалаҳои тарбияи ҳуқуқӣ;

дар ҳамаи мактабҳои олӣ (рӯзонаю ғоибона) ҷорӣ намудани фанни "Ҳукуқи инсон";

бо дарназардошти соҳа ва касби ояндаи донишҷӯён таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ.

Ҳангоми тартиб додани барномаҳои таълимӣ ба бахшҳои зерин бояд диққати махсус дода шавад:

таърихи пайдошавии проблемаи ҳуқуқи инсон ва ҳолати кунунии он, маълумоти умумӣ дар бораи санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

омӯзиши таърихи ҳуқуқшиносии гузашта ва имрӯзаи тоҷик дар марҳалаи ташаккул ва рушди ҳуқуқи инсон дар давлат;

санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии шахс ва шаҳрванд;

санадҳои асосии байналхалқии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

механизми байналхалқии ҳуқуқии ҳифзи ҳукуқи инсон.

Тайёр намудани кадрҳои мутахассис дар аспирантура, докторантура ва институтҳои такмили ихтисос

Бо мақсади омодасозии кормандони илмии соҳаи ҳукуқи инсон барои аспирантҳо, докторантҳо, устодони мактабҳои олӣ ва омӯзгороне, ки курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро доир ба ин соҳаи барои ҷумҳурӣ нав мегузаранд, шароитҳои мувофиқ бояд фароҳам оварда шаванд.

Барои ҳалли ин вазифа зарур аст:

баҳри бозомӯзии омӯзгорони ҳамаи сатҳҳо дар назди Институти такмили ихтисоси муаллимони Тоҷикистон утоқи "Ҳифзи ҳуқуқи инсон" кушода шавад. Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии илмҳои омӯзгории Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд маводҳои методӣ ва воситаҳои таълимиро оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон таҳия намуда, ҳамаи муассисаҳои таълимиро бо онҳо пурра таъмин намоянд;

тадбирҳо оид ба хоста гирифтан ва омодасозии кадрҳо (лекторҳои соҳаи ҳуқуқи инсон), ки бо ёрии онҳо азнавтайёркунии ҳайати омӯзгорӣ анҷом дода хоҳад шуд, ба амал бароварда шаванд;

курси "Ҳифзи ҳукуқи муаллиф" ҷорӣ карда шавад;

оид ба таълими ҳуқуқи инсон барои муаллимони мактабҳои миёна ва устодони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус таҳия намудани тавсияҳои методӣ ба амал бароварда шаванд;

барномаҳо, маводи методӣ, воситаҳои таълимӣ оид ба фанни "Ҳуқуқи инсон" таҳия карда шаванд;

такмили ихтисоси кормандоне, ки ба масъалаҳои омӯзиши ҳуқуқи инсон машғул мебошанд, ба роҳ монда шавад;

машқдиҳии омӯзгорони фанни "Ҳуқуқи инсон" аз тарафи коршиносони ботаҷрибаи хориҷии соҳаи ҳуқуқи инсон ба роҳ монда шавад;

аз тариқи озмун ба роҳ мондани кори таҳияи китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ амалӣ карда шавад;

ба забони тоҷикӣ, ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ бо миқдори оммавӣ воситаҳои таълимӣ-методие, ки аллакай дар мамлакатҳои пешқадаму демократӣ нашр гардидаанд, чоп карда шаванд;

4. ИТТИЛООТДИҲӢ ВА МАЪРИФАТНОККУНОНИИ АҲОЛӢ, ОМОДАСОЗӢ ВА ТАЪЛИМИ КАДРҲО ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Хизматчиёни давлатӣ

Хизмати давлатӣ фаъолияти касбии шаҳрвандони мамлакат мебошад, ки онҳо вазифаҳои давлатиро дар бобати иҷро намудани ваколати мақомоти давлатӣ ишғол менамоянд. Хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ адои хизмат намуда, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки бо фаъолияти давлат дар бобати фароҳамсозии шароитҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ алоқаманд мебошанд, танзим менамоянд. Ба ҳамин тариқ, ин табақаи шаҳрвандон ба вазифаи давлатӣ соҳиб гардида, дар бобати амалӣ намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ иҷрои гурӯҳи муайяни вазифаҳоро ба ӯҳда мегиранд ва ба кори риоясозии ҳуқуқи инсон кӯмак мерасонанд. Аз ин ҷост, ки омили зарурӣ ва ҳатмӣ ҳангоми чунин таъсиррасонии хизматчиёни давлатӣ ба ҳаёти шаҳрвандон - ин дараҷаи дониши онҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" асосҳои ҳуқуқии ташкилёбӣ ва фаъолияти хизмати давлатиро дар мақомоти давлатӣ, ки тибқи Конститутсия (Сарқонун), қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад, ба танзим медарорад ва онҳо муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки ба фаъолияти давлат оид ба фароҳам сохтани шароитҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар кори аз тарафи шаҳрвандони ҷумҳурӣ амалӣ намудани ҳуқуқҳояшон нисбат ба хизмати давлатӣ вобастагӣ дорад, ба тартиб меандозад. Хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд, ки ҳифзи ҳуқуқи инсонро таъмин намоянд.

Баҳри гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ ва фаъолияти идоракунии хизмати давлатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идораи хизмати давлатӣ ташкил карда шудааст, ки он бояд таълим ва тайёрии касбии хизматчиёни давлатиро ташкил намояд, талаботи тахассусиеро, ки нисбат ба вазифаҳои давлатии хизмати давлатӣ пешниҳод карда мешаванд, кор карда барояд.

Ҳадафи омӯзиши хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон - ин баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла дар соҳаи меҳнат, инчунин истифода бурда тавонистани ин донишҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ мебошад.

Афзалиятнок будани ҳуқуқ ва озодиҳои фард ва шаҳрванд, ҳифзи ҳуқуқи хизматчии давлатӣ ба рӯйхати принсипҳои хизмати давлатӣ дохил мешаванд. Хизматчии давлатӣ бо сабаби вазифаҳои махсуси хизматии худ бояд мазмуни ҳуҷҷатҳои асосии соҳаи ҳуқуқи инсонро донад ва ин донишҳоро ҳангоми ба амал баровардани вазифаҳои касбии худ истифода барад.

Бо ин сабаб, яке аз талабот барои хизматчии давлатӣ бояд донистани қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқии соҳаи ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла соҳаи меҳнат, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, бошад ва донистани онҳо ҳангоми дохил шудани шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ, гузаронидани озмунҳо барои ишғол намудани вазифаҳои холибудаи давлатӣ, гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Ҳангоми тайёр кардан ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ба амал баровардани тадбирҳои зерин зарур мебошад:

гузаронидани маърузаҳо, семинарҳо ва курсҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон бо ҷалб намудани мутахассисони баландихтисоси ин соҳа;

сафарбар намудани воситаҳои ахбори оммавӣ дар кори омӯзиш ва иттилоотдиҳии хизматчиёни давлатӣ оид ба ҳуқуқи инсон, истифодабарии таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ дар ин кор;

таҳия кардан ва паҳн намудани маҷмӯаи санадҳои асосии меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳукуқи инсон;

ташкил намудани коромӯзии лекторон ва машқдиҳандагон бо мақсади мубодилаи таҷрибаи пешқадами коргузорӣ оид ба омӯзиш дар соҳаи ҳукуқи инсон.

Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар қӯшуну қисмҳои ҳарбӣ (минбаъдмақомоти ҳарбӣ) ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як қисм механизми ҳокимияти давлатӣ буда мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои махсус доранд.

Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статус, кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо", "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи мудофиа", "Дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ", "Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи милиса", "Дар бораи мудофиаи гражданӣ", Кодекси андоз, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо такмил мегарданд ва хизмат мекунанд.

Намояндагони ин мақомот на танҳо бояд стандартҳои байналхалқиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон донанд, балки инчунин зарурати эҳтиром, ҳифз ва риояи бечунучарои онҳоро дар ҳаёти ҳаррӯза дарк намоянд.

Ба таври амиқ ва самаранок иҷро намудани вазифаҳое, ки дар назди хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузошта шудаанд, аз сифати омодагӣ ва қобилияти иҷроияи ҳар хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста аст.

Дар мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар қатори тайёрии касбӣ ва ҳуқуқӣ ба омӯзиши Конститутсия (Сарқонун) ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои байналхалқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар соҳаи ҳуқуқи инсон аҳамияти зиёд дода мешавад. Таълим дар доираи машғулиятҳои мунтазам гузаронидашаванда оид ба такмили омодагии ҳуқуқии кормандон бо сафарбар намудани ҳайати профессорону омӯзгорони таълимгоҳҳои ин мақомот, ҳуқуқшиносон, мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон ва фаъолони ҳифзи ҳукуқи иттиҳодияҳои байналхалқӣ ба амал бароварда мешавад.

