ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тасдиқи стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини пайдарҳами, маҷмӯи ва муассирии ҷараёни ислоҳот, тақвияти самтҳои ҳамоҳангшуда барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратеги, инчунин бо мақсади иҷрои талаботи Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати ҷиҳати такмили системаи идоракунии давлати фармон медиҳам:
1. Стратегияи замимагардидаи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Татбиқи Стратегияи мазкур ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда, вазифаҳои таҳияи Ҳуҷҷатҳои дахлдор ва мониторинги амалигардонии он ба зиммаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шаванд.
3. Назорати иҷрои Фармони мазкур мувофиқан ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисоди гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 15 марти соли 2006 № 1713
ш. Душанбе
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2006 № 1713
тасдиқ шудааст
Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди кишвар ислоҳоти идораи давлати мебошад, ки дар доираи он чорабиниҳои зиёд ба анҷом расида истодаанд. Вобаста ба ин, Ҳукумат вазифадор карда мешавад, ки дар муддати кӯтоҳ Стратегияи ягонаи ислоҳоти идораи давлатиро таҳия намояд. Ин ислоҳот пеш аз ҳама бояд ба танзими идораи давлати, мукаммалгардонии вазифаҳо, такмили сохтори вазоратҳо вобаста ба шароити иқтисоди бозори, аз байн бурдани вазифаҳои такроршаванда, шаффофияту самаранокии фаъолияти сохторҳо ва хизматчиёни давлати равона гардад." (Аз Паёми Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов ба Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2005)
Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Стратегия) ҳуҷҷати заминавие мебошад, ки (фаъолияти давлатро оид ба ислоҳоти идоракунип давлати барои солҳои 2005-2015 муайян менамояд.
I. Таҳлили вазъият
Мӯҳтавои умумӣ
Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият ба ислоҳотн иқтисоди ва иҷтимои фаъолона шурӯъ намуд, ки он ба таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоли нигаронида шудааст.
Дар айни замон давлат дар соҳаи истиқрори макроиқтисоди, аз ҷумла таъмини фазои устувори буҷети ва молиявию кредити, дар масъалаҳои хусусигардони ва рушди иқтисодиёти бозаргони, дар соҳаи сиёсати иҷтимои ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Системаи мавҷудаи идоракунии давлати он қадар самарабахш набуда, танзими босифати бозорро таъмин наменамояд.
Ҳамзамон вобаста ба раванди таърихии дар кишвар бамиёномада барои тақвияти ҳокимияти маркази шароит фароҳам омад, ки он дар навбати худ боиси паст гардидани нақши мақомоти худидоракунии маҳалли ва иштироки аҳоли дар қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои дорои аҳамияти маҳалли гардид.
Имрӯзҳо, вобаста ба он чи зикр гардид, ҷиҳати ислоҳоти системаи идоракунии давлати, таъсиси сохтори самарабахш ва фаъоли идоракуни, бо инъикоси дақиқи нақш ва фаъолияти сатҳҳои мухталифи ҳокимияти иҷроия ва худидоракунии маҳалли дар он зарурати андешидани тадбирҳои муассир ба миён омадааст.
Муваффақияти татбиқи ислоҳоти системаи идоракунии давлати, ки асосан ба ислоҳоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати, дигар мақомоти идоракунии давлати ва худидоракунии маҳалли дахл дорад, инчунин аз бисёр ҷиҳат ба такмили шохаҳои ҳокимияти қонунгузори ва суди зич алоқаманд мебошад.
Проблемаҳои асосӣ
Таҳлили системаи мавҷудаи идоракунии давлати як қатор проблемаҳо ошкор намуд, ки ҷараёни рушди кишварро халалдор месозад:
Таҳия ва татбиқи стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои миллии рушд ҳанӯз ба таври дахлдор ҳамоҳанг нашудаанд ва ин имконият намедиҳад, ки тамоми афзалиятҳо, мақсад, натиҷаҳои фаъолият, таҳсилоти меҳнат ва масъулият дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлати ва ҳамкории муштараки шарикон оид ба рушд дақиқ ба ҳам пайваста гарданд. Мувофиқасозии мақсадҳои фаъолият дар доираи системаи ягонаи афзалиятҳо сурат нагирифтааст, ҷараёни банақшагири бо раванди буҷети мувофиқ нестанд, масъулият барои таҳия ва татбиқи сиёсати давлати дар соҳаҳои дахлдор, механизми фаъолияти муштарак оид ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатии рушди милли муайян нагардидаанд, тартиби ягонаи ҳамкори ва мубодилаи иттилоот байни вазоратҳо мавҷуд нест, тавозуни манфиатҳои иштирокчиёни раванди рушд таъмин нагардидааст, механизми ҳамкориҳои иҷтимои байни давлат, ҷомеаи шаҳрванди ва бизнес вуҷуд надорад.
Мақомоти идоракунии вилояти ва ноҳияви амалан дар ҷараёни таҳияи сиёсати рушди милли иштирок наменамоянд ва дар маҷмӯъ нақши иҷрокунандагони қарорҳои мақомоти болоиро ба ҷо меоранду бас. Дар канор мондани мақомоти минтақави аз раванди таҳияи сиёсат ба сифати қарорҳои қабулгардида, иҷрои саривақтии онҳо таъсири манфи расонида, ба баланд бардоштани масъулият ва устувории натиҷаҳои қарорҳои татбиқгардида мусоидат наменамояд.
Давлат ба корҳои хоҷагидори фаъолона иштирок намуда, вазифаҳои танзимкунандаи он ба муносибатҳои инкишофёбандаи бозаргони мутобиқ намебошанд. Ҳоло амалан дар сохтори ҳар як вазорат муассиса оид ба тарбия ва бозомӯзии кадрҳо, муассисаҳои фароғати, корхонаҳои ёрирасони кишоварзи, нашриёт ё матбаа мавҷуданд. Чун қоида, вобаста ба ҳаҷми ками корҳо чунин сохторҳо дорои хароҷоти зиёд буда, рақобатпазирин онҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳамзамон статуси ҳуқуқии ин ташкилотҳо дастгирии имтиёзноки молиявии давлати ва маъмурии онҳоро таъмин менамояд, ки ин боиси тахфифи муҳити рақобатпазири, сатҳи аз нигоҳи ҷамъияти оптималии нарх, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасони мегардад.
Дар айни замон расмиёти назорати бозор шаффоф набуда, барои бизнес ниҳоят гарон аст ва ҳифзи самарабахши ҳуқуқи субъектҳои танзимро таъмин наменамояд. Фаъолияти соҳибкори аз сабаби мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқи ё мавҷуд набудани муқаррароти дахлдори қонунгузори, иҷрои нокифояи қонунҳо, амалияи паҳнгардидаи дахолати мақомоти ҳокимияти маркази ва маҳаллии ҳокимияти давлати ба фаъолияти хоҷагидори ва равандҳои ба он алоқаманди қабули қарор ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегардад.
Системаи идоракунии маблағҳои давлати баланд бардоштани самарабахши ва шаффофиятро тақозо менамояд. Тоҷикистон дар давраи ибтидоии ислоҳоти буҷети қарор дорад ва ҳанӯз раванди буҷети дар маҷмӯъ механизми муайян намудани афзалиятҳо дар доираи сиёсати давлати ба ҳисоб намеравад. Дар натиҷа дар ҷараёни мувофиқа маъмӯлан на ба самтҳои стратеги, ки бояд маблағгузори шаванд, балки ба он таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад, ки кадом хароҷот маблағгузори карда намешавад. Бесарусомонии ташкили яке аз сабабҳои мавҷуд набудани фасеҳи дар ҷараёни таҳияи буҷет ба ҳисоб рафта, раванди мувофиқасозиро мушкил мегардонад ва намегузорад, ки дархостҳои буҷети ҳамаҷониба арзёби гарданд ва имкониятро барои ҳангоми таҳияи буҷет ба таври самарабахш аз нав тақсим намудани маблағҳо маҳдуд месозад.
Хароҷоти инвеститсионии давлати фосилави буда, ба таври дахлдор бо афзалиятҳои стратеги ва мақсадҳои рушд алоқаманд карда нашуданд. Механизмҳои арзёбии ноил гардидан ба мақсадҳо ва системаи робитаи мутақобила дар ҷараёни татбиқи онҳо ба таври зарури инкишоф наёфтааст. Барои банақшагири ва арзёби омори саҳеҳ мавҷуд нест ва андозсупоранда амалан имконият надорад ҳам дар сатҳи ҷумҳурияви ва ҳам дар сатҳи маҳалли бемонеа бо маълумоти вобаста ба татбиқи буҷети давлати шинос шавад.
Идоракунии молияви (фидутсиари) суст буда, бо номукаммалии системаи назорати молиявии беруни ва дохили, хариди давлати, расмиёти буҷетию молияви, системаи номуназзами ҳисоботдиҳии давлати, мавҷуд набудани шаффофият, сифати пасти назорат ҳангоми шумораи зиёди ҳама гуна санҷишу тафтиш, ки барои роҳ додан ба тафтишҳои беасос механизми андешидани ҷазоҳои ғайримуассиру ночиз истифода мегардад, алоқаманд мебошад.
Дар навбати худ системаи маблағгузории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли самарабахшии тақсими манбаъҳои даромади буҷет, инчунин муайян намудани ваколатҳои молиявии ин мақомотро тақозо менамояд.
Системаи хизмати давлати низ аз сабаби қобилияти таваҷҷӯҳ ба хизмати давлати ҳамчун корфармо дар бозори меҳнат бо проблемаҳои такмили сифатии шумораи он рӯ ба рӯ гардидааст. Баланд бардоштани самарабахшии хизмати давлати рушди хизмати давлатии касби ва баланд бардоштани обрӯю эътибори хизматчиёни давлатиро тақозо менамояд. Дар ин замина баланд бардоштани мақоми Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми идоракунии соҳаи хизмати давлати ҳангоми роҳбарии методи ва интихоби кадрҳо бо роҳи озмун ва аттестатсияи хизматчиёни давлати, таълим ва тайёрии касбии хизматчиёни давлати зарур аст.
Мутаассифона дар мақомоти иҷроияи маркази ва маҳаллии ҳокимияти давлати ҳанӯз ҳам омилҳои илмии дақиқи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлати, системаи дақиқи идоракунии ҳайати шахси, тайёр кардан, бозомӯзи ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кадрҳо дар сатҳи зарури ба роҳ монда нашудааст.
Дар мавриди гузаронидани озмун барои ишғоли мансаби холи, аттестатсия, ташкил ва истифодаи захираи кадрҳо, ки асоси интихоби дуруст ва объективонаи кадрҳо дар хизмати давлати мебошанд, камбудиҳо ҷой доранд.
Дар системаи идоракунии давлати сатҳи пасти ҳавасмандгардонии модди ва ғайримоддии хизматчиёни давлати, мавҷуд набудани омилҳои амали барои баланд бардоштани самарабахшии интизоми иҷроия ва маҳсулнокии фаъолият мушоҳида мегардад.
Иқтидори ниҳоят пасти хизмати давлати ба фаъолияти ҳамаи мақомоти идоракунанда таъсир мерасонад.
Вазифаҳо ва салоҳият байни сатҳҳои маркази ва маҳаллии ҳокимияти давлати ва сатҳи худидоракунии маҳалли комилан дақиқ муайян карда нашудаанд; тақсимоти маъмурию ҳудуди омилҳои дақиқи объективи надорад. Дар дастгоҳи марказии вазоратҳо шумораи зиёди сохторҳое мавҷуданд, ки вазифаи якдигарро такрор мекунанд. Мақомоти ҳудудии вазоратҳо ҳамзамон таҳти тобеияти дугона - ҳам таҳти тобеияти дастгоҳҳои дахлдори маркази ва ҳам таҳти тобеияти маъмурияти ҳудуди қарор доранд. Ҳамзамон ваколат ва ҷавобгарии ин мақомот низ ба таври зарури муқаррар карда нашудаанд. Чун натиҷа самарабахшии фаъолияти мақомоти давлати дар сатҳи маҳалли таназзул меёбад.
Такрори вазифаю ваколатҳо ва бархӯрди салоҳият сабаби паст шудани дараҷаи масъулият барои ноил шудан ба натиҷаҳои ниҳои ва оқибатҳои қабули қарорҳои қабулшуда буда, инчунин ба баланд бардоштани нерӯи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дахлдор ва фароҳам овардани хизматрасонии самарабахш ва хушсифат мусоидат намекунанд. Мавҷуд набудани тақсими дақиқи вазифаҳои хизматрасони ба аҳоли боиси пош хӯрдани маблағҳо, ғайрисамарабахш истифода намудани онҳо ва ё маблағгузории нокифоя мегардад.
Номутаносибии тақсимоти маъмурию ҳудуди барои тақсими шабеҳи вазифаҳо, ваколатҳо ва захниаҳо монеаҳо пеш меоварад. Проблема аз он иборат аст, ки омилҳои объективии дақиқи тақсимоти маъмурию ҳудуди вуҷуд надорад.
Худидоракунии маҳалли наметавонад ба аҳоли дастрас будани хизматрисонии хушсифату самарабахшро таъмин намояд. Фаъолияти Ҷамоатҳо ҳамчун яке аз сатҳҳои идоракунии ба аҳоли нисбатан наздик ба принсипҳои худидоракунии маҳалли, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ҷавобгӯ намебошад. Ҷамоат ба сатҳи дахлдори идоракуни (шаҳр ё ноҳия) тобеъ буда, раиси онро Ҷамоат бо пешниҳоди роҳбари сатҳи дахлдори идоракунанда интихоб менамояд, яъне амалан Ҷамоат мақоми маҳаллии ҳокимияти давлати ба ҳисоб меравад. Вазифаҳо ва ваколати Ҷамоатҳо ниҳоят маҳдуд буда, имконият намедиҳад, ки онҳо ба масъалаҳои дорои аҳамияти маҳалли машғул шаванд. Ҳамзамон Ҷамоатҳо дорои буҷети худи намебошанд ва аз ин рӯ мустақиман ба буҷети ноҳия/шаҳр эҳтиёҷманданд. Ҷамоатҳо ҳамчунин дорои амволи худи ва ҳуқуқи моликияте, ки барояшон ҷиҳати иҷрои вазифаҳо заруранд, намебошанд. Рушди худидоракунии маҳалли бо мақсади таъмини дастрасии аҳоли ба хизматрасонии хушсифату самарабахш пеш аз ҳама тақозо менамояд, ки доираи ҳуқуқии фаъолияти худидоракунии маҳалли дар Ҷамоатҳо ва рушди нерӯи Ҷамоатҳо барои афзун намудани ӯҳдадориҳои вазифавиашон муқаррар карда шавад.
Хусусияти проблемаҳои дар боло зикргардида асоси Стратегияи пешниҳодшудаи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, мақсад ва самти ҷараёни ислоҳотро муайян менамояд.
II. Мақсад, вазифаҳо ва принсипҳо
Мақсад
Яке аз мақсадҳои асосии рушди миллии Тоҷикистон аз таъсиси системаи самарабахши идоракунии давлати ҳамчун заминаи рушди устувори иқтисоди ва паст кардани сатҳи камбизоати иборат мебошад.
Системаи самарабахши идоракунии давлати инҳоро дар бар мегирад:
мақомоти маркази ва маҳаллии ҳокимияти давлати бо хадамоти касбии давлати, системаи мутаносиби таҳия ва татбиқи сиёсат ва барномаҳои рушд, бо нерӯи идоракунандаи боиқтидор ва ҳисоботдиҳанда;
худидоракунии маҳалли бо тақсими дақиқи вазифаю ваколатҳо, маблағҳои молияви ва амволе, ки хизматрасонии самарабахш ва хушсифатро ба аҳоли таъмин менамояд.
Таъсиси системаи самарабахши идоракунии давлати имконият медиҳад:
сатҳи нисбатан баланди касби ва салоҳиятноки дар хизмати давлати ба даст оварда шавад;
бунёди сохтори давлати тавассути мақомоти муассири марказии ҳокимияти давлати ва худидоракунни маҳалли таҳким ёбад;
сатҳи боварии ҷомеа нисбат ба давлат баланд бардошта шавад;
мақсад ва вазифаҳои барномави дар сатҳи милли, соҳави ва ҳудуди ба система дароварда шавад;
иштироки ҷомеаи шаҳрванди ва бизнес дар муайян намудани афзалиятҳои рушди милли ва маҳалли таъмин гардад;
самарабахшии истифодаи маблағҳои буҷети баланд бардошта шавад;
барои рушд ва фаъолияти самарабахши бахши хусуси шароити мусоид фароҳам оварда шавад;
ба фазои инвеститсиони тақвият бахшида, сатҳи ҷалби инвеститсияҳои мустақими беруни ва дохили ба иқтисодиёти кишвар беҳтар карда шавад;
самарабахшии худидоракунии маҳалли дар ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти маҳалли баланд бардошта шавад;
дастрас будани хизматрасони ба аҳоли ва баланд бардоштани сифати он таъмин гардад.
Барои ноил шудан ба ин мақсадҳо ва ба даст овардани натиҷаҳои ниҳои бояд вазифаҳои ислоҳоти системаи идоракунии давлати муайян карда шаванд.
