Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2001 № 74 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 5 воҳид ихтисор карда шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2001 № 74 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
ба банди 1 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, мувофиқи замима тасдиқ карда шавад".
аз сархати якуми банди 1 калимаҳои ", Сохтори дастгоҳи марказӣ" хориҷ карда шуда. Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2001 № 74 тасдиқ карда шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
сархати якуми банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии омори Ҷумхурии Тоҷикистон ба миқдори 91 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад".
3. Ба Низомномаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2001 № 74 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:
аз банди 3 ва сархати чоруми банди 11 калимаҳои "ва Маркази таълимӣ" хориҷ карда шаванд;
сархати понздаҳуми банди 9 хориҷ карда шавад.
4. Аз Нақшаи идораи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2001 № 74 тасдиқ шудааст, сархати шашум хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни солди 2006 № 267
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 267
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Маъмурият
2. Раёсати методологияи омории дорои системаи стандартонии байналмилалӣ
3. Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ
4. Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон
5. Раёсати омори кишоварзӣ
6. Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия
7. Раёсати бақайдгирии нарх, тариф, индексатсияи даромади аҳолӣ ва тадқиқи хоҷагии хонавода
8. Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ
9. Раёсати омори захираҳои моддӣ, савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ
10. Раёсати омори нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист
11. Раёсати банақшагирӣ, ҳисобот ва маъмурию хоҷагӣ
12. Раёсати кадрҳо ва ҳуқуқ