Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 № 189 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 3 воҳид, аз ҷумла дастгоҳи марказии Кумита 2 воҳид ва кумитаҳои заминсозии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ 1 воҳид ихтисор карда шаванд.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 № 189 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
аз сархати якуми банди 1 калимаҳои "сохтори дастгоҳи марказии он ва номгӯи ташкилоту корхонаҳои давлатие, ки фаъолияташонро тибқи созишномаи дуҷониба бо он анҷом медиҳанд" хориҷ карда шавад, сохтори дастгоҳи марказӣ ва номгӯи ташкилоту корхонаҳои давлатие, ки фаъолияташонро тибқи созишномаи дуҷониба бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо ҳамин қарор тасдиқ карда шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд; ба банди 1 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯи ташкилоту корхонаҳои давлатие, ки фаъолияташонро тибқи созишномаи дуҷониба бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд)".
банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 327 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 74 воҳид ва кумитаҳои заминсозии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба миқдори 253 воҳид муқаррар карда шаванд".
банди 4 хориҷ карда шавад;
бандҳои 5, 6 ва 7 мутобиқан бандҳои 4, 5 ва 6 ҳисобида шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2006 № 268
ш. Душанбе
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 268
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Сарраёсати назорати давлатии замин
3. Раёсати таҳияи сиёсати ягонаи замин
4. Раёсати кадастр, мониторинг ва баҳисобгирии заминҳои давлатӣ
5. Раёсати баҳисобгирӣ, банақшагирӣ ва маблағгузории корҳои заминсозӣ
6. Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, иттилоот ва корҳои аналитикӣ
7. Раёсати корҳо
8. Шӯъбаи ҳуқуқ ва ташхиси лоихаҳо
9. Шӯъбаи арзёбии иқтисодии замин ва пардохтҳо
10. Бахши кадрҳо
Замимаи 3
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 268
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумхурии Тоҷикистон
1. Дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Кумитаҳои заминсозии вилоятҳо
3. Кумитаи заминсозии минтақаи Кӯлоб
4. Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе
5. Кумитаҳои заминсозии шахрҳо ва ноҳияҳо
6. Муҳандисони заминсозии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот
Замимаи 4
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 268
тасдиқ шудааст
Номгӯи ташкилоту корхонаҳои давлатие, ки фаъолияташонро тибқи созишномаи дуҷониба бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиханд
1. Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи давлатии лоиҳакашии заминсозии "Тоҷикзаминсоз" бо Корхонаи давлатии фаръии "Тоҷикзаминсоз"-и тобеъ дар вилояти Суғд
2. Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашию тадқиқотии "Фазо"
3. Корхонаи воҳиди давлатии "Марказ-Замин" бо корхонаҳои давлатии фаръии тобеъ дар вилоятҳо ва шахру ноҳияҳо