Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.06.2024 № 322)
Мутобиқи моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад ():
1. Қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгард тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои хизматрасонии дар ҳамшафати роҳ воқеъбударо инвентаризатсия карда, ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ ва шиносномаҳои техникиро мутобиқи Қоидаҳои мазкур омода намоянд ().
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 6 майи соли 2006 № 214
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 майи соли 2006 № 214
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгард

1. Қоидаҳои мазкур ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ" таҳия шуда, шартҳои дар қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ҷойгир намудан, тартиби мувофиқа кардани ҷойгиронии иншоотҳои хизматрасонии пулакиро ба иштирокчиёни ҳаракати роҳ (нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ, мошиншӯӣ, истироҳатӣ, кемпингҳо, ошхонаю дӯконҳои савдо, марказҳои хизматрасонии техникӣ, роҳҳои даромаду баромад ба онҳо ва ҳоказо) ва рекламаҳоро (лавҳаву овезаҳо, нишондиҳандаҳои самти иншоотҳои хизматрасонӣ ва ғайра) муқаррар менамояд.
2. Қитъаҳои замини барои сохтмони роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ҷудогардида, ки ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдор намудаи он (минбаъд Мақомоти давлатии идораи роҳдорӣ) бо тартиби тавсими замин мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин ҷудо карда шудаанд, ба гурӯҳи заминҳои нақлиётӣ мансуб буда, аз рӯи таъинот истифода бурда мешаванд.
3. Ҳудудҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, ки дар ду тарафи ҳудуди ҷудокардаи роҳи нишондодашуда ҷойгир аст (минбаъд ҳудуди ҳамшафати роҳ), бо дарназардошти гурӯҳ ва рушди минбаъдаи он бари қисмҳои он чунин муқаррар карда мешаванд:
а) барои роҳҳои автомобилгарди гурӯҳҳои I, II, III (ба гурӯҳҳои баландтар гузаранда) - 100 метр, дар маҳалҳои аҳолинишин - 50 метр;
б) барои роҳҳои автомобилгарди гурӯхҳои III, IV ва V - 25 метр;.
в) барои кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳрӣ - мувофиқи меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ().
4. Дар ҳудудҳои ҳамшафати роҳ реҷаи махсуси истифодаи замин муқаррар карда мешавад, ки метавонад сохтмони иморату иншоотҳои асосиро манъ намояд, реклама ва дигар фаъолияти хоҷагидориро, ки хатарро зиёд ва ба иштирокчиёни ҳаракати роҳ таҳдид менамояд, маҳдуд кунад. Қитъаҳои замине, ки дар ҳудуди ҳамшафати роҳ ҷойгиранд аз истифодабарандагони қитъаҳои замин гирифта намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки зарурияти гирифтани он аз тартиби истифодабарии ин ҳудуд бармеояд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи махсуси истифодаи ин заминҳо истифодабарандагони қитъаи заминро бояд ба таври хаттӣ аз тартиботи махсусе, ки нисбати ин заминҳо истифода мешаванд ва имконияти гирифтани онҳо ба мақсади дар оянда мавҷудияти васеъ кардан ва ё таҷдиди роҳи автомобилгард, бояд дар муддати як моҳ аз вақти қабули қарор оид ба муқаррар кардани андозаи ҳудудҳои ҳамшафати роҳ огоҳ карда шаванд.
5. Назоратро барои ҷойгиронии иншоотҳо дар ҳудуди ҳамшафати роҳ ва риояи талаботи қоидаҳои мазкурро мақомоти махсуси ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти давлатии идораи роҳдорӣ ва мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебаранд.
6. Заминҳое, ки дар ҳудудҳои ҳамшафати роҳ ҷойгиранд, бояд бо тартиби муқарраргардида дар кадастри давлатии замин ба қайд гирифта шаванд.
7. Дар ҳудудҳои ҳамшафати роҳ сохтмони иншоотҳои асосӣ (иншоотҳои мӯҳлати хизматашон 10 сол ва зиёда аз ин) ба ғайр аз иморатҳои роҳсозон, иншоотҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иншоотҳои хизматрасонии роҳ, манъ аст.
