ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Масъалаҳои Маркази давлатии иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Маркази давлатии иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори дастгоҳи идораи он тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи Маркази давлатии иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳайати хизматрасон ба теъдоди 35 воҳид ва барои дастгоҳи идора лимити нигоҳдошти 2 воҳид мошини сабукрави хизматӣ муқаррар карда шавад.
3. Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад, ки комиссияи иҷозатномадиҳиро дар ҳайати 7 аъзо таъсис диҳад.
4. Маблағгузории Маркази давлатии иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шуда, ба кормандони марказ шароити пардохти музди меҳнати хизматчии давлатӣ ҷори карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 январи соли 2006 № 72
ш. Душанбе