ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ,нафақа ва стипендия
(Фармони Президенти ҶТ аз 20.02.2007с. № 185)
Дар асоси моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳоли, тақвият додани нақши ҳавасмандкунии музди меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ах,оли фармон медикам:
1. Аз 1 апрели соли 2006 музди меҳнати ҳадди ақал ва нафақаи ҳадди ақал 66 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 20 сомони дар як моҳ муқаррар карда шавад.
2. Аз 1 апрели соли 2006 нақшаи музди меҳнати хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, хизматчиёни ҳарби, ҳайати шахсии қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура ва андозаи иловапули барои рутбаи тахассуси, собиқаи кори ва маош барои рутбаи ҳарби (махсус) мувофиқи замимаҳои № 1-41 муқаррар карда шавад ().
3. Аз 1 апрели соли 2006 маоши вазифави ва ставкаҳои тарифии амалкунандаи кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлати маблағгузори мешаванд, ба андозаи зерин зиёд карда шаванд:
- кормандони соҳаи илм - 40 фоиз ва ҳамзамон музди меҳнати кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад;
- маоши вазифавии амалкунандаи директорон, муовинони директорони мактабҳои таҳсилоти умуми, мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакон ва роҳбарони муассисаҳои томактаби - 50 фоиз ва кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф - 40 фоиз ва ҳамзамон музди меҳнати мураббиёни муассисаҳои томактаби ба музди меҳнати муаллимони синфҳои ибтидои баробар карда шаванд;
- кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитари ба ҳисоби миёна 60 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурусти - 40 фоиз;
- кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимои - 40 фоиз;
- кормандони соҳаи фарҳанг - 40 фоиз;
- кормандони дигар соҳаҳои буҷети - 40 фоиз.
4. Аз 1 апрели соли 2006 андозаи амалкунандаи стипендияҳои Президенти, стипендияи аспирантҳо - 40 фоиз ва стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти оли ва миёнаи касби - 50 фоиз зиёд карда шаванд.
5. Аз 1 апрели соли 2006 андозаи нафақаҳои меҳнатии нафақухӯрон бо роҳи истифодаи коэффисиентҳои баландкунандаи музди меҳнате, ки аз онҳо нафақаҳо таъин ва бозҳисоби шудаанд, зиёд карда шавад.
6. Аз 1 апрели соли 2006 бо назардошти банди 5 Фармони мазкур нафақаи занони бесаробон ва яккаву танҳо ба андозаи 50 фоизи нафақаи ҳадди ақал зиёд карда шавад.
7. Аз 1 апрели соли 2006 андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ба маблағи 180 сомони дар як моҳ муқаррар карда шавад.
8. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- оид ба амали намудани Фармони мазкур чораҳои зарури андешад;
- қоидаҳои бозҳисобии андозаи нафақаҳоро бо назардошти муқаррароти бандҳои 5 ва 6 Фармони мазкур таҳия ва тасдиқ намояд;
- қоидаҳои бартараф намудани номутаносибии музди меҳнати кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитариро таҳия ва тасдиқ намояд;
- қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнати, кӯмакпули барои корношоямии муваққати, кӯмакпули барои истироҳат, кӯмакпулии товони зарари саломати ва дигар ҳолатҳое, ки ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд, таҳия ва тасдиқ намояд;
- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати иҷрои Фармони мазкурро дар доираи маблағҳои ба ин мақсад дар Буҷети давлати тасдиқшуда таъмин намояд.
9. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 1996 № ФП-583 "Дар бораи тасдиқи маоши вазифавии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1997 № ФП-810 "Дар бораи музди меҳнати вазифавии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2002, № АП-825;
- замимаи № 3 ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2002 № ФП-1035 "Оиди ворид намудани тагйироту иловаҳо" ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли соли 2000 № ФП-84 "Масъалаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- банди 15 Низомнома "Дар бораи тартиби ба хизматчиёни давлати додани рутбаҳои тахассуси ва иловапули барои онҳо", ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2003 № ФП-1122 тасдиқ карда шудааст;
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2004 № 1404 "Дар бораи ташкил додани системаи пардохти музди меҳнати хизматчиёни ҳарби, шахсони ҳайати катори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ".