Вазифаҳо
Татбиқи самарабахши ислоҳоти системаи идоракунии давлати ҳалли вазифаҳои зайлро тақозо менамояд:
1. Баланд бардоштани самарабахтии идоракунии рушди милли:
1) ба система даровардани мақсад, стратегия, барнома ва нақшаҳои рушди милли;
2) тақсими ваколатҳо ҷиҳати муайян намудани мақсад ва афзалиятҳои рушди милли, таҳия ва татбиқи барнома ва нақшаҳои милли, соҳави ва минтақави, мониторинги онҳо;
3) таҳкими нерӯ ҷиҳати таҳия, қабул, татбиқ ва назорати қарорҳои стратеги;
4) таҳкими нақши ҷомеаи шаҳрванди дар қабул ва иҷрои қарорҳо.
2. Такмили системаи идоракунии давлати мутобиқи принсипҳои иқтисоди бозаргони:
1) маҳдуд сохтани идоракунии давлатии фаъолияти хоҷагидори, аз байн бурдани дахолати мақомоти давлати ба чунин фаъолият бо роҳи таҷдид ва аз нав тақсим намудани вазифаҳо;
2) беҳбуди системаи танзими давлати, назорат ва санҷиш;
3) баланд бардоштани шаффофият ва масъулияти мақомоти давлати ҳангоми қабули қарорҳо ва иҷрои онҳо.
3. Баланд бардоштани самарабахшии идоракунии маблағҳои давлати:
1) ба ҳам пайвастани ҷараёни буҷет бо афзалиятҳо ва нақшаҳои рушди милли;
2) баланд бардоштани масъулият ва шаффофияти идоракунии маблағҳои давлати;
3) тақвияти нерӯ ҷиҳати таҳия ва иҷрои буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли;
4) самарабахшии тақсимоти манбаъҳои даромади буҷет байни сатҳҳои мухталифи идоракунанда;
5) татбиқи механизми самарабахши хариди давлати;
6) такмили системаи назорати молиявии давлати.
4. Таъсиси хизмати касбии замонавии давлати:
1) баланд бардоштанн сифати тарбияи касбии хизматчиёни давлати дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлати;
2) такмили системаи пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлати;
3) модернизатсияи системаи идоракунии захираҳои инсони;
4) баланд бардоштани ҳавасмандгардони, барҳам додани коррупсия.
5. Рушди идоракунии маъмурию ҳудуди:
1) тақсими дақиқи ӯҳдадориҳои вазифави байни сатҳҳои мухталифи идоракуни, ба онҳо додани ваколатҳои баробар, моликият ва маблағ;
2) ба тартиб даровардани тақсимоти маъмурию ҳудуди ҳангоми аз нав тақсим намудани вазифаҳо;
3) муайян намудани омилҳои тақсимоти маъмурию ҳудуди ва муносибати мутақобила байни сатҳҳои идоракунии давлати ва худидоракунии маҳалли.
6. Ташаккули худидоракунии маҳалли, ки метавонад ба аҳоли хизматрасонии хушсифатро фароҳам оварад:
1) тақсими вазифа ва ваколатҳо оид ба хизматрасони мутобиқи Принсипи субсидари;
2) муайян намудани моликияти худидоракунии маҳалли вобаста ба вазифаҳо ва муқаррар намудани қонуни гардонидани ҳуқуқ ба моликият;
3) рушди мустақилияти молиявии худидоракунии маҳалли вобаста ба вазифаҳое, ки онҳо анҷом медиҳанд;
4) тақвияти нерӯи худидоракунии маҳалли дар ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти маҳалли.
Принсипҳо
Сохторҳо ва расмиёти маъмури чун қоида дар ҷараёни мӯҳлати тӯлони ташаккул меёбанд. Онҳо нисбатан устувор буда, бо мушкили таҳти ислоҳоти институтсионали қарор мегиранд. Бо дарназардошти таҷрибаи байналмилали ислоҳот танҳо ҳангоме муваффақона сурат мегирад, ки он аз ҷониби роҳбарияти кишвар дар асоси розигии қувваҳои асосии сиёси ва гурӯҳҳои иҷтимои амали карда шавад. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки ин ё он модели ягонаи оптималии идоракунии давлати ва худидоракунии маҳалли вуҷуд надорад. Ислоҳоти муваффақонаи институтсионали бояд мушаххасоти зерини кишварро ба инобат гирад: (а) сатҳи рушди иқтисодии он; (б) мушахассоти системаи сиёсии он; (в) таърих ва анъанаҳои кишвар; (г) география, аз ҷумла мушаххасоти тақсимоти маъмурию ҳудуди; (д) суръат ва пайдарҳамии дигаргунсозиҳо дар давраи гузариш.
Принсипҳои умумии байналмилалии ислоҳоти институтсионали аз инҳо иборатанд:
тағйир додани статус ва вазифаҳои мақомоти давлати бо дарназардошти зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисоди бозаргони;
аз ҳам ҷудо намудани вазифаҳои сиёси ва маъмури;
таъсиси хизмати давлатии касби, ки барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти шаҳрвандон, ҳимояи талабот ва манфиатҳои онҳо нигаронида шудааст;
таъмини шаффофият ва ошкоро будани фаъолияти маъмурияти давлати, дастрас будани иттилоот оид ба чунин фаъолият;
ҷалби ҷомеаи шаҳрванди ба ҷараёни ташаккули афзалиятҳо дар сатҳи милли ва маҳалли;
таъмини назорати демократии фаъолияти системаи идоракунии маъмури;
рушди ҷараёни ғайритаҷаммӯъ (деконсентратсия) ва ғайримутамарказгардони, ҷудо кардани вазифа ва масъулиятҳо аз боло то ба поён;
рушди мустақилияти худидоракунии маҳалли вобаста ба масъалаҳои дорои аҳамияти маҳалли ва ба аҳоли исоботдиҳанда будани мақомоти намояндаги ва иҷроияи худидоракунии маҳалли;
таҳкими принснпҳои субсидари будани тақсими вазифаҳо байни сатҳҳои ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли;
риояи принсипи "маблағ ва моликият баъд аз фароҳам овардани вазифаҳо", ки мутобиқи он ҳамаи сатҳҳои ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли бояд ҷиҳати иҷрои муваффақонаи вазифаҳои худ дорои маблағҳои мутаносиб ва моликият бошанд.
