Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2006, № 221 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 № 70 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 591 бе эътибор дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 № 70 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 9 воҳид ихтисор карда шавад.

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 № 70 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: дар банди 1 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад)".

аз банди 1 калимаҳои ", сохтори дастгоҳи марказӣ" хориҷ карда шуда, Нақшаи идораи Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамин қарор тасдиқ шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад. банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ба микдори 50 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 2 июни соли 2006 № 221

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июни соли 2006 № 221

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбарият

2. Раёсати назорат, меъёр ва таҳлили давлатии истифодабарии табиат

3. Раёсати робитаҳои байналмилалӣ ва таблиғоти экологӣ

4. Раёсати кадрӣ, ҳуқуқ ва корҳои махсус

5. Раёсати корҳо

6. Шӯъбаи мониторинги экологӣ ва стандартҳо

7. Шӯъбаи хоҷагии ҷангал, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

8. Шӯъбаи баҳисобгирии муҳосибавӣ

9. Шӯъбаи иқтисод ва дурнамо