Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 270 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 469 "Масъалаҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006с. № 604 аз эътибор соқит дониста шудааст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 469 "Масъалаҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 3 воҳид ихтисор карда шавад.

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 469 "Масъалаҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд: ба банди 1 сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад)";

аз банди 1 калимаҳои "Сохтори дастгоҳи марказӣ" хориҷ карда шуда, Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамин қарор тасдиқ карда шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

дар банди 2 рақам ва калимаҳои "27 (бо назардошти ҳайати хизматрасон)" ба рақам ва калимаҳои "24 (бе ҳайати хизматрасон)" иваз карда шаванд;

ба банди 5 сархати дуюм дар таҳрири зерин илова карда шавад:

"Шумораи ниҳоии кормандони воҳидҳои сохтории Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо миқдори 6 воҳид тасдиқ карда шавад, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 вохид, вилояти Суғд 1 воҳид, гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои - минтақаҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон 2 воҳид, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳиядои тобеи ҷумҳурӣ 2 воҳид".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 3 июни соли 2006 № 270

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2006 № 270

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбарият

2. Раёсати ташкилотҳои динӣ

3. Шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ ва экспертизаи диншиносӣ

4. Шӯъбаи робитаи байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ

5. Шӯъбаи табъу нашр

6. Бахши молия ва ҳуқуқ