8. Ҷойгиронии иншоотҳои хизматрасонӣ ва реклама ва ё қисми онҳо дар ҳудудҳои ҳамшафати роҳ, ки дар лоиҳаи сохтмони роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар назар дошта шудаанд, бе тағйири таъиноти қитъаҳои замин бо тарзи додани онҳо ба иҷора аз рӯи шартномае, ки бо истифодабарандаи аслии замин дар мувофиқа бо Мақомоти давлатии идораи роҳдорӣ баста мешавад ва шиносномаи ҷойгиронии иншоотҳо дар ҳудуди ҳамшафати роҳи ҷудогардида, сурат мегирад.
9. Иншоотҳои хизматрасонӣ ва реклама бо дарназардошти нигоҳдории сифатҳои истифодабарии роҳ дар ҳолати риояи шарти бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ, ҳифзи муҳити зист ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳо ҷойгир карда мешаванд.
10. Барои гирифтани иҷозати ҷойгиронии иншооти хизматрасонӣ ва реклама дар худуди ҳамшафати роҳ соҳибони иншоотҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҷойгиронии иншоот, бо зикри ҷойгиршавӣ ва нишонаҳои худ ариза медиҳанд. Ба ариза ангораи рангаи иншоот, андоза ва мувофиқати он ба роҳи автомобилгард, ки бо Мақомоти давлатии идораи роҳдории ҳамон маҳал мувофиқа карда шудааст, замима карда мешавад.
11. Дар вақти ҷойгиронии иншоотҳои хизматрасоние, ки тағйир додани ташкили ҳаракати роҳ, андозаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, сохти коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва ё тағйири сарҳади ҳудудии заминро талаб менамоянд, лоиҳаи инфиродии бо Мақомоти давлатии идораи роҳдорӣ, Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқагардида татбиқ карда мешавад.
12. Мақомоти давлатии идораи роҳдорӣ маҳали ҷойгиронии иншоотҳоро мувофиқи ариза муайян менамояд (ва ё дигар мавзеъро тавсия мекунанд) ва инчунин ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва техникии ҷорӣ ҷавобгӯ будани андозаҳо ва ороиши бадеии иншоотро аз назар мегузаронад.
Дар сурати ҳалли мусбати масъала, пайвасткунии иншоот ба роҳи автомобилгард иҷро шуда, шиноснома тартиб дода мешавад ва дар он шартҳои зерин зикр карда мешаванд: мӯҳлати эътибори ҳуҷҷат, нақшаи ҷойгиронии иншоот қад-қади роҳи автомобилгарди истифодаи умум бо ташкили ҳаракат дар иншоот ва даромадгоҳи он, нақшаҳои иншоот ва ғайра.
13. Шиноснома барои ҷойгиронии иншоот дар ҳудуди ҳамшафати роҳ аз тарафи Мақомоти давлатии идораи роҳдорӣ дода мешавад ва он бояд бо Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шавад.
14. Дар ҳолати тағйир ёфтани андозаи муқарраргардидаи иншоот ва ё такмили он, шиноснома бояд аз нав ба расмият дароварда шавад. Эътибори шиноснома дар ҳолати худсарона аз нав сохтан, бозсозӣ шудан ва тағйир ёфтани андозаҳои иншоот аз рӯи нақшаи дар шиноснома сабтшуда, катъ мегардад.
15. Шиноснома мувофиқи созишномаи байни тарафҳо дода мешавад ва ё мӯҳлати он дароз карда мешавад. Мӯҳлати эътибори созишнома аз рӯи нақшаи баланд бардоштани сифати истифодабарии роҳи автомобилгард ва рушди он ба мӯҳлати на зиёда аз 3 сол муайян карда мешавад. Мӯҳлати созишнома дар ҳолати ба охир расидани он метавонад дароз карда шавад.
16. Ҷойгиронии иншоотҳои хизматрасонӣ ва реклама дар ҳудуди ҳамшафати роҳ бе тайёр намудани ҳуҷҷат ва мувофиқа кардани он бо Мақомоти давлатии идораи роҳдорӣ ва Бозрасии давлатии автомобилӣ манъ аст. Барои ҷойгир намудани реклама бо тартиби муқарраргардида маблағ пардохт карда мешавад.
