Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006 № 183 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №22, моддаи 303) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 1 моддаи 1 ва минбаъд дар тамоми матни Кодекс калимаи "никоҳ" ба калимаҳои "ақди никоҳ" иваз карда шавад.

2. Ба моддаи 1 қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"6. Ҳукуқи шаҳрвандон дар оила дар асоси қонунгузорӣ дар бораи оила ва дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, манфиатҳои қонунӣ, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оила ва шаҳрвандон лозим мебошад, маҳдуд карда мешавад.".

3. Дар моддаи 2 ва минбаъд дар тамоми матни Кодекс калимаҳои "волидон", "волидайн", "волидону", "волидони", "волидоне", "волидонро", "волидонаш" "волидонашон" мутаносибан ба калимаҳои "падару модар", "падар ё модар", "падару модару", "падарӣ, модарӣ", "падару модаре", "падару модарро", "падару модараш", "падару модарашон" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 3:

- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

3. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ба амал бароварда мешавад.";

- қисми 3 қисми 4 ҳисобида шавад;

- калимаҳои "санадҳои меъёрии", "санадҳои меъёрӣ" ва "санадҳои ҳуқуқӣ" мутаносибан бо калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии", "санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва "санадҳои меъёри ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.

5. Дар ном ва матни моддаи 6 ва қисми 1 моддаи 119 калимаҳои "байналхалқӣ" ва "байналхалқии" мутаносибан ба калимаҳои "байналмилалӣ" ва "байналмилалии" иваз карда шаванд.

6. Дар моддаи 10:

- қисми 3 хориҷ карда шавад;

-қисми 4 қисми 3 ҳисобида шавад.

7. Қисмҳои 1, 2, 3 ва 4 моддаи 11 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"1. Қайди ақди никоҳ бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ба ҷо оварда мешавад,";

- қисми 5 қисми 2 ҳисобида шавад.

8. Дар қисми 3 моддаи 15 калимаи "СПИД" ба калимаҳои "Вируси норасоии масунияти одам ва бемории муҳассали норасоии масуният" иваз карда шавад.

9. Дар моддаи 18 баъд аз калимаи "шаҳрвандӣ" калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" илова карда шаванд.

10. Моддаи 19 хориҷ карда шавад.

11. Дар моддаи 20 калимаҳои "ва дар қисми 2 моддаи 19 ҳамин Кодекс тазаккур ёфтаанд" ба калимаҳои "ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" иваз карда шаванд.

12. Дар қисми 1 моддаи 21 калимаҳои "қисми 2 моддаи 19 ҳамин Кодекс" ба калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" иваз карда шаванд.

13. Дар моддаи 25:

- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳодати шаҳрвандӣ аз рӯзи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хангоми бекор кардани ақди никоҳ дар суд, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд катъ мегардад.";

-дар қисми 2 калимаҳои "дар давоми як соли пас аз" ва "ба қайд" ба калимаҳои "аз рӯзи" ва "ба қайди давлатӣ" иваз карда шаванд.

14. Моддаи 27 хориҷ карда шавад.

15. Моддаи 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 33. Ҳуқуқи зану шавҳар дар интихоби фамилия

1. 3ану шавҳар ҳангоми ақди никоҳ дар интихоби фамилия баробарҳуқуқ мебошанд.

2. Интихоби фамилияи зану шавҳар мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" амалӣ карда мешавад.".

16. Дар моддаи 35:

- ба банди дуюми қисми 2 баъд аз калимаҳои "аз ҷониби суд" калимаи "қисман" илова карда шавад;

- банди дуюми қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Ҳамсаре, ки ризоияти дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшудаи худро барои иҷрои аҳд надодааст, ҳуқуқ дорад дар қисми амволи ба худаш тааллуқдошта дар моликияти умумии якҷоя бекор кардани аҳдро талаб намояд, ё ҳамсар ҳуқуқ дорад ба андозаи ҳиссаи дар боло зикргардида аз маблағе, ки ҳамсараш аз фурӯши амвол ба даст овардааст, дар давоми се сол аз рӯзи огоҳ шудан аз чунин муомилот ё мебоист аз иҷрои чунин муомилот огоҳ шавад, беэътибор донистани чунин муомилот ё пардохти пулии онро талаб намояд.".

17. Моддаи 52 хориҷ карда шавад,

18. Дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 53 калимаҳои "қисмҳои 1 ва 2 моддаи 52 ҳамин Кодекс", "қисми 2 моддаи 52 ҳамин Кодекс" ба калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" иваз карда шаванд.

19. Моддаи 57 (1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 57 (1) Ҳуқуқи кӯдак барои озодона изҳор намудани фикри худ

Кӯдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ӯ дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад. Ба инобат гирифтани фикри кӯдаки аз синни даҳсола боло ҳатмӣ мебошад, ба истиснои мавридҳое, ки ин хилофи манфиатҳои ӯ мебошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кӯдаки аз синни даҳсола боло қарор кабул намоянд.

