Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 230
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2007 № 190, аз 3.12.2010 № 649, аз 3.07.2014 № 446)
1. Аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - аттестатсия) бо мақсади таъмини иҷрои самараноки вазифаҳои худ аз ҷониби аудиторҳо гузаронида мешавад.
Аз аттестатсия ҳама шахсони воқеӣ (минбаъд - довталабон), ки хоҳиши ба фаъолияти аудиторӣ машғул шуданро доранд, мегузаранд.
2. Ба аттестатсияи довталабон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ бо собиқаи сесолаи кори амалии аз рӯи ихтисоси муҳосиб, тафтишотчӣ, иқтисодчӣ, мутахассиси молия, андоз ва ҳуқуқшинос, инчунин шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи махсус бо собиқаи панҷсолаи амалии корӣ аз рӯи ҳамин ихтисосҳо доранд, роҳ дода мешаванд .
3. Ташкили гузаронидани аттестатсия:
- ба зиммаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестатсияи довталабон оид ба аудити умумии корхонаҳо, иттиҳодияҳои онҳо, ширкатҳо, биржаҳои молию фондӣ, идораҳои суғурта, фондҳои сармоягузорӣ, нафақа, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо инчунин соҳибкорони инфиродӣ ;
- ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон аттестатсияи довталабон оид ба аудити бонкӣ ва дигар ташкилотҳои кредитӣ, вогузор карда мешавад .
4. Барои гузаронидани аттестатсия Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи тахассусии аттестатсиякунонӣ ва иҷозатномадиҳӣ (минбаъд - Комиссияи тахассусӣ) таъсис медиҳад.
Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳукуқи анҷом додани аудити бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитиро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
5. Аттестатсия баъди гузаштани курсҳо дар заминаи курсҳои таълимию методии таҳсил, азнавтайёркунии аудиторҳо ва супоридани имтиҳонҳо, ки онҳоро Комиссияи тахассусии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, гузаронида мешавад.
Шумораи соатҳои таҳсил ва барномаи омӯзиш аз ҷониби Комиссияи тахассусӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
6. Ба ҳайати Комиссияи тахассусӣ мутахассисони дастгоҳҳои марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд .
Ба ҳайати Комиссияи мазкур инчунин омӯзгорони факултетҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносии мактабҳои олӣ метавонанд дохил карда шаванд.
Аъзои Комиссияи мазкур беподош ва бе ҳуқуқи ивазшавӣ фаъолият мебаранд.
7. Ҳар як аудитор, ки соҳиби аттестати тахассусӣ мебошад, ӯҳдадор аст дар давоми се сол, баъд аз соле, ки шаҳодатнома гирифтааст, курсҳои омӯзиширо аз рӯи барномаи такмили ихтисос, ки комиссияи тахассусӣ тасдиқ намудааст, гузарад .
8. Тартиби кории Комиссияи тахассусиро роҳбарони онҳо муайян менамоянд.
Маҷлисҳои Комиссияи тахассусӣ аз рӯи зарурат гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду қисми аъзои он салоҳиятдор маҳсуб мешаванд.
Қарорҳо бо аксарияти овозҳои иштирокчиёни маҷлиси Комиссияи тахассусӣ қабул карда мешаванд. Дар сурати баробарии овозҳо, овози роҳбари Комиссия ҳалкунанда мебошад.
Дар сурати набудани роҳбари Комиссия вазифаи ӯ ба зиммаи муовинаш гузошта мешавад.
9. Комиссияи тахассусӣ барномаҳои ягонаро, ки аз рӯи онҳо омӯзиш ва имтиҳонҳои тахассусӣ гузаронида мешавад, тасдиқ мекунанд.
Роҳбарони Комиссияи тахассусӣ мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо курсҳои таълимию методӣ, ки аккредитатсияи ташкилотҳои касбиро гузаштаанд ҷиҳати дар заминаи онҳо гузаронидани таҳсил ва азнавтайёркунии довталабон шартнома мебанданд. Дар сурати мавҷуд будани имконият ва шароит чунин курсҳо дар назди сохторҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дода мешавад .