17. Гузоштани реклама, ки баҳодиҳии воқеии ҳолати роҳи автомобилгардро душвор мегардонад ва ба воситаҳои техникии ташкили ҳаракати роҳ ва сигналҳои махсус (аз рӯи намуди зоҳир, тасвир ва шунавоӣ) монанд аст, инчунин тасаввуроти дар роҳ мавҷуд будани пиёдагардҳо, воситаҳои нақлиёт, ҳайвонот ва ё дигар ашёро ба вуҷуд меоваранд, манъ аст.
1) Реклама набояд:
- аёнияти воситаҳои техникии ташкили ҳаракати роҳро маҳдуд кунад ва ё ба дарк кардани онҳо аз тарафи иштирокчиёни ҳаракат халал расонад;
- бо нури чароғ, аз ҷумла бо инъикоси нур чашми иштироккунандагони роҳро хира (кур) кунад;
- дар вақти ҷойгир кардан дар қитъаҳои роҳ аз иншоотҳои муҳандисӣ ҳаҷми онҳо калонтар бошад;
- тавре ҷойгир шуда бошад, ки барои хондану назораи он пиёдагардҳо ноилоҷ ба роҳ ва кӯчаи мошингард бароянд.
2) Паҳн кардани реклама манъ аст:
- берун аз маҳалҳои аҳолинишин, дар масофаи 3 метр наздиктар аз хати канори сангфарши роҳ (ба ғайр аз рекламаҳои иттилоотӣхизматрасонии инфиродӣ);
- дар хати тақсими роҳ, агар масофа аз бари реклама то канори қисми роҳи автомобилгард камтар аз 2,5 метр бошад;
- берун аз маҳалҳои аҳолинишин, ки дар мавзеи 1 километри роҳи ин самти ҳаракат ду реклама вуҷуд дошта бошад;
- дар як хат бо аломатҳои роҳ ва чароғак;
- дар минтақаҳои хавфи садама, кӯчаю роҳҳо (ҷойҳои махсусан садамавии роҳи автомобилгард);
- дар гузаргоҳҳои роҳи оҳан, нақбҳо, эстакадаҳо, кӯпрукҳо, гузаргохҳо наздиктар аз 350 м, берун аз маҳалҳои аҳолинишин наздиктар аз 150 м;
- наздиктар аз 150 м то истгоҳи наклиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои ҷойгиронии рекламаҳо бевосита дар павилонҳо) ва 150 м наздиктар то гузаргоҳу чорраҳаҳои берун аз маҳалҳои аҳолинишин;
- дар он қитъаҳои кӯчаю роҳҳое, ки нишебии тӯлии онҳо зиёда аз 40% аст;
- дар роҳҳои автомобилгарди берун аз маҳалҳои аҳолинишине, ки масофаи камтарини намоёнӣ 350 м ва дар маҳалҳои ахолинишин 150 м аст;
- дар роҳҳои автомобилгарде, ки баландии теппаи сангфарши заминашон зиёда аз 2 м (ба ғайри ҳолатҳои ҷойгиронии реклама дар болотоки канори роҳ);
- дар китъаи роҳҳои автомобилгарди берун аз маҳалҳои аҳолинишин бо радиуси хати каҷ камтар аз 1200 метр.
Таҳкурсии анкерии пояҳои воситаҳои реклама набояд аз сатҳи замин беш аз 20 мм боло бошанд.
Истифодаи тасвири реклама бо унсурҳои ҳаракаткунанда манъ аст. Масофаи байни реклама ва аломатҳои роҳу чароғак бояд на камтар аз:
- дар кӯчаю роҳҳое, ки барои ҳаракат бо суръати зиёда аз 60 км/соат иҷозат шудааст, барои рекламаи масоҳати умумиаш зиёда аз:
18 метри мураббаъ - 200 м
15 метри мураббаъ - 150 м
6 метри мураббаъ - 100 м
2 метри мураббаъ - 50 м
- дар кӯчаю роҳҳое, ки барои ҳаракат бо суръати 60 км/соат ва аз ин камтар иҷозат шудааст, барои рекламаи масоҳати умумиаш зиёда аз:
18 метри мураббаъ - 100 м
15 метри мураббаъ - 75 м
6 метри мураббаъ - 50 м
2 метри мураббаъ - 25 м
Масоҳати умумии конструксияи реклама набояд аз 24 метри мураббаъ зиёд бошад.