Ба мақсади минбаъд баланд бардоштани дараҷаи маданияти ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тарбияи ҳисси масъулият ва риоя намудани қонунҳо, аз тарафи онҳо фаҳмидани ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо, тайёрии ҳуқуқии ҳайати шахсӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳалли чунин вазифаҳо зарур аст:

баланд бардоштани сатҳи дониш ва дуруст дарк намудани ҳукуқ ва озодиҳои инсон;

аз рӯи нақша таҳия намудани барномаҳои дарозмуддати таълимӣ ва иттилоотдиҳӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

ба таври самаранок истифода бурдани системаи мавҷудаи таълим ва иттилоотдиҳӣ бо мақсади баландбардории дониш оид ба соҳаи ҳуқуқи инсон;

фароҳам овардани замина баҳри таҳияи маводи таълимӣ ва методӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон.

Барои ҳалли вазифаҳои бамиёнгузошташуда чорабиниҳои зеринро ба амал баровардан зарур аст:

дар барномаҳои таълимӣ ва иттилоотдиҳӣ дохил кардани ҳуҷҷатҳои асосии соҳаи ҳуқуқи инсон бо пешбинӣ намудани миқдори зарурии соатҳо баҳри азхудкунӣ аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

дар барномаҳои таълимӣ дохил намудани таҳлили танқидии иттилооти дастрасшуда ва камбудиҳои вуҷуддоштаи қонунгузории миллӣ;

ҳамаи ҳуҷҷатҳои байналхалқии соҳаи хукуқи инсонро дар шакли китобчаҳо ва плакатҳо бо забони тоҷикӣ омода ва нашр кардан;

дар барномаҳои таълимӣ ва иттилоотдиҳӣ оид ба соҳаи ҳуқуқи инсон дохил намудани масъалаҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми гузаронидани тадбирҳои мушаххаси маҷбурсозӣ: дастгир, кофтукову ҳабс кардан ва дигар амалҳо тибқи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ дар соҳаи хуқуқи инсон;

дар асоси озмун омода сохтан ва чоп намудани воситаҳои таълимӣ ва адабиёти методӣ бо мақсади истифодабарии онҳо дар хондани маърӯзаҳо, гузаронидани сӯҳбатҳо, машғулиятҳои семинарӣ ва мавзӯӣ оид ба соҳаи ҳуқуқи инсон.

Дар кори амалӣ намудани барномаи омӯзиши хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳукуқ бояд шахсони нисбатан ба ин кор тайёрбуда аз ҷумлаи ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, мактабҳои олии шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон аз ҷумлаи кормандони амалӣ, мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон ва фаъолони иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳаи ҳифзи ҳукуқ бояд сафарбар шаванд.

Таълим ва иттилоотдиҳи оид ба барномаҳои омӯзиши хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо чунин роҳҳо амалӣ гардонида мешавад:

ба воситаи системаи мавҷудбудаи тайёрии касбӣ ва ҳуқуқии мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ;

бо роҳи ташкил кардани маърӯзаҳо, семинарҳо ва курсҳои кӯтоҳмуддат, вохӯриҳои иттилоотдиҳӣ бо мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон.

Дар муассисаҳои таълимии мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таълим, иттилоотдиҳӣ ва тарбияи шунавандагон оид ба соҳаи ҳуқуқи инсон бо роҳи таълими фанни "Ҳукуқи инсон" ба амал бароварда мешавад.

Ҳар кадом мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохтории онҳо барномаҳоро дар соҳаи ҳуқуқи инсон тартиб дода, шарҳи кӯтоҳи масъалаҳои муҳимтаринеро, ки дар раванди таълим ва иттилоотдиҳии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ мегарданд, ба онҳо дохил менамоянд.

Мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таҳияи тавсияҳои илмӣ-методӣ ва воситаҳои таълимиро оид ба истифодабарии шакл ва усулҳои фаъоли таълим ва иттилоотдиҳӣ таъмин менамоянд, барномаҳои ягонаро кор карда мебароранд. Муассисаҳои таълимии мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ заминаи асосӣ оид ба таълими соҳаи ҳуқуқи инсон мебошанд.

Системаи таълим ва иттилоотдиҳии хизматчиёни ҳарбӣ ва кордмандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз болои дониш ва дар амал татбиқ карда тавонистани донишҳои гирифташуда бурдани назоратро бояд пешбинӣ намояд. Шаклҳои назорат ба дониш аз тарафи роҳбарияти мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳукуқ муайян карда мешавад.

Шахсоне, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тамоми намудҳои моликият кор мекунанд

Барои шахсоне, ки аз рӯи шартнома (қарордод) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тамоми намудҳои моликият, дар назди шаҳрвандони алоҳида кор мекунанд, дараҷаи ҳадди ақали ҳуқуқ ва кафолатҳои меҳнатӣ бо Кодекси меҳнатӣ муқарар карда мешавад.

Ҷиҳати муҳими риоя намудани ҳуқуқи инсон барои ин табақаи одамон омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон чӣ барои кормандон ва чӣ барои корфармоён мебошад. Давлат ба меҳнаткашон ҳуқуқи дар ҷои кор ташкил кардани иттифоқҳои касаба ва иштирок намудан дар фаъолияти онҳоро кафолат медиҳад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолати фаъолияти онҳо" иттифоқҳои касаба ташкилотҳои мустақили ҷамъиятию ихтиёрӣ дар бобати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии аъзоёни худ мебошанд.

Ба манфиати омӯзиши ин табақаи аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон тадбирҳои зеринро ба амал баровардан зарур аст:

дар оинномаҳо, низомномаҳо дар бораи корхонаҳо, дар шартномаҳои дастуҷамъӣ, шартномаҳои меҳнатӣ (қарордодҳо), сарфи назар аз шаклҳои моликият, аз тарафи корфармоён ва кормандон омӯхтани меъёрҳои Конститутсия (Сарқонун) ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои байналхалқии ҳуқуқии соҳаи ҳуқуқи инсон бо даъват намудани мутахассисон, кормандони дахлдори вазоратҳо ва идораҳо, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бо таълими соҳаи ҳуқуқи инсон махсус гардонида шудаанд, пешбинӣ карда шаванд;

роҳбарони корхонаҳо дар доираи талаботи Барномаи мазкур бо дарназардошти ташкили курсҳои таълимӣ паҳн намудани иттилооти чопӣ доир ба ҳуқуқи инсон, ташкил кардани китобхонаҳо (гӯшаҳо) бахшида ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои байналхалқии ҳуқуқии марбут ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла дар соҳаи меҳнат, таҷлили санаҳои барҷастаи ба ҳуқуқи инсон бахшидашуда бояд нақшаи чорабиниҳоро таҳия намоянд;

дохил кардани банд оид ба додани иттилоот дар бораи ҳуқуқи инсон дар шартномаи меҳнатӣ (қарордод), ки аз тарафи корманд бо корфармо баста мешавад;

гузаронидани семинарҳои ҳарсола барои роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои тамоми намудҳои моликият оид ба проблемаҳои ҳуқуқи инсон.

Табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ камбизоати аҳолӣ

Дар шароити кунунӣ ба табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ камбизоати аҳолии ҷумҳурӣ, ки ба иттилооти ҳуқуқҳои худ ниёз доранд, шаҳрвандони зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд: кӯдакони сағир, кӯдакони аз парастории волидайн маҳрум, кӯдакони маҷрӯҳ, кӯдакони оилаҳои камбизоат, занон, нафақахӯрони тамоми гурӯҳҳо, муҳоҷирони меҳнаткаш ва аъзоёни оилаҳои онҳо, гурезаҳо, шахсоне, ки дар ин ё он шакл дучори дастгир ё ҳабс шудан гардидаанд. Омӯзиш дар соҳаи ҳукуқи инсон, аз ҷумла дар соҳаи ҳуқуқи меҳнат, барои табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ камбизоати аҳолӣ барои он лозим аст, ки донишҳои андӯхташудаи онҳо барои дар ҳаёт гузоштани қадамҳои самаранок дар бобати тағйир додан ва беҳтар кардани вазъи кунунии ин одамон истифода бурда шаванд, чунки онҳо дар шароити кунунӣ имконияти ба дараҷаи пурра истифода бурда тавонистани ҳуқуқҳои худро надоранд.

Кӯдакон

Тибқи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак аз 20 ноябри соли 1989, кӯдак гуфта - мавҷудияти одамӣ то расидан ба синни 18-солагӣ дар назар дошта мешавад.

