Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 272 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2005 № 124 "Дар бораи Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006 № 618 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2005 № 124 "Дар бораи Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ"" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони нозироти Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 6 воҳид ихтисор карда шавад.

2. Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2005 № 124 "Дар бораи Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 42 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла кормандони дастгоҳи марказӣ 7 воҳид ва кормандони нозирот 35 воҳид муқаррар карда шавад".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Э. Раҳмонов

аз 3 июни соли 2006 № 272

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции Постановления Правительсва РТ от 28.12.2006г.№618

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 апреля 2005 года № 124 "О Комитете по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан"

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Сократить численность работников обслуживающего персонала инспекции Комитета по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 6 единиц.

2. Пункт 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 апреля 2005 года № 124 "О Комитете по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан" изложить в следующей редакции:

"2. Установить предельную численность работников Комитета по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан" в количестве 42 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе 7 единиц в центральном аппарате и 35 единиц работников инспекций".

Председатель

Правительства  Республики Таджикистан                Э.Рахмонов

от "3" июня 2006 года № 272

 г. Душанбе