Фосила аз канори поёни реклама то сатҳи роҳи автомобилгард ҳангоми ҷойгиронии он аз канори роҳ, берун аз маҳалҳои аҳолинишин бояд на кам аз 2,2 м бошад.
Дурии воситаи реклама аз хати интиқоли барқ ва шабакаи равшанидиҳанда бояд на кам аз 1 м бошад.
Баландии ҳарфу рақамҳо дар рекламаҳо, ки берун аз майдончаҳои дамгирӣ ва нигоҳдории автомобилҳо, павилонҳо, истгоҳи нақлиёти мусофиркаш гузошта мешаванд, набояд аз баландии ҳарфҳои калони иттилотии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрӣ пасттар бошад.
Барои равшан кардани иншоотҳои реклама аз таҷҳизоти равшандиҳандаи истеҳсоли саноатӣ, ки ҷавобгӯи талаботи бехатарии барқӣ ва сӯхтор мебошад, истифода кардан мумкин аст. Таҷҳизоти равшанидиҳанда бо конструксияҳои реклама бояд чунон мустаҳкам васл карда шуда бошад, ки шамол, вазни бор (барфу борон) лаппиш ба онҳо таъсир расонида натавонад. Дар вақти мувофиқа намудани ҷои гузоштани реклама чунин ҷиҳатро ба назар гирифтан зарур аст, ки он ба нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва кӯчаҳо халал нарасонад, воситаҳои нақлиёт тасодуфан ба он осеб расонда натавонанд. Сутунҳои воситаҳои реклама метавонанд аз масолеҳи гуногун сохта шуда бошанд, ки дар вақти бархӯрдан бехатариро ҳамаҷониба таъмин намоянд ва ба таъсири бод ҳангоми истифодабарӣ тобовар бошанд. Дар вақти ҷойгиронии воситаҳои реклама дар хати тақсимотӣ, дар ҳолате, ки фосилаи канори реклама то роҳи мошингард баробари 4 м ё аз он кӯтоҳтар бошад, бояд деворҳои муҳофизатии гурӯҳи 1 гузошта шаванд, то ки бархӯрии нақлиёти автомобилро ба конструкцияҳои реклама пешгирӣ кунанд.
3) Реклама метавонад дар пояҳои алоҳида, сутунҳои равшандиҳанда, симчӯбҳои шабакаҳои васлкунанда, инчунин васлкунакҳои махсуси девори бино насб карда шавад.
Фосилаи байни поёни реклама то болои роҳ дар вақти ҷойгир намудани он дар канори роҳ бояд на кам аз 4 м ва дар вақти гузоштани он дар фазои рӯи роҳ на кам аз 6 м бошад.
Фосилаи байни ду рекламаи иттилоотии як самти ҳаракат бояд на кам аз 150 м ҳангоми ҷойгир намудани онҳо дар канори роҳ (кӯча) ва ҳангоми ҷойгиронии онҳо дар сутунҳои равшанидиҳанда ва симчӯби шабакаи васлшавӣ на кам аз 50 м бошад.
Паҳн кардани реклама манъ аст:
- дар ҳудуди секунчаҳои намоёни "нақлиёт-нақлиёт" ва "нақлиёт-пиёдагард", ки бо меъёрҳои ҷории давлатӣ ва санадҳои меъёрӣ муайян карда мешаванд;
- дар роҳу кӯчаҳои бо радиуси хати каҷ камтар аз 600 м.
18. Коммуникатсияҳои муҳандисиро дар ҳудуди ҳамшафати роҳ танҳо бо мувофиқаи Мақомоти давлатии идораи роҳдорӣ, ҷойгир кардан мумкин аст, ҳамзамон:
а) хатҳои алоқа ва хатҳои баландшиддати барқро, ки шиддатнокиашон аз 6 то 110 кВт аст, дар ҳудуди ҳамшафати роҳ танҳо бо риояи шартҳои зерин ҷойгир кардан мумкин аст:
- ҷойгиронии коммуникатсияҳо ҳангоми таҷдиди роҳҳои автомобилгард азнавсозиро талаб накунанд;
- фосилаи сарҳади ҳудуди ҳамшафати роҳ то пояҳои асосии хатҳои ҳавоии алоқа ва интиқоли барқ на камтар аз 25 м бояд бошад;
б) дар ҷойҳои буриши роҳҳои автомобилгард бо хатҳои ҳавоии алоқа ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ фосилаи ҳар як сутуни ин хатро то хати канори сангфарши роҳи автомобилгард бояд на камтар аз баландии сутун ва боз 5 метри иловагӣ, вале дар ҳар ҳолат на камтар аз 25 м бошад.
