Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи чораҳои амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006 № 1718
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006 № 1718 "Дар бораи масъалаҳои Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи марказии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Точик" бароварда шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиротҳои зайл ворид карда шаванд:
- дар сархати аввали банди 2 рақами "330" ба рақами "120" иваз карда шавад;
- дар сархати 2 банди 2 калимаҳои "5 муовин" ба калимаҳои "4 муовин" иваз карда шаванд.
- дар сархати сеюми банди 2 рақами "7" ба рақами "16" иваз карда шавад.
3. Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл оварда шавад:
"Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1. Роҳбарият;
2. Департаменти сиёсати энергетикӣ;
3. Департаменти иқтисод ва дурнамоӣ;
4. Департаменти истихроҷи нафт, газ ва ангишт;
5. Раёсати сохтмони иншоотҳои энергетикӣ;
6. Раёсати таъминоти маҳсулоти нафтӣ ва газ;
7. Раёсати электроэнергетика;
8. Раёсати корҳо".
4. Номгӯи корхонаю ҷамъиятҳои саҳомии давлатии, (пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқдоштаи) дар соҳаи энергетика фаъолият кунанда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, бо банди якуми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"1. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик";
- бандҳои 1-30 мутаносибан бандҳои 2-31 ҳисоб карда шаванд.
5. Аз фасли II "Корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ"-и Номгӯи ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳое, ки таҳти идораи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" қарор доранд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2001 № 492 "Масъалахои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" тасдиқ шудааст, бандҳои 2, 3, 4 ва 5 хориҷ карда шаванд.
6. Бо мақсади танзими корҳои лоиҳакашии иншооти энергетикӣ, назорат, тафтиши техникии сифату ҳаҷми корҳои сохтмониву васлгарӣ, маснуоту таҷҳизоти дар сохтмони иншооти энергетикӣ истифодашаванда, муоинаю иктишофи геодезию геологӣ, истифодаи мақсадноку самарабахши нерӯҳои барқу гармӣ, ҳолати баҳисобгирии истеҳсол ва истифодаи нерӯҳои барку гармӣ, ҳолати техникии нерӯгоҳҳои барқ, шабакаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқиву гармӣ, Нақшаи идораи (мақомоти тобеи) Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, бо бандҳои 5, 6, 7 ва 8 дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:
"5. Муассисаи Институти давлатии лоиҳавӣ - иктишофӣ ва илмӣ -тадқиқотии Тоҷикистон "Гидроэнергопроект";
6. Муассисаи Шуъбаи илмӣ - тадқиқотии энергетикии Тоҷикистон "ТаджНИОЭ";
7. Назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон "Тоҷикэнергонадзор";
8. Муассисаи таълимии давлатии олии "Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон".
7. Маблағгузории Дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тариқи истисно, то охири соли 2006 аз ҳисоби даромади корхонаҳои соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, тартиби ҷории хароҷоти маблағҳои пулӣ барои нигаҳдории Дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартҳои пардохти музди меҳнат нигоҳ дошта шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 майи соли 2006 № 196
ш. Душанбе