Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, № 139 "Оид ба нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва индекскунонии филмҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Оид ба нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва индекскунонии филмҳо

Бо мақсади татбиқи моддаҳои 12, 15 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кино" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи Комиссия оид ба индекскунонии филмҳо ва ҳайати он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Қоидаҳои пешбурди Регистри давлатии кино тасдиқ карда шавад (замимаи 3).

3. Қоидаҳои нигоҳдории маводи аслии филмҳои миллӣ, филмҳои меросӣ ва киносолномаҳо тасдиқ карда шавад (замимаи 4)

4. Муассисаи давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" ва Киностудияи "Тоҷикфилм"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2007 кино ва видеофилмҳо, ҳамчунин нусхаи филмҳои воқеан мавҷударо инвентаризатсия карда, ба Регистри давлатии кино ворид намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2006 № 139

ш. Душанбе