19. Дар қарори ҷудо намудани қитьаҳои замин барои ҷойгиронии иморату иншоотҳои ғайриасосӣ дар ҳудуди ҳамшафати роҳ бояд ӯҳдадории мулкдорон ва соҳибони иншоотҳои мазкур пешбинӣ карда шавад, то ки дар сурати азнавсозии роҳи автомобилгард ба истифодаи мӯътадили роҳ халал расонидани ин иморату иншоотҳо вайрон кардану ба ҷои дигар кӯчонидани онҳоро аз ҳисоби худ пардозанд.
Он иншоотҳое, ки дар роҳҳои автомобилгарди гурӯҳҳои I, II ва III (ба гурӯҳҳои баландтар гузаранда) то 5 августи соли 2002 ва дар роҳҳои автомобилгарди гурӯҳҳои III, IV ва V то рӯзи тасдиқ шудани қоидаҳои мазкур сохта шудаанд дар ҳолатҳои зарурӣ ҷуброн ва ё ба ҷои дигар кӯчонидани онҳо аз ҳисоби фармоишгар сурат мегирад.
20. Қарор оид ба ҷудо кардани қитъаҳои замини дар ҳудуди ҳамшафати роҳ ва ё қитъаҳои замини берун аз ҳудуди ҳамшафати роҳ, ки барояшон роҳи махсус (даромадгоҳ, баромадгоҳ ва ғайра) заруранд, инчунин қитъаҳои замин барои нигоҳдошту истгоҳи автомобилҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо Мақомоти давлатии идораи роҳдорӣ ва Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
21. Барои мувофиқа намудани ҷойгиронии ягон иншоот дар ҳудуди ҳамшафати роҳ, ки шахс бо ин мақсад барои истифодабарӣ қитъаи замин гирифтанист ва ё иншоотро дар қитъаи замини аз ин пеш ҷудо кардашуда ҷойгир карданист, бояд ба мақомоти дар банди 21 ҳамин қоида зикршуда нусхаи харитаи маҳалро дар миқёси 1:5000 ё 1:10000 бо нишондоди ҷои ҷойгиронии иншоот ва инчунин нақшаи техникии қитъаро бо миқёси 1:200-1:1000 бо тасвири иншоот ва нақшаи ин иншоотро пешниҳод намояд. Тасдиқ намудани қитъаи замини пешниҳодшуда ё ҷойгиронии иншоот дар ҳудуди ҳамшафати роҳ ва ё асоснок рад намудани онро дар муддати як моҳ аз рӯзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ба анҷом мерасонад ().
22. Истифодабарандагони қитьаҳои замини ҳудуди ҳамшафати роҳ ҳуқуқ доранд:
а) фаъолияти хоҷагидориро дар ин қитъаҳои замин бо дарназардошти маҳдудиятҳое, ки дар қоидаҳои мазкур нишон дода шудааст, пеш баранд.
б) дар қитъаҳои замини ҳудуди ҳамшафати роҳ мувофиқи қоидаҳои мазкур ва бо риояи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоот бунёд кунанд;
в) дар бораи таъмир ва таҷдиди роҳи автомобилгард маълумот гиранд;
23. Истифодабарандагони қитъаҳои замини ҳудуди ҳамшафати роҳ вазифадоранд:
а) қоидаҳои ҳифз ва реҷаи истифодабарии заминро дар ҳудуди ҳамшафати роҳ, инчунин меъёри бехатарии экологиро риоя намоянд;
б) ба роҳи автомобилгарди истифодаи умум ва иншоотҳо зарар нарасонанд, шартҳои истифодабарии онҳоро риоя кунанд;
в) ба намояндагони Мақомоти давлатии идораи роҳдорӣ ва дигар шахсони масъуле, ки барои назорати истифодабарии замин ваколатдор шудаанд, барои дастрасии қитъаҳои замин монеъ нашаванд ва инчунин амру дастурҳои онҳоро сари вақт иҷро намоянд;
г) бо Мақомоти давлатии идораи роҳдорӣ ва Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани қитъаҳои замин ба иҷора дар ҳудуди ҳамшафати роҳ ва инчунин дар ин китъаҳои замин сохтани иморату иншоотҳоро мувофиқа кунанд;
д) дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 20 Қоидаҳои мазкур иншооту иморатҳои ғайриасосиро вайрон кунанд ва ба дигар ҷо кӯчонанд.
