Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2006, № 215 "Дар бораи Қоидаҳои хариду фурӯш, содирот ва воридоти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга"

Санаи амалкуни: 28.07.2009

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои хариду фурӯш, содирот ва воридоти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" ва моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои замимагардидаи хариду фурӯш, содирот ва воридоти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга тасдиқ карда шавад.

2. Ҳайати Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиш ва баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳои нодир тасдиқ карда шавад.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 1997 № 88 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби ба фурӯш расонидани металлҳои қиматбаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 6 майи соли 2006 № 215

ш. Душанбе