Бо қарори Хукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 январи соли 2006 № 72
тасдиқ шудааст
Низомномаи Маркази давлатии иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Маркази давлатии иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ) мақоми идораи давлати буда, иҷозатномадиҳиро дар соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолиятя" аз 17 майи соли 2004 № 37 ва Низомнома Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005 № 337 тасдиқ шудааст, таъсис ёфта, фаъолият менамояд.
2. Марказ дар фаъолияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону фармоишҳои Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
3. Марказ фаъолияти худро дар ҳамкори бо дигар вазоратҳо, идораю ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҳама шакли моликият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
4. Вазифаҳои асосии Марказ аз инҳо иборатанд:
- додани иҷозатнома ба фаъолияти сохтмонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ (аз ҷумла ташкилотҳои хориҷӣ, шахсони хориҷӣ ва бешаҳрванд) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фароҳам овардани иҷозатнома, аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ менамояд;
- боздоштани амали иҷозатнома, аз нав барқарор намудан ё бекор кардани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият";
- бурдани феҳрести иҷозатномаҳо;
- ташкили назорати риояи шарту талаботи иҷозатномавӣ;
- омӯзиши таҷрибаи ватанӣ, кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи иҷозатномадиҳӣ барои корҳои сохтмон, таҳияи пешниҳодот оид ба такмили иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти бинокорӣ.
5. Марказ функсияҳои асосии зеринро иҷро менамояд:
- қабул ва бақайдгирии аризаи довталаб (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, шахсони бешаҳрванд) оид ба гирифтани иҷозатнома;
- тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатнома ё радди асоснок, боз доштан ё қатъ намудани амали иҷозатнома;
- ташкил ва гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷат ва маводи пешниходгардида;
- тибқи тартиби муқарраргардида ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, инчунин довталабони хориҷи ва бешаҳрванд иҷозатнома медиҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида дастурамалҳои меъёрию методиро оид ба гирифтани иҷозатнома таҳия намуда, барои тасдиқ ба Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
- дар доираи салоҳияти худ риояи шарт ва талаботи иҷозатномавиро назорат мекунад;
- маълумоти фавриро оид ба иҷозатномадиҳӣ тартиб медиҳад;
- ҳангоми зарурат оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти сохтмон пешниҳод таҳия намуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур медорад;
- таҳлили пурраи фаъолияти мақомоти иҷозатномадиҳиро дар минтақаҳо бо мақсади рушд ва такмили фаъолияти иҷозатномадиҳӣ дар сохтмон анҷом медиҳад;
- феҳристи давлатиро оид ба иҷозатномаҳои додашуда, боздошташуда ва қатъгардида пеш мебарад;
- дар минтақаҳо филиалҳои Марказро ташкил менамояд;
- иттилоотонии шаҳрвандон ва мақомоти давлатиро оид ба иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти сохтмони таъмин менамояд;
- вобаста ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Марказ конференсия, семинар ва машваратҳо доир менамояд.
6. Иҷозатнома барои фаъолияти зерини сохтмони дода мешавад:
- шаҳрсози, корҳои лоиҳакашию тадқиқотӣ, сохтмони бино ва иншооти ҷамъиятӣ, истиқоматӣ ва истеҳсолӣ (аз ҷумла барои васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳо), иҷрои вазифаи фармоишгар;
- корҳои сохтмону васлкунӣ;
- барқарорсозии иншооти мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ);
- васл, танзим ва таъмиру таҷдид дар иншооти саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва алоқа.
7. Таҳияи ҳуҷҷатҳои иловагӣ оид ба гирифтани иҷозатнома дар асоси Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият.
8. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории Марказ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода мешавад.
9. Ба Маркази давлатии иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон Директор сарвари менамояд, ки ӯро Раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
10. Директор вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:
- роҳбарии Марказ дар асоси яккасардорӣ ва масъулияти шахси барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи Марказ гузошта шудаанд;
- тасдиқи низомномаҳо оид ба вазифаҳои функсионалии шӯъбаҳои Марказ;
- дар доираи салоҳияти худ ва тибқи қонунгузори оид ба хизмати давлати ҳалли масъалахои марбут ба хизмати давлатӣ дар Марказ;
- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани хизматчиёни давлати ва кормандони Марказ;
- тасдиқи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони Марказ ва сардорони шӯъбаҳо;
- дар доираи салоҳияти худ ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишори фармону фармоиш, ки иҷрояшон аз ҷониби кормандони Марказ ҳатмӣ мебошад;
- дар доираи шумора ва фонди музди меҳнати кормандон, сохтор ва ҷадвали штатӣ, ки дар буҷети ҷумҳурияви пешбинӣ гардидааст, сметаи хароҷотро тасдиқ менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро анҷом медиҳад.
11. Марказ шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, дорои баланси мустақил, суратҳисоб дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бланк бо сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ мебошад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 январи соли 2006 № 72
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи Маркази давлатии иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Маъмурият (роҳбарият, шӯъбаи молия, мутахассис оид ба кадр ва масъалаҳои ҳуқуқӣ)
2. Шӯъбаҳои қабул, санҷиш ва назорати ҳуҷҷатҳо