24. Иморату иншоотҳое, ки бо вайрон намудани Қоидаҳои мазкур дар ҳудуди ҳамшафати роҳ сохта шудаанд, бо тартиби муқарраргардида сохтмонҳои худсарона ҳисоб шуда, нисбати шахсони онҳоро бунёдкарда мувофиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон чора дида мешавад.
25. Мақомоти давлатии идораи роҳдорӣ хукуқ доранд:
а) дар доираи салоҳияти худ ба истифодабарии қитъаҳои замини ҳудуди ҳамшафати роҳ, аз ҷумла барои пешгирии ҳолати фавқулодда ва ё рафъи оқибати он назорат кунанд;
б) сохтмони иморату иншоотҳои ҳудуди ҳамшафати роҳро мувофиқа намуда, дар қабул кардани онҳо барои истифодабарӣ иштирок кунанд;
в) дар бораи бекор кадани қарорҳои ҷудокунии қитъаҳои замини ҳудудҳои ҳамшафати роҳ ва ё дар ин қитъаҳо ҷойгир кардани иншооте, ки бо вайронкунии ин қоидаҳо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, таклифҳо пешниҳод намоянд;
г) ба истифодабарандагон қитъаҳои замини ҳудудҳои ҳамшафати роҳ, аз ҷумла дар бораи дар мӯҳлати муқарраршуда ислоҳ намудани қонуншиканиҳои вобаста бо реҷаи истифодабарии ин заминҳо амру фармонҳо диҳанд.
26. Мақомоти давлатии идораи роҳдорӣ вазифадоранд:
а) ҳуҷҷатхои дар ҳудуди ҳамшафати роҳ додани замин ё ҷойгиронии иморату иншоотҳоро дар ин замин баррасӣ намоянд ва аз рӯи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои мазкур хулоса бароранд;
б) дар инвентаризатсияи заминҳои ҳамшафати роҳ иштирок намоянд ва ба тартиб додани кадастри давлатии замин ёрӣ расонанд;
в) ба истифодабарандагони қитъаҳои замине, ки дар худуди ҳамшафати роҳ ҷойгиранд, дар бораи таъмир ва ё таҷдиди роҳҳои автомобилгард хабар диҳанд;
г) дар вақти зарурат зиёнеро, ки аз дастрасии ин қитъаҳо расидааст, мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодабарандагони қитьаҳои замин ҷуброн намоянд.
27. Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
а) риоя намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёриро оид ба таъмини ҳаракати бехатарии нақлиёт аз тарафи истифодабарандагони қитъаҳои замини ҳудуди ҳамшафати роҳ назорат мекунанд;
б) дар доираи ваколатҳои худ ҳуҷҷатҳоро дар бораи пешниҳод намудани қитъаҳои замин ва ё ҷойгиронии иншоотҳо дар ҳудуди ҳамшафати роҳ баррасӣ намуда, ин ҳуҷҷатҳоро мувофиқа мекунанд ва ё бо далелҳои асоснок рад менамоянд;
в) таклифҳои худро дар бобати бекор кардани қарорҳо оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин дар ҳудуди ҳамшафати роҳ ё дар ин қитъаҳо ҷойгир кардани иншоотҳо ба шарте, ки ин хел қарорҳо бо вайрон намудани меъёрҳои бехатарии ҳаракати нақлиёт қабул карда шуда бошанд, пешниҳод мекунанд;
г) пешниҳодоти худро ба истифодабарандагони қитъаҳои замини ҳудуди ҳамшафати роҳ дар бобати сари вақт ислоҳ намудани камбудиҳое, ки ба бехатарии ҳаракати нақлиёт таҳдид мекунанд, пешкаш менамоянд.
28. Барои вайрон кардани ин Қоидаҳо истифодабарандагони қитьаҳои замини ҳудуди ҳамшафати роҳ мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.