Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 485 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон карор мекунад:
1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 12 воҳид ихтисор карда шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 485 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
ба банди 1 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад)";
аз банди 1 калимаҳои "Сохтори дасгоҳи марказии он" хориҷ карда шуда, Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамин қарор тасдиқ шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад;
сархати якуми банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 94 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2006 № 256
ш. Душанбе
Замима ба
қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 256
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Департаменти хоҷагии роҳҳо
3. Департаменти наклиёти рӯизаминӣ
4. Раёсати сиёсати нақлиёт
5. Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ
6. Раёсати молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибавӣ
7. Раёсатии корҳо
8. Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