Проблемаҳои давраи баъдинизоъгӣ, барҳам хӯрдани системаи арзишҳо, мушкилиҳои калони дар натиҷаи гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ пайдогардида вазъи иҷтимоию иқтисодии оиларо бад гардониданд. Барҳам хӯрдани созмонҳои ҷавонон, ки пештар дар кори тарбияи кӯдакон ва ҷавонон нақши муҳимро мебозиданд, дар навбати аввал ба кӯдакон таъсири манфӣ расониданд. Бӯҳрони иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, ба таври нобудсозанда ба кӯдакон таъсир расониданд. Ба миқдори зиёд , қонуншиканӣ аз тарафи кӯдакон, баромада рафтан аз мактаб, анъанаи суст гардидани сохторҳои оила ва ҷамъиятӣ мушоҳида карда мешаванд. Хусусияти асосию хоси кӯдакони ҷабрдидаи давраи гузариш - ин нигилизми ҳуқуқӣ мебошад, ки ба баландшавии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни кӯдакони ин табақа оварда мерасонад ва онҳоро ба "гурӯҳи хатарнок" тела медиҳад, инчунин ба онҳо имконият намедиҳад, ки дар барпосозии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳуқуқи баробар иштирок намоянд.

Барои Тоҷикистон дар шароити кунунӣ аз ҳама муҳимаш тараққӣ додан ва мустаҳкам сохтани "институтҳо" баҳри таъмини некӯаҳволии кӯдакон ва наврасон, хусусан, оила, мактаб, созмонҳои ҷавонон ва мақомоти давлатии ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. Давлат ба таври доимӣ дар бобати риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқи кӯдакон ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Тоҷикистон Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонд ва он соли 1993 ҳамчун ҳуҷҷати ҳатмии ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқи инсон, ки кӯдаконро ҳифз менамояд, эътибор пайдо кард. Конвенсия бояд барои рушди кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварад. Меъёрҳои он бояд ҳукуматҳо, ҳизбҳо, ташкилоту ҳаракатҳоро дар иқдоми онҳо ҷиҳати ворид намудани тағйироти мусбӣ дар ҳаёти кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ҳуқуқҳояшон маҳдудгардида раҳнамоӣ кунад. Муқаррароти ин Конвенсия дар чунин қонунҳо ба монанди "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Кодекси оила" инъикос ёфтаанд, ки саҳми пурсамаре мебошад ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони дар ҷараёни гузариш ба иқтисоди бозорӣ ҳуқуқҳояшон маҳдудгардида. Ҳар як кӯдак бояд ба мазмуну мундариҷаи Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак ошно гардад.

Соли 1997 Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки дар он таълими тамоми аҳолии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла, кӯдакони ҷабрдидаро дар соҳаи ҳуқуқи инсон пешбинӣ менамояд. Таълиму тарбияи ҳуқуқӣ дар ҷои истиқомат ба воситаи нуқтаҳои такягоҳии милитсия, гузаронидани маърӯзаҳо, шабҳои саволу ҷавоб, маҷлисҳои волидайн, вохӯриҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маҷлисҳои сайёри судӣ амалӣ гардонида мешаванд, инчунин барпо сохтани клубҳои ҳуқуқӣ дар назди мақомоти манзилию коммуналӣ тавсия карда мешаванд. Умуман, кор дар бобати иттилоотдиҳӣ ва маърифатнокгардонӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва хусусан, беҳтарсозии шароити кӯдакони оилаи камбизоат аз тарафи давлат оғоз ёфтааст ва он инкишофи минбаъдаи худро талаб мекунад. Барномаҳо оид ба проблемаи омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз тарафи баъзе аз созмонҳои байналхалқӣ бо истифодабарии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амалӣ гардонидашуда, аз тарафи онҳо семинарҳои яквақта, машқҳо, конфронсҳо гузаронида мешаванд. Ҳамаи лоиҳаҳо оид ба омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак дар марҳалаи ибтидоӣ қарор доранд. Системаи мавҷудаи фаъолияти кунунӣ ҳамаи кӯдаконро дар бар нагирифта танҳо ба доираи муайяни аҳолии ҷумҳурӣ равона карда шудааст. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллие, ки бо кӯдакони оилаҳои камбизоату мӯҳтоҷ сару кор доранд, бо ёрии созмонҳои байналхалқӣ дар сатҳи аҳли ҷомеа ба воситаи ҳукуматҳо, ҷамоатҳо, сохторҳои кумитаҳои маҳаллаҳо ба гузаронидани чорабиниҳои муайяни маълумотноккунонӣ ва иттилоотдиҳӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба кор оғоз намуданд.

Ҳадафи иттилоотдиҳӣ ва маърифатноккунонӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон нисбати кӯдакони азиятдида - ин баландбардории сатҳи фаъолияти иҷтимоӣ ва шаҳрвандии онҳо, дар онҳо ҳосил кунондан ва инкишоф додани малака ва маҳорати ба таври озодона ифода карда тавонистани нуқтаи назари худ оид ба тамоми масъалаҳои ба онҳо дахлдор, ҳуқуқҳо ва озодиҳои худро ҳимоя карда тавонистани онҳо мебошад.

Баҳри ба даст овардани ин ҳадафҳо гузаронидани чорабиниҳои зерин зарур аст:

ба амал баровардани тадқиқот доир ба вазъи омӯзиш, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони мӯҳтоҷ;

ҳамасола баровардани бюллетен дар бораи "Вазъи кӯдакон дар Тоҷикистон";

тезонидани масъалаи ҳамроҳшавӣ ба шартномаҳои байналхалқӣ дар бобати ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон;

омода ва чоп намудани "Маҷмӯаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак";

дар ҷои истиқомат ба таври мунтазам гузаронидани машғулиятҳо бо кӯдакон ва волидайни онҳо дар мавзӯъҳои "Ҳуқуқи кӯдак", "Қонунгузории оилавӣ" ва ба ин кор ҷалб намудани омӯзгорон, ҳуқуқшиносон, олимон, ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ, роҳбарони ҷамоаҳои маҳаллӣ;

ҷалб намудани имкониятҳои воситаҳои ахбори оммавӣ баҳри баландбардории сатҳи иттилоотноккунонӣ дар соҳаи риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак нисбати кудакони азиятдида дар шаклҳои:

а) ташкил кардани мизҳои муддавари "Саволу ҷавобҳо";

б) ташкил намудани барномаҳои мунтазами телевизионӣ ва радиошунавонӣ барои кӯдакон ва волидайни онҳо дар шакли "Экрани оилавӣ";

в) баровардани нашрияҳои даврагии кӯдакона бо дар онҳо инъикос намудани мавзӯъи "Ҳуқуқи инсон"; гузаронидани чорабиниҳои оммавӣфарҳангӣ ва илмӣ оид ба ҳуқуқи инсон (намоишгоҳҳо, озмунҳо, бозиҳои саволу ҷавоб, музоядаҳо, роҳпаймоиҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва театрикунонидашуда, фестивалҳо, конфронсҳо, семинарҳо ва дигарҳо);

бо воситаи ҳукуматҳои маҳаллӣ эҳё кардани кори марказҳои кӯдакон ва ҷавонон дар ҷои истиқомат, то ин кӯдакон ва волидайни онҳо ба таври мунтазам маслиҳати бепули ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои асосҳои дониш доир ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқи худ ва дар амал татбиқ карда тавонистани онҳоро гирифта тавонанд.

Занон

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини баробарҳуқуқӣ дар давлат, пешравӣ ва фарҳангнокии ҷомеа ин вазъи занон мебошад. Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамчун давлати дар роҳи сохтмони давлати дунявӣ ва демократӣ қадамгузошта наметавонад аз ҳалли проблемаҳои занон дар канор истад.

Дар Тоҷикистон занон қисми зиёди нодороён ва шахсони бемаълумотро ташкил медиҳанд. Онҳо ба таври васеъ ҳанӯз дар зинаҳои мақомоти маъмурӣ ва идора ғайрикофӣ пешниҳод гардидаанд. Занон нисбатан тезтар объекти зӯроварӣ қарор мегиранд. Сатҳи фавти модарон баланд боқи мемонад. Иштироки занон дар раванди қабули қарорҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт ва сиёсат ба таври хеле маҳдуд боқӣ ба роҳ монда шудааст. То ҳанӯз дар ҷумҳурӣ рафторҳои анъанавӣ (маҷбурсозӣ дар вақти бастани ақди никоҳ, зӯроварӣ дар оила, амалҳои бисёрникоҳӣ ва дигарҳо), ки дар доираи онҳо занон нисбат ба мардон дар ҳолати итоаткорӣ қарор доранд, мушоҳида карда мешаванд.

Монеаҳои вуҷуддоштаро, дар навбати аввал, ба воситаи дахолат кардани давлат - бо роҳи гузаронидани ислоҳоти гуногун, аз он ҷумла, ба воситаи барномаҳои омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои занон шикастаю барҳам додан зарураст. Тарбия ва иттилоотдиҳии занон доир ба ин соҳа метавонад барои мубориза бурдан бо ақидаҳои вуҷуддоштае, ки барои ба таври пурра амалӣ намудани принсипи баробарии занон ва мардон халал мерасонанд, ёрӣ расонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдарпай ба фаҳмидани масъалаи муҳим будани афзалиятнокии ҳуқуқи инсон, ҳифзи шахсият, шаъну шарафи занон расида истодааст. Ин дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнат, Кодекси оила, Кодекси ҷиноӣ, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" ва дигар қарорҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёфтаанд. Ғайр аз ин, аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон ва дигарҳо ба тасвиб расиданд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои занонро ҳифз менамоянд.

