Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи барҳамдиҳии Коллеҷи политехникии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Коллеҷи металлургияи кӯҳии шаҳри Чкалов
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.08.2006 № 383)
Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Коллеҷи политехникии шаҳри Кӯргонтеппа ва Коллеҷи металлургияи кӯҳии шаҳри Чкалов барҳам дода шавад.
Ба донишҷӯёни коллеҷҳои номбурда имконият дода шавад, ки таҳсилро дар ин коллеҷҳо ба итмом расонанд.
2. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратп маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳоро оид ба барҳам додани ин коллеҷҳо таъсис диҳанд.
3. Комиссияҳои барҳамдиҳӣ мутобиқи тартиби мукаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ барҳамдиҳии Коллеҷи политехникии шаҳри Кӯргонтеппа ва Коллеҷи металлургияи кӯҳии шаҳри Чкаловро ба анҷом расонанд ва тавозуни барҳамдиҳиро тасдиқ намоянд.
4. Бино, иншоот ва дигар амволи Коллеҷи политехникии шаҳри Кӯргонтеппа ба Муассисаи давлатии таълимии олии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, бино, иншоот ва дигар амволи Коллеҷи металлургияи кӯхии шаҳри Чкалов ба Муассисаи давлатии таълимии олии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон гузаронида шаванд.
5. Банди 5 хориҷ карда шуд. ().
6. Аз Номгӯи корхонаҳо ва ташкилоту муассисахои ғайритиҷоратие, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси шартҳои созишномаҳои дуҷонибаи бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон басташаванда анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2001 № 322 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, бандҳои 24 ва 26 хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 майи соли 2006 № 210
ш. Душанбе