Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999 № 270 "Масъалаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мувофики моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 18,5 воҳид, аз ҷумла дастгоҳи марказии вазорат 9 воҳид ва раёсатҳои адлияи вилоятҳо 9,5 воҳид ихтисор карда шаванд.
2. Банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон аз 2 июли соли 1999 № 270 "Масъалаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 70 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
Шумораи ниҳоии кормандони раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ва вилоятҳо ба миқдори 31 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад."
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯхлати се моҳ Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
4. Аз банди 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 №383 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ" ва банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 № 150 "Дар бораи таъсиси Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии иҷроия" хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2006 № 254
ш. Душанбе
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 254
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати қонунгузорӣ
Раёсати пешбурди феҳристи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадвини маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқӣ
Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ
Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ
Раёсати сабти давлатии ӯҳдадориҳои гарав
Раёсати кадрҳо, корҳои махсус ва назорати иҷро
Шӯъбаи иқтисоду молия
Шуъбаи идоракунии корҳо
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 254
тасдиқ шудааст
Накшаи идоракунии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсати корҳои ислоҳӣ
Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо
Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо
Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судӣ ва криминалистӣ
Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо
Корхонаи воҳиди давлатии нашриётии "Қонуният"