Дар раванди инкишофи ҳаракатҳои занон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо дар Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба таври фаъолона иштирок менамоянд. Соҳаи фаъолияти асосии онҳо гузаронидани тадқиқоти гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои занон дар оила ва ҷамъият, баландбардории сатҳи фаъолиятнокии сиёсӣ ва иҷтимоӣ, кӯмак расонидан ба кори амалӣ сохтани барномаҳои таълимӣ мебошанд.

Ҳадафи барномаҳои таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон барои занон - ин иттилоотдиҳӣ дар бораи ҳуқуқҳо ва вазифаҳои асосии онҳо мебошад, ки инкишофи баробарҳуқуқӣ, баландбардории мавқеи иқтисодӣ ва шаҳрвандии онҳоро таъмин созад ва ба онҳо имконияти ҳифз карда тавонистани ҳуқуқҳои худ, бартараф сохтани монеаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар монеаҳоеро, ки баҳри амалӣ гардонидани баробарҳуқуқӣ мамониат мекунанд, дода тавонад.

паҳн намудани муқаррароти асосии қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар байни занон;

ҳамроҳ гардидан ба шартномаҳои байналхалқии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи занон;

гузаронидани конфронсҳо ва семинарҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ оид ба масъалаи рафъи табъиз (дискриминатсия) нисбати занон;

таҳия сохтани адабиёти махсуси таълимӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии занон, ба забони давлатӣ ва дигар забонҳои халқҳои Тоҷикистон тарҷума кардани намунаҳои нисбатан ояндадори хориҷӣ;

нашр кардан ва паҳн сохтани китобҳо, кинофилмҳо ва намоишҳои телевизионии ба проблемаи риояи ҳуқуқу озодии занон бахшидашуда;

гузаронидани курсҳои махсуси офиятбахшӣ (реабилитатсия) оид ба ҳифзи ҳуқуқи занон, ки дучори зӯроварӣ гардидаанд;

гузаронидани семинарҳои махсус, паҳн кардани маводҳои чопӣ ва маводҳои гуногун, намоишҳои телевизионӣ ва радиошунавониҳо, ташкил кардани чорабиниҳои шӯроҳои маҳаллии занон ва дигар чорабиниҳо барои занон ва духтароне, ки дар деҳот зиндагонӣ мекунанд;

гузаронидани барномаҳои махсус (семинарҳо, устохонаҳои коргарӣ ва дигарҳо) барои модарони танҳо, сардорони оила ба мақсади иттилоотдиҳии онҳо дар соҳаи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ;

дастгирӣ кардани иттиҳодияҳои ҷамъиятии вуҷуддошта ва ҳавасмандсозии иттиҳодияҳои нав ташкилшавандае, ки ба кори паҳн кардани донишҳо доир ба ҳуқуқ ва озодиҳои занон машғул мебошанд;

гузаронидани машғулиятҳои махсус ва курсҳо барои хонандагони мактабҳои миёна, муассисаҳои миёнаи махсус, донишҷӯён бахшида ба масъалаҳои нақш ва мавқеи занон дар оила ва ҷомеа, ҳуқуқҳои онҳо;

ҷалб намудани имкониятҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии миллӣ ва байналхалқӣ дар кори гузаронидани чорабиниҳои гуногун оид ба ҳуқуқи занон.

Нафақахӯрон

Дар шароити кунунӣ дар сохтори аҳолӣ тағйироти зиёде ба амал омад. Нафақахӯрон аз рӯи хизмати бисёрсола, аз рӯи синнусол, маъюбон ва собиқадорони табақаҳои гуногун гурӯҳҳои аз ҷиҳати миқдор гурӯҳи нисбатан зиёди аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Баромадан ба нафақа - ҳодисаи хеле мураккаб ва серпаҳлӯи иҷтимоӣ мебошад. Вай аз одат карда тавонистан ба вазъи нави иҷтимоӣ ва тарзи ҳаёт иборат аст. Барои ин гурӯҳи аҳолӣ, ки дар шароити хеле вазнини иқтисодию иҷтимоӣ қарор доранд, якчанд омилҳои аҳволи онҳоро бандсозанда вуҷуд дорад. Набудани имконияти пайдо кардани ҷойи кор имконият намедиҳад, ки ҳуқуқҳои хешро дар бобати ба даст овардани музди иловагии меҳнат амалӣ гардонанд. Дар натиҷа, онҳо дар баробари дигар табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ камбизоати аҳолӣ дар мавқеи камбағалӣ қарор доранд. Талаботи худро нисбат ба манзил, маълумот, ғизо, шуғл, иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ, тандурустӣ, дар гирифтани воситаҳои махсуси нақлиёт ва дигарҳо қонеъ гардониданӣ шуда, ин гурӯҳи аҳолӣ бо мушкилиҳо дар соҳаи риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои худ рӯ ба рӯ меоянд.

Дар вақтҳои охир, ба мушкилиҳои зиёд нигоҳ накарда, аз тарафи давлат оид ба паст кардани сатҳи камбағалии ин табақаи одамон бо роҳи қабул кардани санадҳои қонунгузорӣ, расонидани ёрии башардӯстона дар шакли озуқаю доруворӣ ва либос тадбирҳо ба амал бароварда мешаванд. Мутобиқи қонунҳо "Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи ветеранҳо" ва дигар қонунҳо Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи нафақахӯрони ҳама гурӯҳҳо тадбирҳои дахлдор меандешанд. Давра ба давра оид ба баланд бардоштани нафақаи гурӯҳҳои алоҳидаи нафақахӯрон қарорҳо қабул карда мешаванд.

Сиёсати давлатии таълим дар соҳаи риоя ва ҳифзи ҳуқуқи нафақахӯрони тамоми гурӯҳҳо дар ҷумҳурӣ ҳанӯз хеле суст амалӣ мегардад.

Ҳадафи Барномаи мазкур - ин баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокӣ ва иттилоотии нафақахӯрони ҳамаи табақаҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон, инкишоф додани малакаҳои муҳофизат карда тавонистани ҳуқуқ ва озодиҳои худ, фаъолсозии иштироки онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа ва давлат мебошад.

Баҳри ба даст овардани ин ҳадафҳо тадбирҳои зерин заруранд:

гузаронидани тадқиқоти заминавӣ оид ба эҳтиёҷот ва талаботи нафақахӯрони тамоми гурӯҳҳо оид ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо;

гузаронидани таҳлили заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба бахши ҳифзи ҳуқуқи нафақахӯрони тамоми гурӯҳҳо дахл дорад;

таҳия намудани барномаҳо оид ба гузаронидани курсҳо дар соҳаи омӯзиш оид ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқи нафақахӯрони тамоми гурӯҳҳо;

таҳия намудани воситаҳои таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон барои нафақхӯрон бо дарназардошти эҳтиёҷоти онҳо;

омода ва нашр сохтани китобчаҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии нафақахӯрон барои ҳар кадом табақаи алоҳида ва супоридани ин китобчаҳо дар якҷоягӣ бо шаҳодатномаҳои нафақагирӣ ва дар ҷойҳои нафақадиҳӣ;

барпо сохтани клубҳои ғайрипулакии маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ барои нафақахӯрон ва китобхонаҳо оид ба ҳифз ва кафолати ҳуқуқи инсон дар назди шӯроҳои маҳаллаҳо ва дигар мақомоти худидоракунӣ;

дар воситаҳои ахбори оммавӣ инъикос кардани вазъи нафақахӯрон ва мушкилиҳое, ки ба риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқи ин табақаи аҳолӣ дахл доранд;

гузаронидани мониторингҳои доимӣ оид ба самаранокии барномаҳои омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои нафақахӯрон.

Барномаи системаи маърифатноксозӣ ва иттилоотдиҳии нафақахӯрони тамоми табақаҳо бояд дар ҷои истиқомати онҳо ба воситаи ҳукуматҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳракҳою деҳотҳо, сохторҳои маҳаллаҳо, мақомоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдор, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба амал бароварда шавад.

Муҳоҷирони меҳнаткаш ва аъзоёни оилаҳои онҳо

Вазъи кунунии иқтисодии Тоҷикистон қисми зиёди аҳолии қобили меҳнатро маҷбур месозад, ки барои даромаде ба даст овардан ба мамлакатҳои дигар сафар намоянд.