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таълимии томактабӣ, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва падару модар барои озодона изҳор намудани фикри кӯдак бояд дар ҷомеа ва оила шароит фароҳам оваранд.".

20. Матни моддаи 58 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Кӯдак ба доштани ном, номи падар ва фамилия ҳуқуқ дорад.

2. Тартиби сабти ном, номи падар ва фамилия дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" сурат мегирад.".

21. Моддаи 59 хориҷ карда шавад.

22. Дар моддаи 62:

- аз қисми 2 калимаҳои "ва муқаррар намудани падарӣ ё модарӣ" хориҷ карда шаванд;

"3. Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо асосҳои умумӣ барои эътироф намудани падарӣ ва модарии худ баҳс намоянд, инчунин то расидан ба синни шонздаҳ онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи судӣ ҳуқуқи талаби муқаррар намудани падарӣ ва модариро нисбати фарзандонашон доранд.".

23. Дар қисми 2 моддаи 63, қисми 1 моддаи 86 калимаи "маълумоти" ба калимаи "таҳсилоти" иваз карда шавад.

24. Дар қисми 1 моддаи 66 калимаҳои "маълумот гирифтани" ба калимаҳои "гирифтани таҳсилоти" иваз карда шаванд.

25. Ба моддаи 73 қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"6. Суд вазифадор аст, ки дар мӯҳлати 3 рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи судӣ оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падарию модарӣ, иқтибоси онро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак фиристад.".

26. Ба моддаи 79 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4. Агар падар ё модар (шахси дигар, ки кӯдак таҳти парастории ӯ қарор дорад) барои амали кардани ҳалномаи суд монеагӣ намояд, нисбати ӯ чораҳое, ки дар қонунгузории мурофиавии гражданӣ пешбинӣ гардидаанд, татбиқ карда мешаванд.".

27. Дар қисми 3 моддаи 80 пеш аз калимаи "судӣ" калимаи "муқаррарнамудаи" илова карда шавад.

28. дар моддаи 82 калимаи "рубл" бо калимаҳои "асъори миллӣ" иваз карда шавад.

29. Дар моддаи 101 ва минбаъд дар матни Кодекс калимаҳои "нотариат" ва "нотариат тасдиқ намудааст" мутаносибан ба калимаҳои "идораи нотариалии давлатӣ" ва "дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ шудааст" иваз карда шаванд.

30. Дар қисми 2 моддаи 122 ва моддаи 150 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо)" ва "ҳукумати ноҳия, шаҳр, ноҳияи шаҳр" мувофиқан бо калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

31. Моддаи 125 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 125. Кӯдаконе, ки онҳоро ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст

1. Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кӯдакони бепарастории падару модармонда мебошад.

2. Фарзандхондӣ нисбати кӯдакони ноболиғ танҳо ба манфиати онҳо бо риояи талаботи моддаи 124 Кодекси мазкур, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак иҷозат дода мешавад.

3. Фарзандхондии бародарону хоҳарон аз ҷониби шахсони гуногун, ба истиснои ҳолатҳое, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак мебошад, иҷозат дода намешавад.".

32. Дар моддаи 126:

- ба банди дуюми қисми 1 баъд аз калимаҳои "мақомоти васояту парасторӣ" калимаҳои "ва прокурор" илова карда шаванд;

- ба қисми 3 банди 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадоранд ба шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул мекунанд, дар бораи саломатии кӯдак маълумот диханд.".

33. Моддаи 126 (1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 126 (1) Манъ будани фаъолияти миёнаравӣ дар фарзандхондии кӯдак

1. Фаъолияти миёнаравӣ оид ба фарзанхондии кӯдак, яъне тамоми фаъолияти шахсони дигар бо мақсади интихоб кардан ва додани кӯдак барои фарзандхондӣ аз ном ва ба манфиати шахсоне, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдакро доранд, манъ мебошад.

2. Фаъолияти мақомоти васояту парасторӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда, барои ошкоркунӣ ва ҷобаҷокунии кӯдакони бе парастории падару модармонда фаъолияти миёнаравӣ ба ҳисоб намеравад ва мақсади ба даст даровардани фоидаро надорад.

3. Ҷавобгарӣ барои фаъолияти миёнаравӣ тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.".

34. Дар моддаи 127:

- ҷумлаи аввали қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1.Ба фарзандхондӣ қабул кардан танҳо аз тарафи шаҳрвандони ба балоғатрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шахсони зерин сурат мегирад:";

ба қисми 1 сархатҳои 1, 2 ва 3 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд;

- шахсоне, ки ҳангоми фарзандхондӣ барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ доранд;

- шахсоне, ки суд барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъин кардааст;".

35. Дар қисми 3 моддаи 148 калимаҳои "маорифи халқ" ба калимаи "маориф" иваз карда шавад.

36. Фасли VII (боби 21, моддаҳои 159, 160, 161, 162, 163, 164, 165, 166) хориҷ карда шавад.

37.Дар кисми 3 моддаи 167 ва минбаъд дар матни Кодекс калимаи "кишвари" бо калимаи "давлатӣ" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистои Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

29 апрели соли 2006 № 183