ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи кӯчонидани 1000 оила муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба шаҳри Турсунзода
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ва Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи нишондодҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2005 баён гардиданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёри)-и 1000 оила аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба шаҳри Турсунзода дар давоми соли 2006 анҷом дода шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои 1000 оила муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) дар шаҳри Турсунзода аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии барои соли 2006, ки ба муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ пешбинӣ шудаанд, қарзи имтиёзнок ҷудо намояд.
Ба расмиятдарории қарзҳои имтиёзнок барои муҳоҷирон тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" анҷом дода шавад.
3. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" истифодаи мақсадноки маблағҳои ба муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ҷудошударо таъмин намоянд.
4. Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷиҳати азхудкунии заминҳои нав ва бо оби нӯшоки таъмин намудани муҳоҷирон барои гузаронидани хати қубурҳои об дар маҳалли нави зисти муҳоҷирон дар шаҳри Турсунзода чораҳои зарурӣ андешанд.
5. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби муҳоҷирони дохилӣ дар шаҳри Турсунзода ва дастгирии молиявии онҳо аз ҳисоби барномаҳои сармоягузории дар ин самт амалкунанда чораҳои амалӣ андешанд.
6. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаронидани хати интиқоли барқ, алоқа ва сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар доираи маблағҳои ба ин мақсад дар соли 2006 пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
7. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва вазорату идораҳои дахлдор корҳои сохтмони муассисаҳои таҳсилоти умумиро барои фарзандони муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳурияви пешбинигардида ба анҷом расонад.
8. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва ҳаҷми маблағхоро барои маблағгузории интиқоли 1000 оила муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) дар асоси тарифҳои номиналӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, кашонидани муҳоҷиронро дар мӯҳлатҳои муайяншуда таъмин намояд.
9. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интиқоли муҳоҷирон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба шаҳри Турсунзода нақлиёти бригадаи ёрии таъҷилиро бо мутахассисон, доруворӣ ва лавозимоти басту банд таъмин намуда, то маҳалли ҷойгиршавии муҳоҷирон роҳбаладӣ намояд.
10. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бехатарии корвони нақлиётиро ҳангоми кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) таъмин намояд.
11. Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо раисони вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода то 1 октябри соли 2006 масъалаи ба муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ҷудо намудани миқдори зарурии заминҳои обёришавандаро дар минтақаҳои муайянгардидаи шаҳри Турсунзода ҳал намоянд.
12. Раисони вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷиҳати маблағгузории иловагӣ барои сохтмони хонаҳои истиқоматии муҳоҷирон тадбирҳо андешида, ба тариқи ҳашар корхонаю ташкилотҳои зертобеъро барои расонидани кӯмаки амалӣ ҷалб намоянд.
13. Раисони вилояти Хатлон, шаҳри Турсунзода ва Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади интиқол намудан, қабул дар маҳалли нави зист, ҷобаҷокунӣ, ободонӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирон чораҳои амалӣ андешанд.
14. Роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода аз ҷараёни иҷрои қарори мазкур ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 январи соли 2006 № 75
ш. Душанбе