Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар хусуси масъалаҳои реэкспорти молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда аз қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2007 № 419)
Бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти Созишнома дар бораи реэкспорти молҳо ва тартиби додани иҷозат барои реэкспорт аз 15 апрели соли 1994 ва Протокол оид ба назорати гумрукии реэкспорти молҳое, ки дар қаламрави давлатҳои аъзои Аҳднома дар бораи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ аз 26 феврали соли 1999 истеҳсол шуда, ба кишварҳои сеюм интиқол дода мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Рӯйхати замимагардидаи молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, ки ҳангоми аз қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия ба кишварҳои сеюм реэкспорт намудани онҳо иҷозати мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани иҷозат ба реэкспорти молҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, муайян карда шавад ().
3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумхурӣ ():
- дар мӯҳлати ду моҳ қоидаҳои додани иҷозат барои реэкспортро таҳия ва тасдиқ намояд;
- бо аъзои Созишнома дар бораи реэкспорти молҳо ва тартиби додани иҷозат барои реэкспорт аз 15 апрели соли 1994 мубодилаи рӯйхати молҳоеро, ки реэкспорти онҳо метавонад ҳангоми мавҷудияти иҷозатномаи хаттии ба таври лозимӣ ба расмият даровардашуда амалӣ карда шавад, инчунин мубодилаи намунаҳои иҷозатномаҳо, имзоҳои шахсони мансабдор ва мӯҳрҳои мақоми ваколатдор оид ба реэкспорти молҳоро анҷом диҳад.
4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил ва Кумитаи Ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Евразияро дар бораи қарори мазкур огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2006 № 245
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 245
Рӯйхати молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, ки ҳангоми аз қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия ба кишварҳои сеюм реэкспорт намудани онҳо иҷозати мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад
+----+-----------------------------+---------------------------
| № | Номгӯйи молҳо | Коди НМФИХ Иттиҳоди |
| | | иқтисодии Евразия |
+----+-----------------------------+--------------------------+
| 1. | Алюминии коркарднашуда | 7601 |

| 2. | Нахи пахта | 5201, 5203 |

| 3. | Пашм | 5101 |
+----+-----------------------------+--------------------------+
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар хусуси масъалаҳои реэкспорти молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда аз қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия
Бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти Созишнома дар бораи реэкспорти молҳо ва тартиби додани иҷозат барои реэкспорт аз 15 апрели соли 1994 ва Протокол оид ба назорати гумрукии реэкспорти молҳое, ки дар қаламрави давлатҳои аъзои Аҳднома дар бораи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ аз 26 феврали соли 1999 истеҳсол шуда, ба кишварҳои сеюм интиқол дода мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Рӯйхати замимагардидаи молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, ки ҳангоми аз қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия ба кишварҳои сеюм реэкспорт намудани онҳо иҷозати мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани иҷозат ба реэкспорти молҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, муайян карда шавад.
3. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумхурӣ: