Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади беҳтар намудани кори зотпарварию селексионӣ ва ба шакли нави хоҷагидорӣ гузаштани хоҷагиҳои зотпарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 1996 № 267 "Дар бораи тадбирҳои зиёд намудани саршумори чорвои зотии ҷамъиятӣ" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- бандҳои 1, 2, 8, 9, 10, 11 ва 13 фасли "заводҳои давлатии зотпарварӣ", бандҳои 1-6, 8-12, 15, 16, 18-20, 22, 23, 26 ва 27 фасли "хоҷагиҳои давлатии зотпарварӣ"-и Рӯйхати заводҳои зотпарварии давлатӣ, хоҷагиҳои зотпарварӣ ва колхозҳо-репродукторони чорвою паррандаи зотӣ, ки ба тобеияти бевоситаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, Замимаи № 1 хориҷ карда шаванд;
- бандҳои 2, 3 ва 4 фасли "колхозҳои зотпарварӣ"-и Рӯйхати заводҳои зотпарварӣ ва колхозҳо-репродуктороне, ки роҳбарии методиашон ба кори селексионию зотпарварӣ ба зиммаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад, Замимаи №2 хориҷ карда шаванд.
2. Аз Шабакаи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳо оид ба парвариши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ Замимаи № 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 № 262 "Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорвои зотӣ, парранда, занбӯри асал ва моҳӣ дар соҳаи кишоварзӣ" бандҳои 1, 2, 3, 9, 36, 44, 45, 59, 60, 63, 72, 78 ва 88 хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 майи соли 2006 № 202
ш. Душанбе