Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 263 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2004 № 199 "Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006с. № 591 аз эътибор соқит дониста шудааст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2004 № 199 "Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шумораи кормандонн ҳайати хизматрасони дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 6 воҳид ихтисор карда шавад.

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2004 № 199 "Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

ба банди 1 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад)";

аз сархати якуми банди 1 калимаҳои ", сохтори дастгоҳи марказӣ" хориҷ карда шуда, Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурни Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2004 № 199 "Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, беэътибор дониста шавад;

сархати якуми банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 107 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 3 июни соли 2006 № 263

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2006 № 263

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбарият

2. Сарраёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди комплекси агросаноатӣ

3. Раёсати растанипарварӣ

4. Раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ

5. Раёсатт сиёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ

6. Раёсати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ

7. Раёсати илм ва сиёсати кадрӣ

8. Раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷӣ

9. Раёсати корҳо

10. Шӯъбаи ҳукуқ ва назорат