Дар ҳолати зарурӣ мақомоти ваколатдор метавонад вазифаи омӯзиш ва қабули имтиҳонҳо ва додани аттестати тахассусиро ба довталабон ба ин курсҳои таълимӣ диҳанд .
Тартиби баррасии ариза ва гирифтани Аттестати тахассуси барои ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" амалӣ карда мешавад .
Комиссияи тахассусӣ:
- тартиби гузаронидани имтиҳонҳои тахассусӣ, мундариҷаи тестҳои имтиҳонӣ, инчунин ҳайати комиссияи имтиҳониро тасдиқ мекунад ;
- комиссияи имтиҳониро аз ҳисоби аъзои комиссияи тахассусӣ муайян менамояд ;
- санҷиши мунтазами сифати таҳсили гузаронидашуда ва имтихоноти тахассусиро ташкил менамояд;
- довталабонро аз тартиб ва вақти гузаронидани имтиҳонҳои тахассусӣ хабардор месозад;
- натиҷаи имтиҳоноти тахассусиро баррасӣ ва тасдиқ намуда, дар асоси он дар бораи додани (надодани) аттестати тахассусии аудитор қарор қабул мекунад. Дар сурати пайдо шудани шубҳа оид ба объективона будани баҳои мондаи комиссияи имтиҳонӣ, Комиссияи тахассусӣ ҳуқуқ доранд ба довталаб имтиҳони нав муқаррар намояд ;
- аттестати тахассусии аудиторӣ медиҳад ;
-қайди реестрҳои шаҳодатномаҳои тахассусии додашудаи аудиториро пеш мебарад.
10. Довталаб ба Комиссияи дахлдори тахассусӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мекунад:
- ариза барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар курсҳои омӯзишӣ ва супоридани имтиҳонот;
- нусхаи дипломи таҳсилоти олӣ (ва) ё миёнаи махсус, ду дона сурати хаҷми 4x6, хати расиди (квитансия) пардохти маблағ барои баррасии ариза ;
- нусхаи шиноснома (бо суроға) ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) .
11. Аризаро комиссияи дахлдори тахассусӣ дар муҳлати на бештар аз як моҳи пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ баррасӣ менамояд. Дар ҳолати норасоии ҳуҷҷатҳо онҳо барои аз нав тартиб додан баргардонида мешаванд.
Қарор дар бораи вақт ва ҷои гузаронидани имтиҳони тахассусӣ на дертар аз 15 рӯзи гузарониданаш ба самъи довталаб расонида мешавад.
12. Довталаб ба имтиҳони тахассусӣ дар асоси пешниҳоди шиноснома ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ӯ роҳ дода мешавад.
Имтихоноти тахассусӣ дар шакли тестӣ гузаронида мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои имтиҳоноти тахассусӣ комиссияи имтиҳонӣ протокол тартиб медиҳад .
Аттестати тахассусии аудитор дар шакли муқарраршуда бояд дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи қабули қарори додани он дода шавад
Бекор намудани аттестати тахассусии аудитор дар асоси моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.07.2014 № 446).
13. Ба ивази аттестати тахассусии гумшуда (гумкарда), ки мӯҳлати амалаш нагузаштааст, бо аризаи аудитор нусхаи онро додан мумкин аст .
14. Комиссияи тахассусӣ Реестри давлатии қайди шаҳодатномаҳои додашудаи тахассусии аудиторҳоро пеш мебаранд.
Дар Реестри давлатӣ маълумотҳои зерин сабт карда мешаванд: фамилия, ном, номи падар, маълумоти шиносномавӣ ва ҷои истиқомати аудитор, рӯзи додан ва рақами аттестати тахассусӣ .
15. Дар сурати норозӣ будан аз қарори Комиссияи тахассусӣ дар бораи рад кардани додани аттестати тахассусӣ довталаб метавонад дар тӯли як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳинома оид ба чунин қарор ба суд муроҷиат кунад .
16. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба омӯзиши довталабон алоқаманд, аз он ҷумла қарори комиссия дар бораи додани (ё надодани) аттестати тахассусии аудитор ба мақомоте (ташкилоте), ки дар онҳо курсҳои омузишӣ гузаронида мешавад, барои нигоҳ доштан супорида мешаванд .
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 230
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ
1. Аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - аттестатсия) бо мақсади таъмини иҷрои самараноки вазифаҳои худ аз ҷониби аудиторҳо гузаронида мешавад.
Аз аттестатсия ҳама шахсони воқеӣ (минбаъд - довталабон), ки хоҳиши ба фаъолияти аудиторӣ машғул шуданро доранд, мегузаранд.
2. Ба аттестатия довталабон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки маълумоти олӣ бо собиқаи панҷсолаи амалии корӣ аз рӯи ихтисоси муҳосиб, тафтишотчӣ, иқтисодчӣ, мутахассиси молия, андоз ва ҳукуқшинос, инчунин шаҳрвандоне, ки маълумоти миёнаи махсус бо собиқаи кории амалии даҳсола аз рӯи ин ихтисосҳо доранд, роҳ дода мешаванд.
3. Ташкили гузаронидани аттестатсия:
- ба зиммаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аудити умумии корхонаҳо, иттиҳодияҳои онҳо, биржаҳои молию фондӣ, идораҳои суғурта, фондҳои сармоягузорӣ, нафақа, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо инчунин соҳибкорони инфиродӣ;
- ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба аудити бонкӣ ва дигар ташкилотҳои кредитӣ, вогузор карда мешавад.
4. Барои гузаронидани аттестатсия Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи тахассусии аттестатсиякунонӣ ва иҷозатномадиҳӣ (минбаъд - Комиссияи тахассусӣ) таъсис медиҳад.
Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳукуқи анҷом додани аудити бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитиро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
5. Аттестатсия баъди гузаштани курсҳо дар заминаи курсҳои таълимию методии таҳсил, азнавтайёркунии аудиторҳо ва супоридани имтиҳонҳо, ки онҳоро Комиссияи тахассусии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, гузаронида мешавад.
Шумораи соатҳои таҳсил ва барномаи омӯзиш аз ҷониби Комиссияи тахассусӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
6. Ба ҳайати Комиссияи тахассусӣ мутахассисони дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
Ба ҳайати Комиссияи мазкур инчунин омӯзгорони факултетҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносии мактабҳои олӣ метавонанд дохил карда шаванд.
Аъзои Комиссияи мазкур беподош ва бе ҳуқуқи ивазшавӣ фаъолият мебаранд.
7. Ҳар як аудитор, ки соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мебошад, ӯҳдадор аст дар давоми се сол, баъд аз соле, ки шаҳодатнома гирифтааст, курсҳои омӯзиширо аз рӯи барномаи такмили ихтисос, ки комиссияи тахассусӣ тасдиқ намудааст, гузарад.
8. Тартиби кории Комиссияи тахассусиро роҳбарони онҳо муайян менамоянд.
Маҷлисҳои Комиссияи тахассусӣ аз рӯи зарурат гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду қисми аъзои он салоҳиятдор маҳсуб мешаванд.
Қарорҳо бо аксарияти овозҳои иштирокчиёни маҷлиси Комиссияи тахассусӣ қабул карда мешаванд. Дар сурати баробарии овозҳо, овози роҳбари Комиссия ҳалкунанда мебошад.
Дар сурати набудани роҳбари Комиссия вазифаи ӯ ба зиммаи муовинаш гузошта мешавад.
9. Комиссияи тахассусӣ барномаҳои ягонаро, ки аз рӯи онҳо омӯзиш ва имтиҳонҳои тахассусӣ гузаронида мешавад, тасдиқ мекунанд.
Роҳбарони Комиссияи тахассусӣ мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо курсҳои таълимию методӣ ҷиҳати дар заминаи онҳо гузаронидани таҳсил ва азнавтайёркунии довталабон шартнома мебанданд. Дар сурати мавҷуд будани имконият ва шароит чунин курсҳо дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Дар ҳолати зарурӣ Комиссияи тахассусӣ метавонад вазифаи қабули имтиҳонҳо ва додани аттестати тахассусиро ба довталабон ба ин курсҳои таълимӣ диҳанд.