10. Дар банди 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2003 № ФП-961 "Масъалаҳои дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "шартҳои пардохти музди меҳнат" хориҷ карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 20 марти соли 2006 № 1716
ш. Душанбе
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ,нафақа ва стипендия
Дар асоси моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳоли, тақвият додани нақши ҳавасмандкунии музди меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ах,оли фармон медикам:
1. Аз 1 апрели соли 2006 музди меҳнати ҳадди ақал ва нафақаи ҳадди ақал 66 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 20 сомони дар як моҳ муқаррар карда шавад.
2. Аз 1 апрели соли 2006 нақшаи музди меҳнати хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, хизматчиёни ҳарби, ҳайати шахсии қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура ва андозаи иловапули барои рутбаи тахассуси, собиқаи кори ва маош барои рутбаи ҳарби (махсус) мувофиқи замимаҳои №№ 1-39 муқаррар карда шавад.
3. Аз 1 апрели соли 2006 маоши вазифави ва ставкаҳои тарифии амалкунандаи кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлати маблағгузори мешаванд, ба андозаи зерин зиёд карда шаванд:
- кормандони соҳаи илм - 40 фоиз ва ҳамзамон музди меҳнати кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад;
- маоши вазифавии амалкунандаи директорон, муовинони директорони мактабҳои таҳсилоти умуми, мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакон ва роҳбарони муассисаҳои томактаби - 50 фоиз ва кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф - 40 фоиз ва ҳамзамон музди меҳнати мураббиёни муассисаҳои томактаби ба музди меҳнати муаллимони синфҳои ибтидои баробар карда шаванд;
- кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитари ба ҳисоби миёна 60 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурусти - 40 фоиз;
- кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимои - 40 фоиз;
- кормандони соҳаи фарҳанг - 40 фоиз;
- кормандони дигар соҳаҳои буҷети - 40 фоиз.
4. Аз 1 апрели соли 2006 андозаи амалкунандаи стипендияҳои Президенти, стипендияи аспирантҳо - 40 фоиз ва стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти оли ва миёнаи касби - 50 фоиз зиёд карда шаванд.
5. Аз 1 апрели соли 2006 андозаи нафақаҳои меҳнатии нафақухӯрон бо роҳи истифодаи коэффисиентҳои баландкунандаи музди меҳнате, ки аз онҳо нафақаҳо таъин ва бозҳисоби шудаанд, зиёд карда шавад.
6. Аз 1 апрели соли 2006 бо назардошти банди 5 Фармони мазкур нафақаи занони бесаробон ва яккаву танҳо ба андозаи 50 фоизи нафақаи ҳадди ақал зиёд карда шавад.
7. Аз 1 апрели соли 2006 андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ба маблағи 180 сомони дар як моҳ муқаррар карда шавад.
8. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- оид ба амали намудани Фармони мазкур чораҳои зарури андешад;
- қоидаҳои бозҳисобии андозаи нафақаҳоро бо назардошти муқаррароти бандҳои 5 ва 6 Фармони мазкур таҳия ва тасдиқ намояд;
- қоидаҳои бартараф намудани номутаносибии музди меҳнати кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитариро таҳия ва тасдиқ намояд;
- қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнати, кӯмакпули барои корношоямии муваққати, кӯмакпули барои истироҳат, кӯмакпулии товони зарари саломати ва дигар ҳолатҳое, ки ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд, таҳия ва тасдиқ намояд;
- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати иҷрои Фармони мазкурро дар доираи маблағҳои ба ин мақсад дар Буҷети давлати тасдиқшуда таъмин намояд.
9. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 1996 №ФП-583 "Дар бораи тасдиқи маоши вазифавии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1997 №ФП-810 "Дар бораи музди меҳнати вазифавии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2002, №АП-825;
- замимаи №3 ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2002 №ФП-1035 "Оиди ворид намудани тагйироту иловаҳо" ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли соли 2000 №ФП-84 "Масъалаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- банди 15 Низомнома "Дар бораи тартиби ба хизматчиёни давлати додани рутбаҳои тахассуси ва иловапули барои онҳо", ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2003 №ФП-1122 тасдиқ карда шудааст;
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2004 №1404 "Дар бораи ташкил додани системаи пардохти музди меҳнати хизматчиёни ҳарби, шахсони ҳайати катори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ".
10. Дар банди 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2003 №ФП-961 "Масъалаҳои дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "шартҳои пардохти музди меҳнат" хориҷ карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 20 марти соли 2006 № 1716
ш. Душанбе