Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, № 206 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005 № 512 "Масъалаҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 600 бе эътибор дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005 № 512 "Масъалаҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 апрели соли 2006 шумораи кормандони ҳайати хизматрасони Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 воҳид ихтисор карда шуда, шумораи кормандони мақомоти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шумораи шахсони ҳукуқию воқеии бақайдгирифташуда ба микдори 63 воҳид зиёд карда шавад.

2. Дар сархати якуми банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005 № 512 "Масъалаҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаи "бо дарназардошти" ба калимаи "бе дарназардошти" ва рақамҳои "419" ва "460" мутаносибан ба рақамҳои "84" ва "72" иваз карда шаванд.

3. Ба Сохтори Дастгоҳи марказии Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005 № 512 тасдиқ шудааст, банди 10 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

- "10. Котибот".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 3 майи соли 2006 № 206

ш. Душанбе