Тибқи Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнаткаш ва аъзоёни оилаҳои онҳо мафҳуми "Муҳоҷири меҳнаткаш" шахсеро мефаҳмонад, ки дар давлате бо фаъолияти пардохташаванда машғул аст, ки вай (зан ва ё мард) шаҳрванди он намебошад.

Муҳоҷирони меҳнаткаш, ки аз рӯи шартнома ва ё дар асоси дигар хел аҳду паймон, ё ин ки ихтиёран бо ташаббуси худашон барои даромаде ба даст овардан ба дигар ҷой сафар менамоянд, бояд дар бораи забон, фарҳанг, системаи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии он мамлакат, ки ба он ҷо рафтанианд, тасаввуроти умумӣ дошта бошанд. Ба онҳо бояд пешакӣ дар бораи музди меҳнат, шароити кор ва шароити умумии ҷои истиқомат, ки ҳангоми омада расидан ба онҳо дучор меоянд, иттилоот додан лозим аст ва ин иттилоотро онҳо бояд то рафтанашон ва ё аз ҳама дертарашҳангоми қадам гузоштан ба ҳудуди он давлате, ки ба сифати коргари кироя ба он ҷо рафтаанд, дошта бошанд.

Дар ҳолатҳое, ки ба низом овардани ҷараёни муҳоҷирони меҳнаткаш бо кӯмаки мақомоти муҳоҷират ба амал бароварда мешавад, муҳоҷирони меҳнаткаш нисбат ба муҳоҷироне, ки бо ташаббуси худ ё ба воситаи вакили хусусӣ оид ба кироя сафар кардаанд, дорои имконияти хубтари гирифтани омодагии камтарине барои зиндагӣ ва кор кардан дар хориҷа мебошад.

Миқдори зиёди муҳоҷирони меҳнаткаш бидуни иттилооти зарурӣ оид ба шароити зист ва кор, қабл аз ҳама, оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, ки мутобиқи шартномаҳои байналхалқӣ ва қонунҳои кишвари шаҳрвандии худ ва кишвари кордиҳанда ба онҳо кафолат дода мешавад, аксаран дар ҳолати ногувор монда, ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегарданд. Дискриминатсия нисбат ба муҳоҷирони меҳнаткаш дар соҳаи шуғл дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад, чунончӣ он чӣ ки ба ҳуқуқҳои меҳнатӣ дахл дорад, вазъ чунин аст, ки нисбат ба шаҳрвандони худи мамлакат аз як тараф ва нисбат ба муҳоҷирони меҳнаткаш аз тарафи дигар меъёрҳои гуногун истифода бурда мешаванд. Чунин анъанае ба таври васеъ паҳн гардида мебошад, ки муҳоҷирони меҳнаткаш қувваи коргарии иловагӣ шуморида мешаванд ва барои онҳо ҳамон намудҳои кор пешкаш карда мешавад, ки барои шаҳрвандони худи мамлакат камтар маъқул мебошанд. Шароитҳои зиндагонии муҳоҷирони меҳнаткаш дар аксари ҳолатҳо ғайриқаноатбахш ташкил карда мешаванд.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнаткаш шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кори доимӣ бурда мешавад. Дар соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ҷорӣ карда шуд, ки муносибатҳоро дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ ба низом меандозад, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии равандҳои муҳоҷиратро муайян месозад. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бастани шартномаҳои дутарафа доир ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ тадбирҳо ба амал бароварда мешаванд. Тоҷикистон дар бастани чунин шартномаҳо бо мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) манфиатдор аст, чунки имконияти ёфтани кор дар ин мамлакатҳо барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дастгирии куллие дар беҳтар гардонидани вазъи молиявӣ барои оилаҳои муҳоҷирони меҳнаткаш мебошад. Аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати берунии меҳнатӣ таҳия шуда истодаанд.

Надоштани донишҳои кироӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба шаҳрвандони Тоҷикистон имконият намедиҳад, ки онҳо аз аввали сафар карданашон ба мамлакати ҷойи кор, ҳуқуқҳои худро дар масъалаҳои ба қайдгирӣ, гирифтани манзили муваққатӣ, ёрии иҷтимоӣ ва риояи ҳуқуқҳояшонро дар бобати озодӣ ва дахлнопазир будани шахсияташон муҳофизат карда тавонанд.

Ҳадафи маърифатноккунӣ ва иттилоотдиҳӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои муҳоҷирони меҳнаткаш ва аъзоёни оилаҳои онҳо - ин баланд бардоштани фаъолии иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, инкишоф додани малака ва маҳорати ҳифз карда тавонистани ҳуқуқ ва озодии худ ҳангоми дар мамлакати дигар рӯз гузаронидан мебошад.

Баҳри ба даст овардани ин ҳадафҳо тадбирҳои зеринро ба амал баровардан зарур аст:

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналхалқиро оид ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнаткаш бо давлатҳое, ки шахсони ин гурӯҳҳои аҳолиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунанд бо дарназардошти муқаррароти қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналхалқӣ имзо намояд;

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

китобчаи хотираҳо ва намудҳои гуногуни плакатҳоро бо забони давлатӣ ва дигар забонҳо дар шакли фаҳмо ва айёнӣ, ки ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнаткаш ва аъзоёни оилаҳои онҳоро шарҳ дода тавонанд, нашр намояд;

ҳангоми мутташаккилона бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фиристодан ба кор ба мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, доир ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо бо супоридани китобчаҳои хотиротӣ сӯҳбатҳо гузаронад;

дар фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва автомобилӣ ҳамроҳи чиптаҳо фурӯши китобчаҳои хотираҳо ва паҳн кардани онҳо ба воситаи роҳбаладҳо ва ронандаҳои хати сафар ташкил карда шавад, дар ҷойҳои намоён плакатҳое, ки ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнаткаш ва аъзоёни оилаи онҳоро шарҳ медиҳанд, овехта шаванд;

дар китобчаҳои хотираҳо ва плакатҳо нишона ва рақамҳои телефонҳои муассисаҳои консулӣ ва дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар мамлакатҳо нишон дода шаванд, то ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани ёрӣ ва ҳифзи худ ҳангоми вайрон карда шудани ҳуқуқҳои онҳо муроҷиат карда тавонанд;

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи муассисаҳои консулӣ ва дипломатии худ барои муҳоҷирони меҳнаткаш ва аъзоёни оилаҳои онҳо додани маслиҳатҳои бепулро ташкил намояд, дар штати ин муассисаҳо вазифаи мутахассиси ҳуқуқшиносро оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва ба онҳо додани ваколатҳоро оид ба алоқа бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва байналхалқӣ барои истифодабарии имкониятҳои ин созмонҳо дар кори ҳифз намудан ва расонидани ёрӣ ба муҳоҷирони меҳнаткаш ва аъзоёни оилаи онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намояд;

имкониятҳои воситаҳои ахбори оммавӣ дар баландбардории сатҳи иттилоотноккунонӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои тамоми аҳолии ҷумҳурӣ истифода бурда шаванд, проблемаҳо ва мушкилиҳои дар хориҷа ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнаткаш ва аъзоёни оилаи онҳо хосбуда оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон аз тарафи онҳо равшан инъикос карда шаванд.

Гурезаҳо

Тоҷикистон иштирокчии Конвенсия дар бораи статуси гурезаҳо аз соли 1951 ва Протоколи иловагӣ ба вай аз соли 1967 мебошад. Дар ҷумҳурӣ Қонун "Дар бораи гурезаҳо" ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки мақом, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии гурезаҳоро танзим менамоянд, қабул шудаанд.

Гуреза бо сабабҳои мавҷуд будани хавфи асосноке аз рӯи аломатҳои нажодӣ, мазҳабӣ, табаият, дохил шуданаш ба гурӯҳи Муайяни иҷтимоӣ ва доштани ақидаҳои сиёсӣ дар мамлакати шаҳрванди он буда қарор надорад ва наметавонад аз муҳофизатсозии ин мамлакат истифода барад ё намехоҳад аз ин гуна муҳофизатсозӣ истифода барад ва ё наметавонанд ва намехоҳад бо сабаби мавҷуд будани ҳамин гуна хавфу хатар ба Ватан баргардад.

Ба захираҳои маҳдуди иқтисодӣ ва моддӣ нигоҳ накарда, ҳокимияти мамлакат барои таъмин ва ҳифз намудани ҳуқуқи гурезаҳо кӯшиши зиёдеро ба харҷ медиҳад. Дастуруламал дар бораи додани шаҳодатномаи гурезагӣ тасдиқ карда шуда, ҷойҳои муваққатан ҷойгиркунонии гурезаҳо муайян карда шудаанд. Қатъи назар аз ин, дар ин соҳа ҳанӯз камбудиҳо вуҷуд доранд.