III. Тадбирҳо, пайдарҳамӣ ва ташкили татбиқи стратегия
Стратегияи мазкур ҳуҷҷати заминавие мебошад, ки фаъолияти давлатро оид ба ислоҳоти идоракунии давлати барои солҳои 2006-2015 муайян менамояд. Муваффақияти татбиқи Стратегия тақозо менамояд, ки тадбирҳо барои ноил шудан ба мақсадҳо ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда, пайдарҳамии иҷрои тадбирҳо, инчунин сохторҳои масъули татбиқкунандаи Стратегия муайян карда шаванд.
Тадбирҳо оид ба татбиқи стратегия
Маҷмӯи чорабиниҳо тадбирҳои дорои хусусияти кӯтоҳмӯҳлат (то охири соли 2006), миёнамӯҳлат (солҳои 2007-2008) ва дарозмӯҳлатро (солҳои 2009-2015) дар бар мегирад.
Тадбирҳо мутобиқи вазифаҳои гузошташуда ба гурӯҳҳо тақсим карда шудаанд:
- тадбирҳое, ки ба баланд бардоштани самарабахиши идоракунии рушди милли нигаронида шудаанд:
таъсиси Шӯрои рушди милли;
таъсиси сохтор оид ба ислоҳот ва рушд, инчунин оид ба рушди маъмурию ҳудуди дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҷдиди сохтори он;
баланд бардоштани нерӯ оид ба таҳияи сиёсат, муайян намудани масъулият барои омодаги ва гузаронидани ислоҳот дар вазоратҳо;
рушди системаи иттилоотони ва ҷори намудани Стратегияи "Ҳукумати электрони";
- тадбирҳое, ки мутобиқи принсипҳои иқтисоди бозаргони ба такмили системаи идоракунии давлати нигаронида шудаанд:
гузаронндани таҳлилҳои функсионали ва таҷдиди дахлдори сохтори дар вазоратҳо;
таҷдиди сохтор ва аз нав тақсим намудани вазифаҳо байни сатҳҳои идоракуни;
аз вазоратҳо ҷудо намудани корхонаи давлати;
таҷдиди сохтори мақомоти назоратию тафтиш;
рушди расмиёти маъмури;
- тадбирҳое, ки ба баланд бардоштани самарабахшии идоракунии маблағҳои давлати нигаронида шудаанд:
ҷудо кардани буҷети давлати ба буҷети хароҷоти ҷори ва буҷети рушд;
дар як мақоми давлати муттаҳид кардани ҳамаи воситаҳои рушди иҷтимоию иқтисоди;
ҷори намудани усулҳои идоракунии лоиҳавии ислоҳот ва стратегияҳои инвеститсиони;
самарабахшии системаҳои хазинадори;
ба ҳам пайвастани қисми хароҷоти буҷет бо натиҷаҳо дар соҳаи маориф ва тандурусти;
таъмини пайванди стратегия ва барномаҳо ба ҷараёни буҷети;
баланд бардоштани самарабахшии аудити беруни ва дохили, ҷори намудани системаи нави хариди давлати;
самарабахшии тақсими манбаъҳои даромади буҷети байни сатҳҳои мухталифи идоракуни;
- тадбирҳое, ки барои таьсиси хизмати давлатии касбии замонави нигаронида шудаанд:
баланд бардоштани мақоми хизмати давлати вобаста ба ташкил ва гузаронидани озмун барои ишғоли мансаби холи, аттестатсия на ташкили захираи кадрҳо;
таъсиси феҳрасти хизматчиёни давлати, гузаронидани ислоҳоти пардохти музди меҳнат дар бахши давлати;
рушд ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлати;
таълими хизматчиёни давлати вобаста ба принсипҳои нави идоракуни;
таъсиси системаи иттилоотонии идоракунии хизмати давлати;
татбиқи механизми маблағгузории донишҷӯён дар донишгоҳҳои олии хориҷи;
ҷори намудани тартиби нави гузаронидани озмунҳои кушод;
- тадбирҳое, ки барои рушди идоракунии маъмурию ҳудуди нигаронида шудаанд:
гузаронидани таҳлилҳои функсионали дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатии маҳалли;
тақсими дақиқи ӯҳдадориҳои вазифави байни ин сатҳҳои идоракунанда ва ба онҳо интиқол додани салоҳиятҳои мутаносиб, моликият ва маблағ, самарабахши ва мутаносибии системаи фароҳам овардани хизматрасони ба аҳоли;
танзими тақсимоти маъмурию ҳудуди вобаста ба тақсими нави вазифаҳо;
муайян намудани идоракунии маъмурию ҳудуди ва муносибати байни сатҳҳои идоракунии давлати ва худидоракунии маҳалли;
- тадбирҳое, ки ба рушди системаи худидоракунии маҳалли нигаронида шудаанд:
таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки вобаста ба вазифаҳо, маблағ ва моликияти худидоракунии маҳалли барои рушди системаи худидоракунии маҳалли заруранд;
таҳия ва қабули барномаи рушди идоракуни ва тақвияти нақши ҷомеаи шаҳрванди дар масъалаҳои худидоракунии маҳалли.
