Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 87 "Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 24 воҳид ихтисор карда шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 87 "Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
дар банди 1:
калимаҳои "Сохтори замимагардидаи дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи" ба калимаҳои "Нақшаи замимагардидаи" иваз карда шуда, Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамин қарор тасдиқ карда шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад;
сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Сохтори замимагардидаи дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад";
дар банди 2:
сархати 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 110 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад";
сархати 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ба Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дод шавад, ки 6 муовинони Вазир, аз ҷумла як муовини аввали Вазир дошта бошад ва иборат аз 9 нафар коллегия таъсис диҳад".
сархати 3 хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2006 № 259
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 259
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Раёсати иқтисод ва молия
3. Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва ҷалби сармоя
4. Раёсати истеҳсолӣ ва илмию техникӣ
5. Раёсати саноати мошинсозӣ ва кимиё
6. Раёсати саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо
7. Раёсати саноати сабук ва маҳаллӣ
8. Раёсати саноати маводи сохтмон
9. Раёсати корҳо
10. Шӯъбаи кадрҳо ва муассисаҳои таълимӣ
11. Бахши ҳуқуқ