Ҳадафи асосии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои ин табақаи аҳолӣ - ин баландбардории сатҳи муҳофизатсозии ҳуқуқии гурезаҳо бо роҳи маърифатноккунонӣ ва иттилоотдиҳии онҳо оид ба санадҳои байналхалқии ҳуқуқии соҳаи ҳуқуқи инсон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мавқеъ, ҳуқуқ, озодиҳо ва вазифаҳои онҳоро ба танзим медароранд.

Баҳри ба даст овардани ин ҳадафҳо гузаронидани чорабиниҳои муштараки сохторҳои гуногуни ҳукуматӣ ва байналхалқӣ зарур аст, ки онҳо бояд масъалаҳои зеринро дарбар гиранд:

ташкил намудани курсҳои доимоамалкунанда дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқии соҳаи ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла гурезаҳо. Дар барномаҳои таълимии ин курсҳо пешбинӣ намудани иттилоотдиҳии гурезаҳо оид ба муроҷиат намудан ба суд, амалӣ сохтани ҳуқуқҳояшон дар соҳаи таҳсил, таъминоти иҷтимоӣ, манзил, озодона ҳаракат намудан ва оид ба дигар қоидаҳо;

Ба Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳаллҳо лозим аст, ки ҳангоми бақайдгирии гурезаҳо ба онҳо дар бораи ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои ин табақаи аҳолӣ ахборот диҳанд;

сафарбар намудани имкониятҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии миллӣ ва байналхалқӣ дар раванди иттилоотдиҳӣ ва омӯзиши гурезаҳо оид ба соҳаи ҳуқуқи инсон.

Шахсоне, ки дар ин ё он шакли дучори дастгир ё ҳабс шудан гардидаанд

Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати шахсоне, ки дар ин ё он шакл дучори дастгир ва ҳабс шудан гардидаанд, бояд яке аз масъалаҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон гардад.

Тибқи Маҷмӯи принсипҳои ҳифзи ҳуқуқи тамоми шахсоне, ки дар ин ё он шакл дучори дастгир ё ҳабс шудан гардидаанд ва аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ аз 9 декабри соли 1988 тасдиқ гардидааст, шахсони зикргардида ба муносибати инсонӣ ва эҳтироми шаъну эътибори хоси шахсияти инсон ҳақ доранд.

Кафолати риоя намудани ҳуқуқи инсон нисбати шахсони ин табақа аз вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии давлат вобаста мебошад. Вазъи кунунии иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ба мушкилиҳо дар кори маблағтаъминкунӣ ва таъминоти ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ оварда расонид, ки ин ба шароити нигоҳ доштани дастгиршудагону маҳбусон ва риояи ҳуқуқҳои асосии онҳо таъсири манфӣ расонид.

Дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳадафи асосии таълим, иттилоотдиҳӣ ва маърифатноккунонии шахсоне, ки дар ин ё он шакл дучори дастгир ва ҳабс шудан гардидаанд, ин баландбардории сатҳи дониш ва фаҳмидани ҳуқуқи инсон аз тарафи ин табақаи одамон мебошад, ки барои ҳифз карда тавонистани ҳуқуқ ва озодиҳои қонунии онҳо дар ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ ва маҳрумият аз озодӣ кифоя бошад. Баҳри ба даст овардани ин ҳадафҳо ҳал намудани чунин вазифаҳо зарур аст:

аз нуқтаи назари инсондӯстӣ мувофиқи талаботи санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ таъмин намудани шароит барои нигоҳ доштани шахсоне, ки дар ин ё он шакл дучори дастгир ё ҳабс шудан гардидаанд;

таъсиси системаи самараноки таълим ва омодасозии ҳайати ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

таъмин намудани ёрии дастрасбудаи ҳуқуқӣ барои шахсоне, ки дар ин ё он шакл дучори дастгир ё ҳабс шудан гардидаанд.

Баҳри иҷрои ин вазифаҳо амалӣ сохтани тадбирҳои зерин зарур аст:

амалӣ намудани омода сохтан ва нашри китобчаҳо, плакатҳое, ки мазмуни асосии санадҳои байналхалқии ҳуқуқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшударо дар бар мегиранд ва меъёрҳои муносибатро бо шахсони дар ин ё он шакл дастгиршуда ва ҳабсшуда ва кори ташкили иҷрои ҷазоҳои ҷиноятиро муайян месозанд;

гузаронидани маърӯзаҳо, сӯҳбатҳо, машғулиятҳои мавзӯъӣ, омода ва нашр кардани адабиёти методӣ, нишон додани видеороликҳо, дар шакли дастрасу оммавӣ баровардани плакатҳо ва дигар чорабиниҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум бо дарназардошти талаботҳои интизомии муассисаи мазкур ба ҳар як маҳбус ба таври хаттӣ пешниҳод кардани иттилоот доир ба қоидаҳои муносибат кардан бо онҳо ва ҳамаи дигар масъалаҳои ба онҳо дахлдошта;

барои маҳбусон ва аъзоёни оилаҳои онҳо ҳуҷраҳои барои вохӯрӣ ҷудокардашударо бо маводҳои зарурии соҳаи ҳуқуқи инсон таҷҳизонидан;

дар гӯшаи тарбияи ҳуқуқӣ ташкил кардани бахши "Ҳуқуқи инсон";

таъмин намудани китобхонаҳои муассисаҳои ислоҳӣ бо китобҳо ва дигар адабиётҳое, ки мазмуни омӯзишро дар соҳаи ҳуқуқӣ дар бар мегиранд;

дар нақшаи хониши муассисаҳои таълимии муассисаҳои ислоҳӣ дохил кардани фанни оид ба ҳуқуқи инсон бо супоридани имтиҳон, гузаронидани дарси кушод дар мавзӯъи "Рӯзи ҳуқуқи инсон" (10 декабри ҳар сол);

таъмин намудани утоқҳои барои шахсони дастгиршуда пешбинишуда бо адабиёти зарурии методӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки ба ин табақаи шахсон дахл дошта бошад;

ошно сохтани маҳбусон ва ҳангоми баромадан аз ҷойҳои аз озодӣ маҳрум ба онҳо додани маълумотномаҳо оид ба ҳуқуқи онҳо баъди озодшавиашон аз муассисаҳои ислоҳӣ;

дастгирӣ кардани иттиҳодияҳои ҷамъиятии вуҷуддошта ва ҳавасманд сохтани иттиҳодияҳои аз нав ташкилёбанда, ки ҳифзи ҳуқуқи ин табақаи одамонро ҳадафи фаъолияти худ қарор додаанд ва оид ба маълумотноккунонӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба таври махсус машғул мебошанд, ҳавасманд гардонидан ва инкишоф додани фаъолияти созмонҳои соҳаи ёрии инсондӯстона дар ин соҳа.

5. ИДОРА ВА ТАШКИЛИ ОМУЗИШ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Таҳлил вазъ

Системаи мавҷудаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ мувофиқи сохтори умумии идораи давлатӣ сохта шудааст. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 №691 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 №383 мақоми масъули оид ба таъмини омӯзиш ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар назди вазорати мазкур мутобиқи санадҳои номбаршуда Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Вазири адлия (раиси Шӯро), Вазири маориф, Вазири фарҳанг, Вазири амният, Вазири корҳои дохилӣ, Прокурори генералӣ, Раиси суди Олӣ, Раиси Суди Олии иқтисодӣ, Раиси Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Шӯро бояд фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), вазорат ва идораҳо, воситаҳои ахбори оммавӣ, муассисаҳои таълимиро оид ба тарғиби қонунгузорӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ҳамоҳанг созад. Қарорҳои Шӯроро ба иҷро расонидан ҳатмӣ мебошад. Дар сохтори Вазорати адлия бахш оид ба тарғибот ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст ва фаъолият мекунад. Ба таври мунтазам шунавониданҳои мавзӯӣ бо истифода бурда шудани имкониятҳои воситаҳои ахбори оммавӣ, вохӯриҳо ва маърӯзаҳо дар коллективҳои меҳнатӣ омода карда мешаванд. Дар нақшаҳои таълимии мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ баҳри таълими кормандон ва хизматчиёни ҳарбӣ оид ба ҳуқуқи инсон соатҳо ҷудо карда шудаанд.