Маҷмӯи тадбирҳои дар боло зикргардида ҷиҳати амали намудани Стратегия дар Ҷадвали чораҳо оид ба татбиқи Стратегия зикр гардидаанд (Замимаи 1).
Пайдарҳамии татбиқи стратегия
Татбиқи Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлати тақозо менамояд, ки ҳам дар сатҳҳои маркази ва ҳам маҳалли ҳамзамон чораҳо андешида шаванд. Дар айни ҳол пайдарҳами ва ба ҳам алоқаманд будани чораҳои андешидашаванда аҳамияти ниҳоят муҳим доранд.
Дар дурнамои кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлат дар сатҳи ҳокимияти маркази тадбирҳое иҷро мегарданд, ки ба систематизатсияи мақсадҳо ва афзалиятҳои рушди милли дар якҷояги бо тақсими вазифаҳо ва ваколатҳо оид ба таҳия, татбиқ ва мониторинги нақшаҳо ва барномаҳои рушд нигаронида шудаанд. Иқдоми минбаъда бояд ҳалли вазифаҳои ба ҳам пайвастани раванди буҷетиро бо афзалиятҳои рушди милли пешбини намояд. Дар айни замон ҷараёни оғозгардидаи ислоҳоти Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмил додани пардохти музди меҳнат дар бахши давлати идома меёбад.
Масъалаи асосии татбиқи ислоҳоти системаи идоракунии давлати аз танзими тақсимоти маъмурию ҳудуди ва тақсими дақиқи вазифаҳо ва ваколатҳо байни сатҳҳои идоракунии маркази, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли иборат мебошад. Барои танзими тақсимоти маъмурию ҳудуди омилҳои муайян намудани тақсимоти маъмурию ҳудуди таҳия ва татбиқ хоҳанд шуд. Барои тақсими вазифаҳо ва ваколатҳо бошад дар сатҳҳои идоракунии маркази ва маҳалли таҳлилҳои функсионали гузаронида мешаванд. Дар асоси гузаронидани таҳлилҳои функсионали ҷиҳати маҳдуд сохтани дахолати давлати ба фаъолияти хоҷагидори ва муайян намудани вазифаҳои худидоракунии маҳалли тадбирҳо андешида мешаванд. Иқдоми минбаъда аз таҷдиди сохтори хизматрасони ба аҳоли ҷиҳати таъмини дастрас будани хизматрасонии самарабахшу хушсифат иборат хоҳад буд.
Дар дурнамои кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлат дар сатҳи худидоракунии маҳалли оид ба рушди мустақилияти функсионали ва вазифавии Ҷамоатҳо тадбирҳо андешида шуда, ҳамзамон барномаи рушди нерӯи Ҷамоатҳо дар идоракунии масъалаҳои дорои аҳамияти маҳалли дар шароити худидоракуни татбиқ карда мешавад.
Хатми самарабахши давраҳои кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлати ислоҳоти системаи идоракунии давлати дар сатҳҳои маркази ва маҳалли имконият медиҳад, ки татбиқи чорабиниҳои барои дурнамои дарозмӯҳлат нигаронидашуда оғоз гардад. Дар ҷараёни иҷрои ин давраи ислоҳот танзими тақсимоти маъмурию ҳудуди, муайян намудани муносибатҳои мутақобила байни сатҳҳои идоракунии давлати ва худидоракунии маҳалли сурат гирифта, Стратегияи рушди идоракунии минтақави барраси мегардад. Дар дурнамои дарозмӯҳлат ҳамчунин чорабиниҳое амали мегарданд, ки барои рушд ва таҳкими натиҷаҳои давраи аввали ислоҳот ҳам дар сатҳи маркази ва ҳам дар сатҳи идоракунии маҳалли нигаронида шудаанд. Вобаста ба рушди худидоракунии маҳалли дар дурнамои дарозмӯҳлат вазифаҳои нави худидоракунии маҳалли ҳамзамон бо ислоҳоти бахши муайян карда мешавад.
Татбиқи самарабахши Стратегия имконият медиҳад, ки фаъолияти устувор ва баланд бардоштани судмандии системаи идоракунии давлати таъмин карда шавад.
Ташкили татбиқи стратегия
Бо мақсади пайдарҳам, ба таври маҷмӯи ва муассир гузаронидани ҷараёни ислоҳот, татбиқи он ва тақвияти ҳамоҳангии онҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои стратеги андешидани чунин иқдомҳои аввалиндараҷа ниҳоят муҳим мебошад:
таҷдиди назар намудани Системаи ташкилии идоракунии ҷараёни рушд, ки аз мақомоти идоракуни иборатанд, вазифаю функсияҳои онҳо ва ғайра;
таъсиси Шӯрои рушди миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли, иттифоқҳои касаба, ҷомеаҳои шаҳрванди ва бизнес барои ба таври муттаҳида ба сифати воситаи машварати қабул намудани қарорҳо оид ба масъалаҳои стратегии рушд;
ба зиммаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои стратеги оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои стратеги ва мониторинги татбиқи онҳо вогузор карда шуда, сохтор ва мақоми он таҳти таҷдиди назар қарор гирад ва сохтор оид ба рушди маъмурию ҳудуди пешбини карда шавад;
ба зиммаи Ҳукуматн Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои таҳияи дурнамои милли, соҳави, минтақави, банақшагири ва татбиқи онҳо бо дарназардошти мақсад ва афзалиятҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои стратеги муайян гардидаанд, гузошта шавад.
Замимаи 2
ба Стратегияи ислоҳоти системаи
идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ки бо Фармонн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марта соли 2006 № 1713 тасдиқ шудааст
Тафсири мафҳумҳо (глоссарий)
Мансаби маъмурии хизмати давлатӣ - аз ҷониби хизматчии давлати ишғол карда шуда, салоҳияти он ба таъмини ваколатҳо аз ҷониби шахсоне, ки вазифаҳои давлатии ҳокимияти давлати ва вазифаҳои сиёсии хизмати давлатиро ишғол намудаанд, инчунин ба татбиқи салоҳиятҳои мақоми давлати нигаронида шудааст.
