Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 № 246 "Масъалаҳои Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот"
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони дастгоҳи марказии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот" ба микдори 5 воҳид ихтисор карда шавад.
2. Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 № 246 "Масъалаҳои Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Сохтори дастгоҳи марказии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот" дар таҳрири нав (замима мегардад) ва нақшаи замимагардидаи идоракунии он тасдиқ карда шаванд.
Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумути Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот" ба микдори 40 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2006 № 273
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни с. 2006 № 273
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот"
1. Роҳбарият
2. Раёсати корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ ва харитасозӣ
3. Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ
4. Шӯъбаи банақшагирӣ ва молия
5. Шӯъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ
6. Бахши умумӣ
7. Бахши робитаҳои иқтисодии хориҷӣ
8. Бахши рушди иҷтимои ва корҳои хоҷагидорӣ