Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 46 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 46 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 1 қарор баъди калимаҳои "анҷом медиҳанд", калимаҳои "мувофиқи замимаҳои 1, 2 ва 3 дар таҳрири нав" илова карда шаванд.
2. Банди 2 қарор дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Шумораи умумии кормандони мақомоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1462 воҳид (ба ғайр аз Коллеҷи молиявӣ ва иқтисодии шаҳри Душанбе, Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии "Молия",.Редаксияи маҷаллаи "Молия ва ҳисобдорӣ"), аз ҷумла шумораи кормандони Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 231 воҳид муқаррар карда шавад.
Шумораи кормандони ҳайати хизматрасонии маъмурию хоҷагии мақомоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба микдори 180 воҳид (ба ғайр аз Коллеҷи молиявӣ ва иқтисодии шаҳри Душанбе, Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии "Молия", Редаксияи маҷаллаи "Молия ва ҳисобдорӣ"), аз ҷумла шумораи кормандони Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 18 воҳид ва мақомоти молияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 162 воҳид ихтисор карда шавад.
Воҳидҳои ихтисоргардидаи мақомоти молияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои мустаҳкам намудани фаъолияти шӯъбаҳои хазинадории мақомоти молияи мазкур равона карда шаванд".
3. Сархати сеюми банди 4 қарор хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2006 № 144
ш. Душанбе
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2006 № 144
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Департаменти Буҷети давлатӣ
3. Департаменти сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ
4. Департаменти қарзи давлатӣ ва дороиҳои молиявии давлатӣ
5. Департаменти Хазинадории марказӣ
6. Котибот
7. Раёсати сиёсати буҷетӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт
8. Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ
9. Раёсати буҷети мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
10. Раёсати методологияи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит
11. Раёсати аудити дохилӣ ва назорат
12. Раёсати кор бо металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо
13. Раёсати кадрҳо ва буҷети мақомоти молия
14. Раёсати корҳо
15. Шӯъбаи ҳуқуқ
16. Шӯъбаи барномасозии компютерӣ ва иттилоот
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2006 № 144
Нақшаи идораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Точикистон
1. Дастгоҳи марказӣ
2. Департаментҳои молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе
3. Идораҳо ва шӯъбаҳои молияи шаҳру ноҳияҳо
4. Нозироти давлатии иёргирӣ (Госпробирнадзор)
5. Хазинаи сарватҳои давлатӣ (Гохран)
6. Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ (Госстрахнадзор)
7. Агентии қоғазҳои киматнок ва инвеститеияи хориҷӣ
8. Раёсати бақайдгирии махсусгардонидашуда (аз ҳисоби маблағҳои махсус)
9. Коллеҷи молия ва иқтисодии шаҳри Душанбе
10. Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии "Молия"
11. Редаксияи маҷаллаи "Молия ва ҳисобдорӣ"