Дар айни ҳол, таҷриба нишон медиҳад, ки системаи вуҷуддоштаи тарбия ва таълими ҳуқуқӣ, аз ҷумла тарғиби соҳаи ҳуқуқи инсон, камсамарагии худро нишон дод. Ба ин нигоҳ накарда, ки таҳия сохтани сиёсат ва дурнамои маълумоти ҳуқуқӣ соҳаи Вазорати адлия мебошад, муттаассифона вай фаъолияти дигар идораҳоро дар ин соҳа ҳамоҳанг намесозад ва захираҳои ба ин мақсад ҷудокардашударо назорат намекунад. Вазорати адлия ҳамчун сохтори давлатӣ танҳо ба идоракунии муассисаҳои сохтории дар итоатбудааш машғул мегардаду халос. Низоми ҳамоҳангсозии сохторӣ дар байни вазоратҳо ва идораҳои гуногун вуҷуд надорад, нарасидани малакаҳои ташкилотчигӣ, сарварӣ ва касбӣ мушоҳида карда мешаванд. Аксарияти шахсоне, ки барои пеш бурдани ин корҳо даъват шудаанд, ба таври расмӣ ягон вақт оид ба омӯзиши принсипҳо, консепсияҳо ва вазифаҳои идоракунии омӯзиш дар соҳаи ҳукуқи инсон таълим нагирифтаанд. Омӯзиш дар ин соҳа танҳо багузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддате, ки бо иштироки муаллимони хориҷӣ гузаронида мешуданд, маҳдуд гардонида мешуд. Низоми самараноки иштироки аҳолӣ дар омӯзиши саҳаи ҳуқуқи инсон вучуд надорад. Иттиҳодияҳои вуҷуддоштаи ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи омӯзиш оид ба ҳуқуқи инсон махсус гардонида шудаанд, ҳанӯз ба таври кифоя инкишоф наёфтаанд ва камшуморанд.

Дурнамои идоракунии омӯзиш

Тамоми қоидаю тартиб ва амалияи ҷорисозии Барнома ва баҳодиҳӣ ба он бояд ба ин масъалаҳо кафолат диҳанд:

гуногунрангии намояндагӣ дар ҷомеа (бо дарбар гирифтани иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ);

амалиёти транспарентӣ;

ошкор ва ҳисоботдиҳанда будан дар назди ҷомеа;

иштирок дар чорабиниҳои ба таври демократӣ гузаронидашаванда.

Ҷузъи ҳалкунандаи гузаронидани ислоҳоти идоракунӣ ва ташкили системаи омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон ин давра ба давра омода сохтани захираҳои кадрӣ, паст кардани сатҳи амали марказикунонӣ, ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва таъмини иштироки аҳолӣ мебошад (ҷадвали амалӣ сохтани тадбирҳои Барнома замима мегардад).

Самаранокии раванди татбиқи Барномаи мазкур аз мавҷуд будани захираҳои кадрии боихтисос вобаста аст. Аз ин рӯ, такмил додани дониши захираҳои кадрии мавҷуда ва потенсиали иловагии кадрҳо, ки бо донишу малакаҳои соҳаи сиёсати омӯзиш, банақшагирии захираҳои молиявӣ, моддӣ ва одамӣ соҳиб бошанд, зарур мебошад.

Баҳри ноил гардидан ба ин мақсад ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки дар давраи аввал оид ба омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон аз ҷумлаи кормандони дастгоҳҳои марказии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ нақшаи тайёркунии муттахассисонро (лекторҳою тренерҳоро) таҳия ва амалӣ созад, то ки дар давоми 1-1,5 сол аз ҷумлаи онҳо миқдори зарурии мутахассисони бевосита ба ҷорӣ намудани Барномаи мазкур, паҳнсозии таҷриба ва ғояҳои гуногун машғулшаванда омода карда шавад. Дар оянда, дар давраи дуюм онҳо интиқол додани донишҳо ва малакаҳои худро ба дигар кормандони зинаҳои поёнии муассисаҳои худ таъмин месозанд, ки ин афзудани минбаъдаи сафи одамони дорои дониш ва таҷрибаи дар ин соҳадоштаро дар тамоми мамлакат метезонад. Таълим бояд бо истифода бурдани усулҳои ҳозиразамон гузаронида шуда, хусусиятҳои хоси миллӣ, психиологӣ ва касбии мутахассисон ва шунавандагонро дар бар гирад. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд имконияти дар хориҷа омухтани ҳамин гуна таҷрибаи пешқадамро ҷустуҷӯ намояд.

Зарур аст, ки ба манфиати татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасмандгардонии мутахассисон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳибташаббус пешбинӣ карда шавад.

Паст кардани сатҳи марказикунонии маълумот - ин аз дараҷаи ҳукумати марказӣ ба мақомоти маҳалии ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ интиқол додани як қисми ваколатҳоро мефаҳмонад. Интиқол додани ваколатҳо бо амалӣ сохтани нақшаи омодасозии мутахассисони баландихтисос, яъне бо мурури дар маҳалҳо тайёр намудани гурӯҳи одамони соҳибмалака бояд дар як низоми муайян қарор дошта бошад. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки мӯҳлатҳои давра ба давра интиқолсозии дараҷа ва ҳаҷми ваколатҳои худро муайян созад. Дар ин ҳолат аз рӯи натиҷаҳои ҷорисозии Барномаи мазкур барпо сохтани системаи қатъии ҳисоботдиҳӣ бениҳоят муҳим аст, то ки дар сари вақт назорат бурда, ба натиҷаҳои ба дастовардашуда баҳо дода, тағйироти зарурӣ дароварда шаванд. Ба ин муносибат вазифаи аввалиндараҷаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин ҳамоҳангсозии корҳо оид ба таълими аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон на танҳо дар муассисаҳои дар тобеъбуда, балки инчунин дар муносибатҳои тамоми тарафҳое, ки ба ин раванд ҷалб карда шудаанд: чӣ мақомоти давлатӣ, чӣ созмонҳои ҷамъиятӣ низ мебошад. Ин вазифаҳои вазорат бояд бо васеъ сохтани ваколатҳои он дар бобати назорат аз болои тақсимоти захираҳои давлатӣ ва баландбардории сатҳи вазифаҳои батартибандозӣ ва ҳамоҳангсозӣ кӯмак расонанд. Дар рафти гузаронидани ислоҳот нақши нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - иваз кардани системаи пештараи идоракунии таълимоти ҳуқуқӣ, аз он ҷумла, омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва то ба сатҳҳои дигар ва ё то ба сохторҳои ҷамъиятӣ интиқол додани онро талаб мекунад.

Дар айни ҳол ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд вазифаҳои зерин гузошта шаванд:

муайян сохтани сиёсати миллии омӯзиш ва иттилоотдиҳии аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

шарҳ додани қонунгузории мавҷуда ва қонунҳои қабулшаванда доир ба ин соҳа;

назорат аз болои тақсимот ва бо таври самаранок истифода бурда шудани захираҳои давлатии барои эҳтиёҷоти омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон пешбинишуда;

ба нақшагирӣ ва муайянсозии дурнамои соҳа;

таҳия сохтани сиёсати инвеститсионии соҳа;

омода сохтан, мониторинг ва баҳодиҳӣ ба самаранокии барномаҳои миллӣ оид ба проблемаҳои омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон;

омодасозии кадрҳои баландихтисос (лекторҳо, тренерҳо) дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

расонидани ёрии методӣ ва техникӣ (чунончи, дар шакли чоп кардани маводи таълимӣ-методӣ, рӯйхати инструкторҳои миллӣ, коршиносон ва муассисаҳо) ба онҳое, ки дар кори ҷорӣ сохтани Барномаи мазкур манфиатдоранд;

ҳамкорӣ бо дигар мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ.

Вазифаҳои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи ташкилсозии идораҳои нав ва ё аз нав номгузорӣ кардани баъзе аз онҳо гузаронидани ислоҳоти сохторҳои ташкилии онро талаб мекунад.

Бо мақсади таҳия сохтани тавсияҳо ва таклифҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба проблемаҳои муҳими омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон бо ҷалб намудани мутахассисони пешбари Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои эҷодии илмӣ-тадқиқотиро ташкил менамояд.

Ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар масъалаи омузиши соҳаи ҳуқуқи инсон бояд барои ба даст овардани ҳадафҳои умумии Барнома бо роҳи ҳамкории якҷояи дорои низоми махсус ва хусусияти шарикидоштаи сохторҳои гуногуни давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ равона карда шавад.

Баҳри нафъи ҳалли ин вазифа ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозӣ-методӣ оид ба тарбия ва таълими ҳуқуқии аҳолиро таъсис диҳад. Дар тартиби кори он ба таври аз ҳама дер дар ҳар семоҳа гузаронидани машварати иштирокчиён пешбинӣ карда шавад. Дар ин ҳолат рӯзномаи ҳар машварат бояд ба таври возеҳ муайян карда шуда, масъалаҳои ҳамкории байниидоравиро дар бар гирад. Вазифаҳои котиботи Шӯро бояд ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад. Барои ҳал намудани вазифаҳои муайяншуда Шӯро бояд гурӯҳи мутахассисони ба ӯ ҳисоботдиҳандаро ташкил намояд. Ташаккул додани ин вазифаҳо аз афзалиятнокии онҳо вобаста буда ва иҷрои онҳо масъулияти Шӯро мебошад.

