Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 269 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003 № 74 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006с.№ 614 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003 № 74 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарур мекунад:

1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 15 воҳид ихтисор карда шавад.

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003 № 74 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

ба банди 2 қарор сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад)";

аз банди 2 қарор калимаҳои ",сохтори дастгоҳи марказии он", хориҷ карда шуда, Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003 № 74 тасдиқ карда шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад;

сархати якуми банди 12 қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 58 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 3 июни соли 2006 № 269

ш. Душанбе

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2006 № 269

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбарият

2. Раёсати шаҳрсозӣ ва меъморӣ

3. Раёсати идоракунии истеҳсолӣ

4. Раёсати ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ

5. Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус

6. Раёсати иқтисод ва молия

7. Раёсати корҳо

8. Шӯъбаи саноат, нақлиёт, механизатсия, энергетика, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ

9. Бахши ҳуқуқ