Хароҷот оид ба тайёр намудан ва омӯзиш аз ҳисоби довталабон амалӣ карда мешавад.
Комиссияи тахассусӣ:
- тартиби гузаронидани имтиҳонҳои тахассусӣ, мундариҷаи билети имтиҳонӣ, инчунин ҳайати комиссияи имтиҳониро тасдиқ мекунад;
- вазифаи комиссияи имтихониро Комиссияи тахассусӣ ба ҷо меорад;
- санҷиши мунтазами сифати таҳсили гузаронидашуда ва имтихоноти тахассусиро ташкил менамояд;
- довталабонро аз тартиб ва вақти гузаронидани имтиҳонҳои тахассусӣ хабардор месозад;
- натиҷаи имтиҳоноти тахассусиро баррасӣ ва тасдиқ намуда, дар асоси он дар бораи додани (надодани) шаҳодатномаи тахассусии аудитор қарор қабул мекунад. Дар сурати пайдо шудани шубҳа оид ба объективона будани баҳои мондаи комиссияи имтиҳонӣ, Комиссияи тахассусӣ ҳуқуқ доранд ба довталаб имтиҳони нав муқаррар намояд;
- шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ медиҳад;
-қайди реестрҳои шаҳодатномаҳои тахассусии додашудаи аудиториро пеш мебарад.
10. Довталаб ба Комиссияи дахлдори тахассусӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мекунад:
- ариза барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар курсҳои омӯзишӣ ва супоридани имтиҳонот;
- нусхаи дипломи таҳсилоти олӣ (ва) ё миёнаи махсус, ду дона сурати хаҷми 4x6, квитансияи пардохти маблағ барои омӯзиш.
11. Аризаро комиссияи дахлдори тахассусӣ дар муҳлати на бештар аз як моҳи пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ баррасӣ менамояд. Дар ҳолати норасоии ҳуҷҷатҳо онҳо барои аз нав тартиб додан баргардонида мешаванд.
Қарор дар бораи вақт ва ҷои гузаронидани имтиҳони тахассусӣ на дертар аз 15 рӯзи гузарониданаш ба самъи довталаб расонида мешавад.
12. Довталаб ба имтиҳони тахассусӣ дар асоси пешниҳоди шиноснома ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ӯ роҳ дода мешавад.
Имтихоноти тахассусӣ дар шакли хаттӣ гузаронида мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои имтиҳоноти тахассусӣ комиссияи имтиҳонӣ протокол тартиб медиҳад.
Шаҳодатномаи тахассусии аудитор дар шакли муқарраршуда бояд дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи қабули қарори додани он дода шавад.
Бекор намудани шаҳодатномаи тахассусии аудитор дар асоси моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" амалӣ карда мешавад.
13. Ба ивази шаҳодатномаи тахассусии гумшуда (гумкарда), ки мӯҳлати амалаш нагузаштааст, бо аризаи аудитор нусхаи онро додан мумкин аст.
14. Комиссияи тахассусӣ Реестри давлатии қайди шаҳодатномаҳои додашудаи тахассусии аудиторҳоро пеш мебаранд.
Дар Реестри давлатӣ маълумотҳои зерин сабт карда мешаванд: фамилия, ном, номи падар, маълумоти шиносномавӣ ва ҷои истиқомати аудитор, рӯзи додан ва рақами шаҳодатномаи тахассусӣ.
15. Дар сурати норозӣ будан аз қарори Комиссияи тахассусӣ дар бораи рад кардани додани шаҳодатномаи тахассусӣ довталаб метавонад дар тӯли як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳинома оид ба чунин қарор ба суд муроҷиат кунад.
16. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба омӯзиши довталабон алоқаманд, аз он ҷумла қарори комиссия дар бораи додани (ё надодани) шаҳодатномаи тахассусии аудитор ба мақомоте (ташкилоте), ки дар онҳо курсҳои омузишӣ гузаронида мешавад, барои нигоҳ доштан супорида мешаванд.