Тақсимоти маъмурию ҳудудӣ - системаи ташкили ҳудудии давлат, ки дар асоси он мақомоти ҳокимияти давлати ва идоракуни ташкил ва фаъолият мекунанд.
Идоракунии маъмурию ҳудудӣ - идоракунии системаи ташкили маъмурию ҳудудии давлат.
Расмиёти маьмурӣ - тартиби махсуси ҳалли баҳсҳои маъмурию ҳуқуқи, ки ҳангоми он мақомоти суди ё дигар мақомоти давлати шикоятҳоро вобаста ба амали мақомоти идоракунии давлати барраси менамоянд ва қарори дахлдор қабул мекунанд.
Буҷети рушд - маблағҳои буҷети давлати, ки мутобиқи ҳуҷҷати стратегии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини татбиқи сиёсати рушди милли ҷудо карда мешавад.
Танзими иқтисодии давлати - дар симои мақомоти давлати дахолат намудани давлат ба объектҳо ва ҷараёни иқтисоди, шахсони дар он иштирокдошта; мақсад аз он иборат аст, ки ба ин равандҳо хусусияти муташаккил дода шуда, фаъолияти субъектҳои иқтисоди ба тартиб дароварда шавад ва риояи қонунҳо, манфиатҳои давлати ва ҷамъияти таъмин гардад.
Хизмати давлатӣ - фаъолияти касбии шахсоне, ки ҷиҳати таъмини иҷрои ваколатҳои мақомоти давлати мансаби давлатии хизмати давлатиро ишғол менамоянд.
Идоракунии давлатӣ - таъсири амали, созмондиҳанда ва танзимкунандаи давлат ба фаъолияти ҳаётии ҷамъияти (оммави) ва шахсии одамон бо мақсади танзим, муҳофизат ё дигаргунсози, ки ба қудрати ҳокимияти он такя мекунад. Идоракунии давлати татбиқи сиёсати давлатиро ҳамчун маҷмӯи мақсад ва вазифаҳое, ки воқеан давлат амали менамояд ва маблағҳое, ки барои ин мақсад истифода бурда мешаванд, дар бар мегирад.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ - маҷмӯи муносибатҳо дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳанг ва ғайра, ки дар доираи ҷомеаи демократи мустақилона аз давлат ва озодона инкишоф меёбанд. Ҷомеаи шаҳрванди дар шакли маҷмӯи институтҳои ғайриҳукумати ва гурӯҳҳои худташкили миёнарав ташаккул меёбад, ки ба амалҳои муташаккил ва масъулиятноки дастаҷамъи барои ҳифзи манфиатҳои аз нигоҳи ҷамъияти муҳим қодир буда, дар доираи қоидаҳои қаблан муқарраргардидаи шаҳрванди ё дорои хусусияти ҳуқуқи фаъолият мекунад.
Ғайритаҷаммӯъ (деконсентратсия) - интиқоли ҳокимият ва/ё вазифаҳо ба мақомоти ҳудудии ҳокимияти маркази. Ҳангоми деконсентратсия дар маҳалҳо шахсони мансабдор интихоб карда намешаванд.
Ғайримуттамарказгардонӣ (десентрилизатсия) - интиқоли ҳокимият ва/ё вазифаҳо аз мақомоти марказии ҳокимият ба мақомоти маҳалли, ки аҳоли интихоб менамояд ва тавсеаи доираи ваколатҳои мақомоти поёнии ҳокимият аз ҳисоби мақомоти болои.
Сиситемаи иттилоотӣ - маҷмӯи аз нигоҳи ташкили танзимшудаи ҳуҷҷат (маҷмӯи ҳуҷҷатҳо) ва технологии иттилооти буда, истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва алоқаро, ки ҷараёни иттилоотиро татбиқ мекунад, дар назар дорад.
Худидоракунии маҳаллӣ - ҳуқуқ ва қобилияти аҳолии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати мустақим ё тавассути намояндагони худ дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳал намудани аксари масъалаҳои дорои аҳамиятн маҳалли ё як қисми ваколатҳои давлати, ки бо дарназардошти манфиатҳои умумимилли, анъанаҳои милли ё мушаххасоти милли дар асоси қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ба зиммаи он вогузор шудаанд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимият - ҳамаи сатҳҳои идоракунии поёнтар аз сатҳи идоракунии мақомоти марказии ҳокимияти давлати. Дар ҳамин ҳуҷҷат ин мафҳум ба ҳамаи сатҳҳои идоракунии маҳаллии имрӯза дар Тоҷикистон, аз ҷумла вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳрак ва деҳот дахл дорад. Идоракунии маҳалли аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, сохтори маҳаллии мақоми марказии ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии маҳалли анҷом дода мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ - мақомоте, ки иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд, сиёсати умумидавлатии ҳокимияти иҷроияро дар ҳамбастаги бо манфиат ва талаботи рушди ҳудуди дахлдор, дар доираи воҳидҳои дахлдори маъмурию ҳудуди пеш мебаранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ба системаи ягонаи мақомоти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллиро раисони воҳидҳои дахлдори маъмурию ҳудуди роҳбари менамоянд, ки намояндагони Президенти Ҷумҳурни Тоҷикистон мебошанд.
Ҳавасмандгардонӣ (мотиватсия) - ҷараёни дар аъзои ташкилот бедор кардани ҳисси ботини барои фаъолият ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои ташкилот мутобиқи ӯҳдадориҳои ба зиммаашон вогузошташуда ва нақшаҳои таҳиянамудаи худи ташкилот.
Субсидарӣ - принсипи тақсими вазифа ва ваколатҳо байни сатҳҳои ҳокимият, ки таъмини нисбатан самарабахши ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллиро таъмин менамояд.
Ҳисоботдиҳанда - дараҷаи масъулият дар назди интихобкунандагон барои фаъолият дар маҷмӯъ дар ҷомеа ё дар доираи мансабҳои муайян; бовиҷдони, ҳаққоният ва вафодори ба қавли худ; масъулият барои пешниҳоди саривақтии ҳисоботи касбии босаводона, пурра ва саҳеҳи молияви.
Мансаби сиёсии хизмати давлатӣ - аз ҷониби хизматчиёни давлати ишғол карда мешавад, ки таъин (интихоб) намудан, озод (бозхонд) кардан ва фаъолияти онҳо дорои хусусияти сиёсию умумидавлати буда, онҳо барои татбиқи мақсадҳои сиёси, вазифаҳо ва салоҳияти мақоми давлати ҷавобгар мебошанд.
Ваколат - ҳуқуқи як шахс - намоянда, ки метавонад аз номи шахси дигар намояндаги кунад ва ба манфиати ӯ аҳд ё дигар амали ҳуқуқиро анҷом диҳад.
Афзалиятҳои рушд - масъалаҳое, ки барои пешрафти босуръат бо мақсадҳои рушди устувори иқтисоди ва паст кардани сатҳи камбизоати инҳоят муҳим эътироф шудаанд.
Рушд - тағйироти самтнок ва табий, ки дар натиҷаи он ҳолати сифатан нави объект, таркиб ё сохтори он ба вуҷуд меоад.
Феҳрасти мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ - номгӯи ба система даровардашудаи маълумот оид ба хизматчиёни давлати, ки пайдарҳамии аз хизмати давлати гузаштани онҳоро инъикос менамояд. Феҳраст номгӯи тахассусии вазифаҳои давлатии хизмати давлати ва талаботи тахассусиро нисбат ба шахсоне, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро ишғол мекунанд, дар бар мегирад.
Азнавташкилдиҳи (таҷдиди сохтор) - муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додани ташкилотҳо.
Системаи идоракунии давлатӣ - маҷмӯи субъектҳои муштарак амалкунандаи идоракунии давлати (мақомоти давлати) ва объектҳои идоракунанда (унсурҳои ҷамъияти ва робитаҳои байниҳамдигари), ки таҳти таъсири давлат қарор доранд.
Системаи рушди миллӣ - шабакаҳои равандҳои маъмури ва шарикони вобаста ба рушд, ки аз ду ҷараёни амуди ва уфуқии робитаҳои байниҳамдигарии шарикон иборат мебошад (мақомоти идоракунии давлати, бизнес, иттифоқҳои касаба ва институтҳои ҷомеаи шаҳрванди), шарикони вобаста ба рушд, ки аз ду ҷараёни амуди ва уфуқии робитаҳои байниҳамдигарии шарикон иборат мебошад (мақомоти идоракунии давлати, бизнес, иттифоқҳои касаба ва институтҳои ҷомеаи шаҳрванди).
Шӯрои рушди миллӣ - мақоми машваратии шарикон оид ба рушд барои муайян намудани афзалият, мақсад ва вазифаҳо, инчунин иштироки шарикон дар қабули қарорҳои стратеги оид ба рушд.
Систематизатсия - фаъолияте, ки дар ҷараёни он объектҳои таҳти омӯзиш қарордошта дар асоси усули интихобгардида ба системаи муайян табдил дода мешаванд. Намуди асосии систематизатсия - классификатсия мебошад.
Стратегия - дастурҳои нисбатан дарозмӯҳлат, принсипиали ва муҳиме, ки барои тағйирдиҳии сифатии ҳолати ҷараёнҳои идорашаванда нигаронида шудааст.
Идоракунии захираҳои инсони - фаъолияти субъектҳои татбиқи сиёсати кадри (мақомоти идоракуни, маъмуриятҳо, роҳбарон, кормандони хадамоти соҳаи кадр) дар соҳаи идоракунии кормандон. Он ба ҷустуҷӯ, арзёби, интихоб, инкишофи касбии кормандон, асосноксози ва ҳавасмандгардони ба иҷрои вазифаҳое, ки дар назди мақомоти давлати гузошта шудаанд, назорат ва ғайра нигаронида шудааст.
Идоракунӣ- таъсири мақсаднок, ташкилкунанда ва танзимкунандаи шахсон ба фаъолияти ҳаётан муҳими худи, ҷамъияти, дастаҷамъӣ ва гурӯҳӣ, ки мустақиман (дар шакли худидоракуни), инчунин тавассути сохторҳои махсус таъсисёфта (давлат, ташкилотҳои ҷамъияти, ҳизбҳои сиёси, шахсони ҳуқуқи, ассотсиатсияҳои онҳо ва ғайра) анҷом дода мешавад.
Идоракунии рушд - масъулияти ҳукумат ҷиҳати таъмини самаранокии баланд барои ноил шудан ба мақсадҳои махсуси иҷтимоию иқтисоди дар доираи системаи идоракунии давлати мебошад, зеро идоракунии давлати вазифаи асосии ҳукумат буда, бояд амнияти ҷамъият, рушди иқтисодии он, фароҳам овардани шароитҳои беҳтари зиндагиро таъмин намояд.
Идоракунии фидутсиарӣ - идоракунии молия. Идоракунии фидутсиарӣ ҳамчун фаъолияти системаи ҳисоботдиҳии давлатӣ тавсиф мегардад. Барои трансфертҳои буҷети идоракунии фидутсиари аз бисёр ҷиҳат ба қоидаҳои идоракунии молиявии давлатии кишвар, аз ҷумла идоракунии буҷет ва хазинадорӣ, идоракунии харид, ҳисоботдиҳи ва аудит вобаста мебошад.
Функсия (вазифа) - доираи фаъолият, ӯҳдадорӣ ва корҳо.