Ҳамоҳангсозии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон на танҳо ба ташаккулдиҳии сиёсати мувофиқи мақсадбуда, балки инчунин ба ҷорӣ намудани он бояд равона карда шавад. Баҳри ба даст овардани ин ҳадаф ба шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ-методӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ лозим аст, ки бо ҷалб намудани мутахассисони зарурӣ барои дар сари вақт ошкор сохтани камбудию мушкилиҳо ба таври мунтазам тадқиқотҳо гузаронанд, тадбирҳои тағйиротдохилкунандаро пешбинӣ намоянд.

Ишгтроки аҳолӣ ҷалбсозии шаҳрвандони мамлакатро дар раванди баландбардории иттилооткунонии онҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҷорисозии Барномаи мазкур чӣ аз тарафи сохторҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия ва чӣ дар ин кор ҷалб намудани имкониятҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар назар дорад.

Аҳолӣ ба воситаи иттиҳодияҳои ҷамъиятии вуҷуддошта ва иттиҳодияҳои аз нав барпошаванда метавонад ба кори амалисозии Барнома бо роҳи ҷалб намудани захираҳои одамӣ ва ҳар гуна захираҳои дигар, баҳо додан ба самаранокии чорабиниҳои гузаронидашаванда кӯмак расонад. Ба ин муносибат ба мақомоти ҳокимияти иҷроия дар марказ ва дар маҳалҳо зарур аст, ки ба кори ба роҳ мондани муносибати амалии байниҳамдигарии одамони алоҳида, гурӯҳҳо ва созмонҳои марбут ба омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон кӯмак расонанд. Ба онҳо дар гузаронидани маҷлисҳо, семинарҳо, ҷустуҷӯ ва мубодила намудани захираҳои фоиданок ва таҷриба дар байни онҳое, ки ба омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон машғул мебошанд ва ё майли машғул шуданро доранд, кӯмак расонидан зарур аст.

Ғайр аз ин, ҳангоми амалӣ намудани Барномаи мазкур бояд алоқаи канданашавандаи омӯзиш бо ҳаёт, истифода бурда шудани ташаббусҳо ва фаъолияти худидоракунии васеи шунавандагон ҳангоми интихоби мавзӯъҳо, истифода бурдани шакл ва усулҳои ташкил кардани машғулиятҳо аз курсҳои касбӣ сар карда то барномаҳои оммавии, иттилоотӣ-маърифатӣ дар назар дошта шаванд.

Аз ҷиҳати иттилоотӣ таъмин намудани Системаи давлатии омӯзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон бояд дар асоси ба таври васеъ ҷалб намудани имкониятҳои воситаҳои ахбори оммавии марказӣ ва маҳаллӣ ба роҳ монда шавад.

Аз ҷиҳати методологӣ таъмин намудани Системаи давлатии омӯзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон бояд бо ҷалб намудани олимону мутахассисони ин соҳа ба амал бароварда шавад.

Маблағгузории барнома

Тадбирҳои пешниҳодгардида оид ба системаи омӯзиш, дар соҳаи ҳуқуқи инсон маблағгузории калони молиявиро талаб мекунад. Аммо дар шароити кунунии нарасидани захираҳо, давлат имконият надорад, ки маблағгузории омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсонро мувофиқи талаботи имрӯза пурра таъмин намояд. Аз ин рӯ, раванди ҷорӣ намудани Барнома қабул кардани қарорҳо ва муносибати махсусро талаб мекунад.

Маблағгузории Барнома аз се сарчашма иборат хоҳад буд:

1) маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки ҳар сол барои системаи омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон пешбинӣ мегарданд;

2) ташкил намудани фондҳои махсус;

3) грант ва қарзҳои донорӣ.

Дар давраҳои мӯҳлаташон кӯтоҳ ва миёна сарчашмаи асосии маблағгузории омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон - ин маблағгузорӣ аз Буҷети давлатӣ боқӣ хоҳад буд. Бинобар ин зарур аст, ки :

низоми мавҷудаи маблағгузории давлатӣ барои эҳтиёҷоти татбиқи Барнома бояд аз нав кор карда баромада шавад;

дар сатҳи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳе таъсис дода шавад, ки нишондиҳандаҳои талаботи сохторҳои давлатии ба татбиқи Барнома машғулшавандаро таҳия намояд;

дар бораи фондҳои махсус дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, дар он ҷойҳое, ки маблағгузориҳо дар шакли андоз ва дигар намудҳои маблағдохилшавӣ барои омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон ҷамъ мегарданд, дастуруламал таҳия карда шавад. Ин фондҳо хароҷотҳоро бо дарназардошти талабот барои эҳтиёҷоти татбиқи ин Барнома маблағгузорӣ хоҳанд кард.

Таҳияи чунин системаи тақсимоти захираҳо инчунин ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон даровардани тағйироти заруриро низ талаб мекунад.

Ба Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозӣ - методии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки ҳар сол мониторинги самаранокии истифодаи маблағҳои аз буҷет ҷудокардашуда ва дигар маблағҳоро анҷом диҳанд, фарқияти онҳоро нисбат ба талаботи воқеии татбиқи Барнома муайян созанд. Вобаста аз натиҷаҳои бадастомада сари вақт дар тақсимоти маблагҳои марказӣ тағйиротҳо дохил намоянд.

Ҳамоҳангсозии раванди ҷорисозии Барнома

Нақши ҳамоҳангсозӣ дар марҳилаи ҷорисозии Барнома, махсусан, ҳалкунанда мебошад, чунки он иштироки фаъолонаи вазорату идораҳои бисёр, аз ҷумла созмонҳои байналхалқиро дар назар дорад.

Вазифаҳои ҳамоҳангсозӣ ва танзими байниидоравии маблағҳои ташкилотҳои байналхалқӣ оид ба масъалаҳои омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон зарур аст ба зиммаи Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозӣ - методии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шаванд, то ин ки дар ин масъала такрорсозии фаъолияти якхела аз байн бардошта шавад ва даромадҳои донории созмонҳои байналхалқӣ ба дастгирии соҳаҳои афзалиятноки дар ин Барнома муайяншуда, равона карда шаванд.

Воҳидҳои дахлдори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи заминаи қонунгузорӣ, ки раванди ҷорӣ намудани Барномаро ба низом медарорад, масъул мебошанд, нақшаҳои солона ва дарозмӯхлати фаъолиятро дар ин соҳаи омӯзиш таҳия месозанд.

6. ЗАМИНАИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Системаи омӯзиши ҳуқуқӣ, аз он ҷумла, омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон аз тарафи Конститутсия (Сарқонун), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳо ва дигар санадҳои меъёрии вазорату идораҳои дахлдор ба низом дароварда мешавад.

Амалӣ гардонидани тадбирҳои дар ин Барнома пешбинишуда дар қонунгузррии ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон даровардани тағйирот ва таҳияи қонунҳо, қабули фармонҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб менамояд. Сиёсат дар соҳаи қонунгузорӣ бояд ба такмили минбаъдаи заминаи мавҷудаи меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ равона карда шавад. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бояд қоидаҳои умумӣ ва принсипҳои ташкилсозии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои ҳамоҳангсозии байниидоравиро ба низом дароранд. Фаъолияти ҷорӣ бо қарорҳои Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозӣметодии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармонҳои вазорату идораҳои дахлдор муайян карда хоҳад шуд.

7. БАРРАСӢ ВА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА БАРНОМА

Барномаи мазкур бо мақсади самараноку ҷавобгӯ буданаш ба талаботи дар рафти ҷорисозии он пайдошаванда ҳар сари чанд вақт бояд мавриди баррасӣ қарор гирад. Муоинаи кори таҳия ва амалӣ сохтани ин Барнома бояд масъалаи худбаҳодиҳӣ ва баҳодиҳии соҳибихтиёрро дар бар гирад. Муоинаи аввалин бояд баъди як соли оғозёбии татбиқи Барнома, дар давраҳои минбаъда бошад - як маротиба баъди 3 сол гузаронида шавад.

Баҳодиҳӣ ба кори самаранокии татбиқи Барнома дар асоси маҷмӯи меъёрҳои (нишондиҳандаҳои) коркардашуда ба амал бароварда мешавад ва бояд соҳаҳои зеринро мавриди тадқиқот қарор диҳад:

ин Барномаро (бо маънои кифоягии дарбаргирӣ, комёбиҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон ё омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон, пойдорӣ ва қобили ҳаёт будани Барнома);

амалӣ гардонидани тадбирҳои дар вай пешбинишуда (тартиб додани нақшаҳои идоравии амалиёт доир ба омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон, мавҷуд будани низоми самараноки дарбаргирии гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ ва дигарҳо);

фаъолияти Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозӣ-методии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба маънои фаъолияти саривақтӣ ва самаранокии он).

Ба кори муоина ва аз нав дида баромадани Барнома ҷалб намудани коршиносони мустақил мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Вобаста аз натиҷаҳои муоина дар Барнома тағйироти дахлдор ворид намудан мумкин аст.

Тағйирот ба ин Барнома мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун ворид карда мешавад.