Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 апрели соли 2006, № 150 "Дар бораи ба таъхир гузоштани мӯҳлати пардохти боҷи гумрукӣ, аксизҳо ва андоз аз арзиши иловашуда ба субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарордодҳои фючерси-форварди сӯзишвории дизелӣ, нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ворид менамоянд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2014 № 463 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ба таъхир гузоштани мӯҳлати пардохти боҷи гумрукӣ, аксизҳо ва андоз аз арзиши иловашуда ба субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарордодҳои фючерси-форварди сӯзишвории дизелӣ, нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ворид менамоянд

Мутобиқи моддаи 378 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади сари вақт гузаронидани кишту кори баҳорӣ дар ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- барои субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарордодҳои фючерси-форварди сӯзишвории дизелӣ, нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ворид менамоянд, мӯҳлати пардохти боҷи гумрукӣ, аксизҳо ва андоз аз арзиши иловашударо аз 1 феврал то 1 августи соли 2006, ба мӯҳлати 6 моҳ тибқи рӯйхати ҳамин субъектҳо дар ҳаҷми намуди маҳсулот мувофиқи замима ба таъхир гузорад;

- батаъхиргузорӣ бо шарти ба мақомоти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани пардохтҳои гумрукӣ тибқи тартиби пешбининамудаи боби 46 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шавад.

2. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати бебаҳс ситонидани маблағи батаъхиргузошта баъди ба охир расидани мӯҳлати батаъхиргузорӣ тибқи талаботи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро андешад;

- назорати истифодаи мақсадноки молҳои воридшударо таъмин намояд.

3. Ҳамин қарор аз 1 феврали соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 6 апрели соли 2006 № 150

ш. Душанбе