Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 257 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2004 № 361 "Масъалаҳои Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 602 бе эътибор дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2004 № 361 "Масъалаҳои Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба микдори 2 воҳид ихтисор карда шавад.

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2004 № 361 "Масъалаҳои Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

дар банди 1 калимаҳои "сохтори дастгоҳи идораи Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "сохтори дастгоҳи Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав мувофиқи замима)" иваз карда шаванд;

банди 2 қарор дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи Департаменти авиатсияи гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 27 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 3 июни соли 2006 № 257

ш. Душанбе

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2006 № 257

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбарият

2. Раёсати назорати бехатарии парвозҳо

3. Раёсати сертификатсиякунонии фурудгоҳҳо ва истифодабарии фазои ҳавоӣ

4. Шӯъбаи танзими техникӣ

5. Шӯъбаи иқтисод ва молия

6. Бахши кадрҳо